Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бойгонии Шакурӣ ба кӣ мерасад: Эрон ё Тоҷикистон?


Бо гузашти як сол аз даргузашти Муҳаммадҷон Шакурӣ-шахсияти барҷастаи илмиву фарҳангии тоҷик сарнавишти бойгонии вай номаълум боқӣ мондааст.

Лекин Дилафрӯз Икромӣ-хонуми устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, устод васиятномае ба номи вай боқӣ гузоштааст. Дар васиятнома роҷеъ ба сарнавишти ин бойгонӣ, ки аз осори мухталиф иборат аст, чӣ гуфта шудааст ва сарнавишти китобҳо ва осори гаронбаҳо, ки устод тамоми умр гирдоварӣ ва ҳифз карда буд, баъд аз сари эшон чӣ хоҳад шуд? Дар посух ба ин суол хонум Дилафрӯз Икромӣ чунин гуфт:

Дилафрӯз Икромӣ: Писарони устод ҳам омаданд ва ман дар бораи сарнавишти ин бойгонӣ бо онҳо ҳам машварат кардам. Ман дар муддати 11 моҳ китобҳо ва маводи бойгониро рӯйхат карда ба онҳо мӯҳр монда истодаам. Вақте, ки кор бо китобҳоро ба поён расондам, осори хаттиашонро сар мекунам. Бино бар ин то ҳамин корҳоро анҷом надиҳам, набояд аз хона чизе берун барояд. Бо ин фикри ман фарзандонашон ҳам розӣ шуданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим



Озодӣ: Ҳифзу муроқибати чунин бойгонӣ барои як шахс ё хонавода кори мушкилест. Оё шумо ба мақомоти Тоҷикистон, масалан ба вазорати фарҳанг ё муассисаҳои дигар муроҷеа хоҳед кард, ки дар ҳифзи бойгонӣ кӯмак кунанд ё шояд аз кишварҳои хориҷӣ хоҳишманди гирифтани ин бойгонӣ бошанд?

Дилафрӯз Икромӣ: Ба ҳеҷ ҷой муроҷиат накардаем. Вале худи устод дар васиятномае, ки барои ман навишта буданд, дар он ҷо гуфта шудааст, ки агар касе осорхонаро талаб кунад, масалан ё аз пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт ё аз Китобхонаи миллӣ ҳамааш бояд яклухт дода шавад. Бинобар ин ман бояд ҳамаи ин маводро аз назар гузаронам, нависам, мӯҳр монам. Барои ҳамин ман то ҳол ба ҳеҷ ҷо муроҷиат накардаам ва онҳо ҳам ба ман муроҷиат накардаанд. Дар васиятнома навиштаанд, ки агар ягон кас муроҷиат накунад, шумо мероси манро яклухт..., яклухт ба Эрон диҳед, чунки он кас узви Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон ҳам буданд. Аммо китобҳои эрониро ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон супоред. Ман ҳамин васиятномаро ба сафири Эрон нишон додам, ки вай дар ҷараён бошад. Аммо ман то ҳол ягон хасро аз китобхонаи устод ба ягон кас надодаам.

Озодӣ: Дар ин китобхона тақрибан чанд ҳазор нусха маҳфуз аст?

Дилафрӯз Икромӣ: Китобҳои як тарафи хона 7,5 ҳазор нусха шуд. Ман бо фарзандон тахмин задем, бояд ҳамааш 14 ҳазор нусха шавад.

Озодӣ: Оё дар ин бойгонӣ китобҳои қадимӣ ҳам ҳаст, ки устод аз Бухоро оварда бошанд?

Дилафрӯз Икромӣ: Бале, китобҳои қадимӣ ҳам ҳаст, китобҳои бисёр нодир ҳам ҳаст. Фотокопияҳои осори Садри Зиё ҳаст. Танҳо фотоархиви эшон таърихи як адабиётро нишон медиҳад.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толоре ба номи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ боз шавад ва ҳамаи ин осор дар он ҷо яклухт нигаҳдорӣ шавад?

Дилафрӯз Икромӣ: Агар ҳамаашро гиранд, ман бо камоли майл медиҳам. Дар ин ҷо китобҳо, дастхатҳо ва фотоархив ҳаст. Ҳамаи инро агар гиранд, ман бо ҷону дил медиҳам.

Озодӣ: Вале агар яклухт нагирифтанд, дар он сурат чӣ тавр хоҳад шуд?

Дилафрӯз Икромӣ: Ман розӣ намешавам.

Озодӣ: Вале он гуна, ки дар васиятнома омадааст, шумо розӣ хоҳед шуд, ки ба Эрон диҳед?

Дилафрӯз Икромӣ: Бале, бале. Аммо то ҳол ба ман шахсан чунин пешниҳод нашудааст.

Озодӣ: Вале дар ин бора гуфтугӯҳо ҳаст?

Дилафрӯз Икромӣ: Гуфтугӯҳо буданд ва гуфтугӯҳо ҳаст. Аммо яклухт тамоми маводро гирифтан.... ҳоло ман намедонам. Агар ба ман пешниҳод кунанд, ки тамоми ин маводро мегиранд, ман ба онҳо медиҳам.
XS
SM
MD
LG