Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили хуби ғалла дар Тоҷикистон ордро арзон хоҳад кард?


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҳосили ғалладона назар ба соли гузашта бештар шуда, эҳтимол дорад ба нархи орд ва маҳсулоти ордӣ таъсири мусбат расонад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки мумкин аст, имсол ҳосили ғалладона дар кишвар назар ба соли гузашта зиёдтар шуда, ба арзон шудани орд дар тирамоҳи имсол мусоидат кунад. Дар дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 4 август ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки то 3 август дар саросари кишвар 680 ҳазору 578 тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47 ҳазору 300 тонна зиёдтар аст.

Ба гуфтаи мутахассисони ин вазорат, ҳавои мусоиди баҳорӣ ба деҳқонони тоҷик имкон додааст, ки масоҳати кишти ғалладонаро зиёд кунанд ва аз ин сабаб мумкин аст, ҳосили гандум дар Тоҷикистон афзоиш ёбад. Деҳқонони тоҷик то ҳол тавонистаанд, аз ҳар гектар 28,3 сентнер ва ё 2 тоннаву 800-килоӣ гандум, шолӣ, ҷав ва дигар анвои ғалладона бигиранд.

FEWS NET, як шабакаи мустақили амрикоӣ, ки вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистонро низ мушоҳида мекунад, бо нашри иттилоияе гуфтааст, бо назардошти афзоиши ҳосили ғалладона эҳтимол дорад, "баъди хатми ҷамъоварии ҳосил нархи орд дар кишвар" поин равад. Аммо ба гуфтаи мутахассисони FEWS NET, қимати орд дар Тоҷикистон ба каму зиёд шудани ҳосили ғалладона дар Қазоқистон, фурӯшандаи асосии орду гандум ба Тоҷикистон ва қурби сомонӣ низ вобастааст.

Ҳарчанд имсол дар Қазоқистон гандуми камтар истеҳсол шудааст, вале пешбинӣ намешавад, ки ба нархи орди воридотӣ ба Тоҷикистон таъсири зиёд расонад. Бо ин ҳол, омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ниҳоӣ нест ва омори расмӣ дар бораи истеҳсоли гандум пас аз ҷамъоварии ҳосил дар саросари кишвар баъд аз моҳи сентябр эълон хоҳд шуд. Дар зимн, вазорати мазкурро дар гузашта барои оморҳои барзиёд танқид кардаанд.

Дар Тоҷикистон аксарияти аҳолии фақиру эҳтиёҷманд бештар аз нисфи пули буҷаи хонаводаро барои харидани маводи ғизоӣ сарф мекунанд ва хӯроки асосиашон нону ғалладона аст. Дар Тоҷикистон мардуми камбизоат 54 дарсади калорияи лозим барои худро аз нону маҳсулоти ордӣ мегиранд. Аз ин рӯ, ҳама гуна тағйир дар нархи орд ба дастархони мардум таъсир хоҳад дошт.

Соли гузашта ба гуфтаи Кумитаи омор дар Тоҷикистон хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонони алоҳида 935 000 тонна гандум ҷамъ оварданд, вале ҳоло маълум нест, ки имсол ин рақам ба 1 миллион тонна хоҳад расид ё не. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои қонеъ кардани ниёзи дохилӣ бо орд, дар кишвар бояд бештар аз 1 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ шавад.

Вазорати кишоварзӣ соли гузашта гуфт, ки ният дорад, дар солҳои 2015 ва 2016 тавлиди гандумро тақрибан ба як миллион тонна бирасонад, вале бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ эҳтиёҷ ба воридот дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Танҳо 6 моҳи гузашта кишвар аз хориҷ ва бахусус аз Қазоқистон бештар аз 395 000 тонна гандум ворид кардааст.

Маҳз пойбандӣ ба хариди гандум аз хориҷ, ки асосан бо доллар сурат мегирад, имсол сабаби афзоиши нархи орд дар Тоҷикистон шуд. Поин рафтани қурби сомонӣ имсол сабаб шуд, ки арзиши як халта орд дар кишвар аз 128 то ба 166 сомонӣ бирасад.

XS
SM
MD
LG