Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи Ҳинд ба Тоҷикистон расид


Тими Ҳинд(акс аз бойгонӣ)

Тими Ҳинд(акс аз бойгонӣ)

Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҳиндустон барои ширкат дар бозии дӯстона ба Тоҷикистон омад.

Футболбозони Ҳинд рӯзи 9 август дар фурудгоҳи Душанбе пойин шуда, шоми ҳамон рӯз ба Хуҷанд парвоз карданд. Ба ҳайъат 31 нафар, аз ҷумла 20 футболбоз шомиланд.

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон (сармураббиаш Вилгелмус Якобус Куверманс аз Ҳолланд) дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум қарор дорад.

Бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ҳиндустон рӯзи чоршанбеи 14-уми август, соати 17 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд шурӯъ мешавад.

Пеш ин бозӣ, соати 15 барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова ва Нозияи Кароматулло барпо мегардад.

Ҳайати мунтахаби миллии Ҳиндустон:


Тими Ҳинд

Тими Ҳинд

дарвозабонҳо: Каранҷит Сингх («Салгаокар»), Сандип Нанди («Чёрчилл Бразерс»), Субхасиш Рой Чоудхури («Демпо»);

ҳимоятгарон: Дензил Франко («Чёрчилл Бразерс»), Нирмал Четтри («Мохун Баган»), Гоураманги Сингх («Праяг Юнайтед»), Арнаб Мондал, Раҷу Гаиквад (ҳарду - «Ист Бенгал»), Сандеш Чхинган («Юнайтед Сикким»);

нимҳимоятгарон: Маҳтоб Ҳусейн, Лалриндика Ралте (ҳарду - «Ист Бенгал»), Арата Изуми («Пуне»), Ленни Родригес («Чёрчилл Бразерс»), Ҷуэл Раҷа Шайх («Мохун Баган»);

ҳамлагарон: Фрэнсис Фернандес («Салгаокар»), Клиффорд Миранда («Демпо»), Доусон Фернандес («Спортинг клуб де Гоа»), Сунил Четри («Чёрчилл Бразерс»), Робин Сингх, Шило Малсавтлуанга (ҳарду - «Ист Бенгал»).

Мӯҳсин Муҳаммадиев , сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар доираи омодагии дастааш ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 25 футболбозро даъват кардааст.

Аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – 10 нафар, аз тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – 5- нафарӣ, аз дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Слобода»-и Сербия, «Жетису»-и Қазоқистон ва «Газовик»-и Оренбурги Русия якнафарӣ даъват шудаанд.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон:


Тими Тоҷикистон ҳангоми тамрин

Тими Тоҷикистон ҳангоми тамрин

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»), Алишер Шарифов («Парвоз»);

нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарчор – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»).

Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков ва мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов, инчунин, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров мебошанд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷараёни омодагӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон ду бозии санҷишӣ анҷом дод: мунтахаби Тоҷикистон – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 4:1, мунтахаби Тоҷикистон – мунтахаби бошгоҳҳои кишвар – 2:2.


Фатҳулло Фатҳуллоев баъди голи задааш ба дарвозаи Ҳинд дар бозии соли 2008

Фатҳулло Фатҳуллоев баъди голи задааш ба дарвозаи Ҳинд дар бозии соли 2008

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми августи соли 2008 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар доираи сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Баъди 12 рӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2008 боз бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 4:1 ба охир расид.

Бозии севуми футболбозони тоҷику ҳинд дар доираи сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 рӯзи 9-уми марти соли 2012 дар пойтахти Непал – Катманду бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 поён ёфта буд. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов ва Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳристи FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 114-ум ва тими миллии Ҳиндустон дар мақоми 145-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG