Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мо дар Русия кор мекунему чиноиҳо - дар Тоҷикистон"


Коргарони Чин дар як сохтмони роҳ дар Тоҷикистон

Коргарони Чин дар як сохтмони роҳ дар Тоҷикистон

Солҳои ахир дар Тоҷикистон сохтмонҳои муҳимро ба ширкатҳои чиноӣ месупоранд.


Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов

Ширкатҳои дигари хориҷӣ, аз қабили туркиву эронӣ низ ҳастанд, вале вижагии сохтмонҳои чиноӣ ин аст, ки онҳо дар ин сохтмонҳо аслан шаҳрвандони худро ба кор мегиранд ва онҳоро аз Чин меоранд.

Фирӯз Саидов - таҳлилгари иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳои чиноие, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, шарт мегузоранд, ки бояд ҳатман мутахассисони чиноӣ дар иҷрои чунин тарҳҳо ширкат варзанд. Оқои Саидов меафзояд, кори чиноиҳо нисбат ба кори тоҷикон бартарӣ дорад, яъне онҳо зудкор ҳастанд ва кор дар муддати кӯтоҳ иҷро шуда ва арзиши сохтмон гарон намешавад. Вай сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро намуна меорад: “Аз ҷиҳати арзиши қувваи корӣ хитоиҳо нисбат ба ширкатҳои дигар арзонтаранд. Сохтмонро нисбатан тез тамом мекунанд. Китобхонаи миллиро дар муддати кӯтоҳ сохтанд. Агар ширкатҳои дигар мебуданд, сохтмон солҳои дароз давом мекард ва арзиши аслии он гаронтар мешуд.”

Оқои Саидов ҳамчунин аз нақбҳои мошингузари сохти Чин дар ағбаҳои Шаҳристону Шаршар ва Майхӯра ёдовар мешавад ва кайфияти сохтмони онҳоро бо нақби “Истиқлол” муқоиса мекунад, нақбе, ки Эрон сохт.

Дар гузаштаҳо мардуми Тоҷикистон дар чунин сохтмонҳо бештар русҳоро медиданд, вале акнун ҷои онҳоро тадриҷан чиноиҳо ишғол мекунанд. Дидани чиноиҳо дар солҳои аввал ғайримаъмулӣ ба назар мерасид, вале акнун чашми мардум ба он одат кардааст ва онҳоро тақрибан дар ҳар минтақаи Тоҷикистон дидан мумкин аст.

Бӯрихон Нурмуҳаммадов - раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти миллии Қазоқистон мегӯяд, ҳоло Русия имконоту тавоноиеро, ки дар сохтмонҳо дар давраи Шӯравӣ дошт, аз даст додааст. Масалан, сармоягузориҳое, ки Чин дар зербинои Тоҷикистон, яъне дар сохтмони роҳҳо кардааст, Русия ҳеҷ гоҳ ба чунин кор розӣ намешавад.

Аммо тарафи дигари масъала низ ҳаст. Ҳамзамон бо афзоиши сармоягузорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, ҳузури Чин дар кишварҳои Осиёи Миёна тавсеа меёбад ва бозорҳои дохилии кор ва тавлидот мумкин аст тадриҷан зери нуфузи ин "ғӯл"-и бузурги иқтисодии минтақа қарор бигирад. Дар чунин ҳолат тавлидкунандаи дохилӣ муфлис мешавад.

Таҳлилгарон ин имконро низ истисно намешуморанд, ки кишвари сармоягузор, мисли Чин, бо гузоштани сармоя дар ҳар ҷо мехоҳад барои шаҳрвандони худ ҷои кор низ ба вуҷуд орад. Вале кишварҳои хурде мисли Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Чин бояд модели муносиби ҳамкорӣ бо ин кишварро пайдо ва меъёрро риоят кунанд.

Нурмуҳаммадов мегӯяд, танҳо бо қабули қонунҳои зарурӣ аз чунин раванд пешгирӣ кардан мумкин аст: “Кӯшишҳо барои ҳимояи тавлидкунандагони худ ва захоири нируи корӣ бояд ар мадди аввал қарор бигирад. Ба ҳамин сабаб ҳар кишвар ҳақ дорад, ки меъёри нируи кории хориҷиро худаш таъйин кунад ва тавассути қабули қонунҳо дар бораи ҳадди нисоб ё квотаи нируи кории хориҷӣ раванди вуруди онҳоро бо қонунҳо танзим кунад.”

Дар Қазоқистон чунин қонун ба тасвиб расидааст ва он ҳамаи бахшҳои иқтисодро дар бар мегирад. Ин қонун на танҳо ба Чин, балки ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ тааллуқ дорад. Дар сурати афзоиши беш аз меъёри нирӯи кории хориҷӣ қонун “ба кор” медарояд.

Вақте ки кишварҳо дар бораи сиёсати дарҳои боз ва дар бораи бозори озод сӯҳбат мекунанд, бояд ин нуктаро низ дар назар бигиранд, ки тавлидот дар кишварашон муназзам аст ва колои дохилии онҳо бо колоҳои воридотии хориҷӣ рақобатпазир мебошанд. Вале дар марҳилаи кунунӣ Чин дар ин замина бар кишварҳои Осиёи Марказӣ бартарӣ дорад.

Камолиддин Рабимов - таҳлилгари узбаки муқими Фаронса бо назардошти имконоти сармоягузориҳои Чин дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон чунин мегӯяд: “Ин нукта бояд дар назар гирифта шавад, ки Чин дар ҳар кишвари ҷаҳон аввал аз стратегияи барқарор кардани тавоноии иқтисодӣ кор мегирад ва сипас ин тавоноиро ба омили таъсиргузори геополитикӣ табдил медиҳад. Солҳои ахир Чин ба бузургтарин сармоягузор натанҳо дар ҳамсоягии худ, балки дар кишварҳои Африқоӣ ва Амрикои Лотин табдил ёфтааст.”


Коргарони Чин боз дар як сохтмони дигари Тоҷикистон

Коргарони Чин боз дар як сохтмони дигари Тоҷикистон

Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сегонаи кишварҳои сармоягузор, ҳамкори иқтисодӣ ва тарафи тиҷоратӣ дохил мешавад. Ба ақидаи оқои Рабимов, Чин бо истифода аз нуфузи худ дар иқтисод мумкин аст аҳромҳои иқтисодиро тадриҷан барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода кунад. Вазъи мавҷудаи иҷтимоӣ ва муҳити сармоягузорӣ кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамин самт мебарад ва чунин вазъ онҳоро ташвиқ мекунад, ки бештар бо Чин ҳамкорӣ дошта бошанд.

Аммо Узбакистон дар қиёс бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Чин сиёсати “каҷ дору марез”-ро пеш гирифтааст ва нухбагони сисёсии ин кишвар бар инанд, ки набояд дарҳоро пурра бар рӯи Чин боз кард. Оқои Рабимов мегӯяд, агар барои сохтмони иншооте озмун эълон шавад, Узбакистон бештар ширкатҳои аврупоӣ ё амрикоиро интихоб мекунанд, ҳатто агар ширкатҳои чинӣ гоҳо сармояи бештарро ваъда диҳанд. Ширкатҳои Узбакистон талош мекунанд, аз сармоягузорони чиноӣ худро дур гиранд.

Бо вуҷуди ин сол то сол Чин дар Узбакистон низ бо сармоягузориҳояш ҷои пои худро устувор кардааст. Узбакистон сармояи Чинро роҳ медиҳад, вале шарту шароити онро дар бораи овардани коргарон аз Чинро қабул надорад. Чин бо чунин шароити пешниҳодкардаи ҳукумати Узбакистон ҳеҷ гоҳ вориди баҳс намешавад ва ҳамеша талош мекунад, ки бо шароити пешниҳодшуда худро мутобиқ созад,зеро Узбакистон далел меорад, ки нирӯи кории кофӣ дорад ва ҳатто шаҳрвандонаш дар Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷири корӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG