Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон пажуҳишгарон, хабарнигорон ва коршиносон бурду бохти кишварро дар чоряк аср ба тарозуи таҳлил мегузоранд ва хубу бади онро раддабандӣ мекунанд.

Дар ин раддабандӣ хатми ҷанг ва маҳви ҷангсолорӣ, истиқлолияти сиёсиву фарҳангӣ, таҳкими амният ва қисман берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз дастовардҳо ва бекориву мушкили иқтисодӣ ва маҳдудияти фазои сиёсӣ аз чолишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон мешавад.

Брюс Паннир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, мегӯяд, "дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон лаҳзаи муҳимтарин имзои созишномаи сулҳи соли 1997 буд. Ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт ва ин як қаҳрамонӣ буд. Вале бадтарин марҳила дар таърихи Тоҷикистон соли гузашта буд, вақте ҳукумат ҲНИТ-ро аз кишвар ронд ва онҳоро террорист унвон кард. Ин амал дар оянда метавонад суботро дар кишвар баҳам занад", - мегӯяд Брюс Паннир.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Брюс Паннер.

Брюс Паннер.

Баъди соли 1997 низоми бисёҳизбӣ дар Тоҷикистон аз бартариҳо ва вуҷуди ҳизбҳои мухолиф дар порлумон аломати рушди демократӣ унвон мешуд ва Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Узбакистону Туркманистон ва ҳатто Қазоқистон болотар мегузошт. Аммо, ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров, ҳоло дигар дар Тоҷикистон ҳизби мухолифи воқеӣ вуҷуд надорад ва дар фазои сиёсӣ ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ яккатоз аст.

"Аз байн рафтани ҳизби наҳзати исломӣ имкон дод, ки ҳукумат барои дар мақоми худ як умр боқӣ мондани президенти имрӯза шароит фароҳам шавад ва аз тариқи ҳамапурсӣ дар моҳи май ин амр қонунӣ гардад. Имрӯз дар фазои сиёсии Тоҷикистон муборизаи сиёсӣ дида намешавад, чунки имконият барои чунин мубориза вуҷуд надорад. Агар фазои феълии сиёсии Тоҷикистонро бо як калима шарҳ диҳем, ин яккатозӣ хоҳад буд. Яккатозӣ дар ҳамаи бахшҳо. Ҳоло давлат барои нест кардани мухолифони сиёсӣ талош мекунад. На танҳо ҳизби сиёсӣ, балки шахсиятҳои алоҳида таҳти фишори давлат ҳастанд ё аз кишвар берун мераванд, ё аз бозиҳои сиёсӣ хориҷ мешаванд ва хомӯшӣ ихтиёр мекунанд", - шарҳ дод Абдумалик Қодиров.

Таҳдидҳои амниятӣ ҳамқадами истиқлолият бузургтар мешаванд

Артиши Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 дар пораҳои шикастаи артиши қаблӣ бунёд шуда, бо он ки камтарин таъминотро дорад, дар қаламрави Осиёи Марказӣ ягона нерӯест, ки дар рӯёрӯиҳои воқеӣ таҷрибаи ҷангӣ гирифтааст. Соли 2005 Тоҷикистон марзҳои худро аз таҳти назорати нерӯҳои Русия берун овард ва бо кумакҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида дар таҳкими марз муваффақ шуд.

Ҳоло таҷаммӯи ҷангиёни Толибон ва ДИИШ дар он сӯи марз аз чолишҳои ҷиддии Тоҷикистон унвон мешаванд. Коршиносони низомӣ (гузориши “The military balance-2016”) мегӯянд, бо 8800 нерӯ, артиши Тоҷикистон яке аз заифтарин артишҳо дар қаламрави Шӯравии собиқ боқӣ мемонад, ки дар сурати таҳдидҳои эҳтимолӣ метавонад ба ёрии созмони низомии Паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) ва ҳам нирӯи 7000-нафараи пойгоҳи 201-уми Русия умед бандад.

Коршиносон мегӯянд, ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон он ҷомеае босавод ва дунявие нест, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос гирифта буд. Он насл ҳоло бознишаста аст ва насли наве, ки бузуг шудааст, аксаран мазҳабӣ, камсавод, бо имкониятҳои маҳдуд ва пайваста дар ҷустуҷӯи кор аст. Бахши бузурги ин насл аз дахолати ҳукумат ба умури мазҳаб норозӣ аст. Дар ду соли охир ҷанҷоли ришу сатр, ки ҳукумат онро ҳифзи арзишҳои дунявӣ ва мусалмонҳо маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳбаиашон медонанд, ба сархати матбуоти ҷаҳонӣ баромад ва Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои саркӯбкунандаи мазҳаб ворид кард.

Айни замон, ба қавли бархе коршиносон, маҳз дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист ба истиқлолияти фарҳангӣ даст ёбад. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж", мегӯяд, дар ин солҳо забони давлатӣ дар кишвар хеле пешрафт кард ва ҳоло аксар тасмимгириҳо дар ҳукумат то соҳаи илму маориф ба забони тоҷикӣ сурат мегирад.

Мубориза бо ифротгарӣ ё параноя?

Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки фазои сиёсии Тоҷикистон бо маҳдудиятҳо дар бахши озодии виҷдон олуда буда ва радикализми дунявӣ зери шиори мубориза бо радикализми динӣ пеш меравад. "Мавридҳои риштарошӣ, ҳиҷобкашӣ, манъи фурӯши либоси исломӣ ва мамнӯъ шудани рафтани ҷавонони зери 18 сол ба масҷид нишонаҳои муборизаи радикализми дунявӣ алайҳи радикализми динӣ аст. Ин нишонаи он аст, ки Тоҷикистон батадриҷ сӯи низоми авторитарӣ меравад", - мегӯяд ӯ.

Абдулмалик Қодиров

Абдулмалик Қодиров

Агар талошҳои ҳукумат то ҷое ришу сатрро кам карданд, вале натавонистанд аз пайвастани садҳо шаҳрванди кишвар ба ҷангҳои Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунанд. Бо таъйини полковники фирории вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ба мақоми фармондеҳи ДИИШ, коршиносон афзоиши тоҷикҳоро дар сафи ин гурӯҳ пешгӯӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд, шояд Ҳалимов ва "ҷиҳодиҳои тоҷик" дар кӯтоҳмуддат барои Тоҷикистон хатар надошта бошанд, аммо вақте дасти онҳо дар Ховари Миёна кӯтоҳ мешавад, эҳтимол дорад ба Афғонистон, ба наздиктари Тоҷикистон интиқол ёбанд ва таҳдидҳоро бештар кунанд. Аксари коршиносн мегӯянд, ки фақру бекорӣ ва иқтисоди рушднаёфтаи Тоҷикистон омилест, ки амниятро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад.

Берун шудан аз бунбаст

Дастовардҳои муҳими истиқлол аз назари коршиносон татбиқи стратегияи бунёди роҳҳо буд, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овард ва бо Чин пайваст. Бо кумаки сохторҳои молии байналмилалӣ дар ин солҳо гузаргоҳҳои муҳиме бунёд шуд, ки Душанберо бо шарқу шимол ва ҷануби ин кишвар тавассути нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар, Чормағзак, Шаҳристон, роҳҳои оҳани Ваҳдат-Ёвон ва автомобилгарди Қулма-Қароқурум ва Душанбе-Ҷиргатол пайваст.

Дар ин муддат Чин ба яке аз шарикони калидии иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон табдил шуд ва маблағгузории аксари ин тарҳҳоро ба ӯҳда гирифт. Бархе таҳлилгарон дар ин замина аз нуфузи афзояндаи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Вале мақомоти тоҷик бо назардошти мушкилоти пасисаршуда дар амри амалишавии тарҳҳои умдаву серхарҷи мухобиротиву энергетикӣ ба ҳамкории васеи Тоҷикистон бо шарикони мухталиф таъкид мекунанд.

Умед Давлатзода

Умед Давлатзода

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод мегӯяд, "то истиқлол минтақаҳои Тоҷикистон 6 моҳ дар як сол бо ҳам робита надоштанд. Роҳу нақбҳо сохта шуд ва ҳоло дар тамоми фаслҳои сол рафтуомад ба ҳамаи минтақаҳо таъмин аст. Шабакаи ягонаи энергетикӣ дар кишвар сохта шуд, ки пештар набуд. Ҳарчанд истиқлолияти пурраи энергетикӣ ба даст наомадааст, аммо якчанд нерӯгоҳҳои нав сохта шуданд."

Бо ин ҳама иқтисод дар солҳои 2000-ум ва баъди он арсаи аслии пурчолиши Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кишвар ҳанӯз ҳам содиркунандаи ашёи хом, мисли пахтаву аллюминий аст, ки дар бозор нархи собит надорад. Пули нақде, ки ҳукумат сари он ҳисоб меунад, маоши муҳоҷирони корӣ аст, ки баъди коҳиши шадид ба думболи бӯҳрони иқтисодии Русия акнун каме ба боло ҳаракат кардааст.

Дар солҳои баъди истиқлолият нирӯгоҳҳои нисбатан азими «Сангтуда-1» ва «Сангтӯда-2», марказҳои гарму барқидиҳии 1 ва 2 дар Душанбе ба кор даромаданд ва нерӯгоҳҳои азиме мисли Норак, Қайроқум ва Сарбанд фаъол шуда, вале дар таъмини бетанаффуси барқ ба корхонаву аҳолӣ қодир нестанд. Аҳолӣ ҳоло низ дар фасли сармо аз рӯи реҷа барқ мегирад. Камбуди барқ аз масъалаҳоест, ки сокинонро аз ҳукумат норозӣ кардааст.

Фасод - тормози иқтисод

То ҳол касе ҳисоб накардааст, ки солона шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти худ ба мақомот чӣ қадар ришва медиҳанд. Аммо аз рӯи маблағи парвандаҳои фурӯши ғайриқонунии замин, пора барои бастани парвандаҳои ҷиноӣ, боздошти мақомҳои баландпоя бо ҷурми фасод тахмин задан душвор нест, ки ин маблағ ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

Рустами Эмомалӣ.

Рустами Эмомалӣ.

Аксари шаҳрвандон дар сӯҳбат бо хабарнигорон мегӯянд, ки дар кишвар ҳеҷ коре бе додани ришва ҳал карда намешавад. Аз сӯи дигар, ҳукумат аз халқ домангир аст, ки бо додани ришва фасодкориро рушд медиҳад. Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо таъйини шахси боварбахи худ, писари бузургаш Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ аз мубориза бо фасод аломат дод. Ба дунбол баъзе мақомҳои зинаи поёнӣ бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шуданд, вале на ҳама парвандаҳо то додгоҳ расиданд.

Фишор ба матбуот

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар ин кишвар садҳо матбуоти мустақил ва созмонҳои маданӣ зуҳур карданд. Дар бозори расонаҳо радиову телевизионҳои ғайридавлатӣ ҳам то андозае пешрафт карда, ба қавли мунтақидон тавонистанд дар даҳаи аввали солҳои 2000-ум маҳаки аслии ҷомеаи шаҳрвандии ин кишварро ташкил кунанд.

Вале баъди ҳодисаҳои сентябри соли 2015, ба қавли созмонҳои байналмилалии озодии баён, матбуоти тоҷик ба худсонсурӣ гузашт. Бо ҳодисаҳое, ки мақомот ҳамчун «кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба раҳбарии генерал Назарзода» унвон карданд, ба назари коршиносон, як марҳилаи ҳамзистӣ бо мухолифони ҳукумати Тоҷикистон пӯшида шуд.

Максим Шевченко.

Максим Шевченко.

Максим Шевченко, як таҳлилгари рус мегӯяд, дар Тоҷикистон дар 25 соли истиқлолият "мудирият бар пешрафту рушд бартарӣ доштааст": "Аввал ҷанги шаҳрвандӣ буд, баъд созишномаи сулҳ имзо шуд. Баъд ин созишнома қатъ шуд ва мухолифин берун карда шуданд. Соли гузашта мо шоҳиди фишорҳои шадид шудем. Ҳамеша мудирият бар пешрафту рушд бартарӣ доштааст. Вақте мудирият муҳимтар аз пешрафт мешавад, натиҷааш ҳукумати худкома мешавад".

Ба қавли нозирон, баъди чоряк асри таҷрибаи истиқлолият ҳамакнун шакл ва намои сиёсии Тоҷикистон бо рангу бӯи дигари сиёсӣ ҷилва хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG