Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шоҳиди парвандаи куштори Немтсов нопадид шуданд


Ду шоҳиди парвандаи куштори Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи Кремлин, якбора нопадид шудаанд. Дар ин бора намояндаи додситонӣ дар мурофиаи додгоҳи низомии Маскав хабар дод. Бино ба маълумоти нашрияи "Новая Газета", додгоҳ натавонист ронандаи мошини барфрӯбиро, ки ҳангоми куштори Немтсов дар пули Москваретский кор мекард ва, ҳамчунин, як раҳгузарро, ки аз ҷойи ҳодиса дур шудани мошинро бо айбдоршавандаҳо дидааст, ба шоҳидӣ даъват кунад.

Субҳи 6 декабр додгоҳ талаби вакили хонаводаи Немтсовро дар мавриди ба додгоҳ даъват кардани Руслан Геремеев, афсари гурӯҳи вижаи Вазорати умури дохилии Чеченистон, ки тафтишот ӯро фармоишгари куштор медонад ва фармондеҳи ӯ Алибек Делимхоновро пазируфт. Ҳимоятгарон ҳамчунин ба зарурати бозпурсии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, намояндаи Думаи давлатӣ Адам Делимхонов ва сенатор Сулаймон Геремеев пофишорӣ карданд, аммо додгоҳ ин дархостро рад кард.

Борис Немтсов 27 феврали соли 2015 бо зарби гулӯла ба қатл расид. Бо иттиҳоми ин куштор Заур Додоев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темирлан Аскархонов ва Ҳамзат Бахаев боздошт шуданд. Хешовандони Немтсов мегӯянд, ки дар куштори ӯ Рамазон Қодиров даст дорад.

XS
SM
MD
LG