Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири молияи Тоҷикистон ин шубҳаҳоро, ки гӯё афзоиши кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст, рад кард

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи сешанбе 5-уми феврал дар ҳоле, ки қарордоди кӯмакҳои нав ва ройгони Бонки Ҷаҳониро ба маблағи беш аз 45 миллион доллари амрикоӣ имзо мекард, гуфт, ин имдод дар чаҳорчӯби барномаи сесолаи ҳамкориҳои дуҷониба анҷом мешавад ва ҳеҷ рабте ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" надорад.

Ҷаноби Наҷмиддинов аз ҷумла афзуд, «дар доираи ин ҳамкорӣ, лоиҳаҳо аз рӯи афзалиятҳо интихоб мегарданд, ки барои пешгири намудани сохтмони "Роғун" ягон муносибат надорад. Мо воқеан бо Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи баҳогузории "Роғун" ва инчунин кам намудани талафоти барқро дар Тоҷикистон дорем, ки ҳар яке барномаҳои алоҳида аст.»

Бонки Ҷаҳонӣ аз тариқи гранти навбатии худ мехоҳад дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 770 ҳазор ҷои кории нав муҳайё кунад ва то 5 соли дигар ҳосилнокии заминҳои киштро даҳ дарсад боло барад.

Маросими имзои қарордод миёни Бонки ҷаҳонӣ ва вазорати молияи Тоҷикистон. 5-уми феврали соли 2013

Маросими имзои қарордод миёни Бонки ҷаҳонӣ ва вазорати молияи Тоҷикистон. 5-уми феврали соли 2013

Ба гуфтаи Марша Оливе, раҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳадафи бонк аз ин маблағгузориҳо, рушди саноати Тоҷикистон ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоии қишри нодори ҷомеа аст ва на бештар аз ин.

Хонум Оливе дар ин замина гуфт, «ноустувории нархи ғизо барои Тоҷикистон аз мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад, зеро он ба ашхоси алоҳида ва хонаводаҳои бахусус рустоҳо хатарҳои иловагиро пеш меорад. Азбаски хонаводаҳо дар Тоҷикистон беш аз нисфи буҷаи худро барои ғизо масраф мекунанд, мо тасмим гирифтем бо роҳи фароҳам овардани шуғли муваққатӣ барои оилаҳо, дар рустоҳо на танҳо даромади иловагиро таъмин кунем, ҳамчунин дастрасӣ ба обёриро низ беҳтар намоем. »

Кӯмаки навбатии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки ним сол пеш, ин созмони молии ҷаҳонӣ барои таъмини дастрасии мардуми вилояти Хатлон ба оби поки ошомиданӣ, 12 миллион доллар ва ба хотири идомаи Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ ихтисос дода буд.


Афзоиши бесобиқаи ёриҳои Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз он ба мушоҳида расид, ки бо дархости ин бонк қисми зиёди корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" қатъ ва чандин ҳазор нафар аз коргарони ин муассиса таътил шуданд.

Ду сол пеш Бонки ҷаҳонӣ ба ташхиси фарогири тарҳи «Роғун» оғоз кард, ки интизор меравад, ба баҳси байни Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, хотима гузорад. Дар ин муддат ҳарду ҷониб гурӯҳи коршиносони бонкро ба тарафдорӣ аз мавқеи мухолифи худ айбдор кардаанд.

Узбакистон шадидан мухолифи бунёди ин нерӯгоҳ аст ва ҳарос дорад, ки обанбори "Роғун" сабаби коҳиши маҷрои об ба Узбакистон мешаванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро беасос медонанд ва мегӯянд, омодаи инанд, ки нигарониҳо аз тарафи ҳайати бетараф баррасӣ шаванд. Коршинсонони Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ошкоро нагуфтаанд, ки бояд аз тарҳи “Роғун” даст кашид, вале таъкид кардаанд, ки беҳтар аст, ба нерӯгоҳҳои хурд баратарӣ дода шавад.

Дар ҳамин ҳол Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик бар ин аст, ки Тоҷикистон хоҳу нохоҳ гаравгони маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ мешавад. Ӯ аз ҷумла гуфт, «Бонки ҷаҳонӣ танҳо хазинадор аст. Ин ниҳод худсарона маблағро ба Тоҷикистон надода, балки дар асоси дархости сохторҳои мувофиқ, пул ҷудо мекунад ва ҳар бадбахтие мешавад, аз худи мо сар мезанад. Ва воқеият ҳамин аст, ки иқтисод ва сиёсати давлатии мо гаравгони ин маблағҳо мегардад. »

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик, ки сиёсатҳои Бонки Ҷаҳониро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, бовар надорад, ки ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ кӯмакҳои худро ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода барад. Гузашта аз ин ба таъкиди ҷаноби Саидов, Бонки Ҷаҳонӣ аллакай мавқеи худро дар нисбати бунёди «Роғун» рӯшан кардааст.

Фирӯз Саидов ҳамчунин гуфт, «ин ниҳод, институти иқдисодӣ аст ва мақсади асосии он дар Тоҷикистон кам кардани камбизоатӣ мебошад, ки мо бе қувваи барқ ин мушкилро ҳал кардан наметавонем. Ва мо худ шоҳидем, ки ин бонк баҳои мусбати худро дар Алмаато ва дигар ҷойҳо барои сохтмони “Роғун” дод. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ то сохтмони ин нерӯгоҳ низ ба Тоҷикистон маблағи зиёд ҷудо мекард. Зеро мо аъзои ин бонк ҳастем ва ҳадафи асосии лоиҳаҳо, кам кардани камбизоатӣ аст ва бо масъалаи бунёди “Роғун” вобастагии зич надорад.»

Зимнан, дар ҳоли ҳозир Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 тарҳро бо маблағи ҳудуди 275 миллион доллар мавриди иҷро қарор додааст, ки 27 дар сади ин маблағ барои рушди кишоварзӣ, 24 дар сад ба бахши энержӣ ва маблағи боқимонда барои тарҳҳои марбут ба таъмини оби поку ҳифзи иҷтимоӣ сарф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG