Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа - абзори нави ҷудоиталабон дар ҷанг бо Киев


Дар ҳоле, ки нерӯҳои амниятии Украина талош доранд минтақаҳои ишғолшуда аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русияро дубора тасарруф кунанд, ҷудоиталабон низ бар зидди онҳо аз шиканҷа ба ҳайси абзор, истифода мекунанд.

Вақте, ки Олександер Ҳуров аз болои бинои ҳукуматии шаҳри зодгоҳаш Новоҳрадовска байрақи насбшудаи ҷудоиталабонро ба зер андохт ва аз онро тика-тика кард, дарк кард, ки дучори мушкилот шудааст. Чунин ҳам шуд. Ӯ фавран ба интиқом ва бераҳмии ҷудоиталабони тарафдори Русия рӯбарӯ гардид.

Олександер Ҳурови 36-сола пас аз ду ҳафта бо даст ва пои шикаста ба бемористоне дар Киев интиқол ёфт ва бистарӣ шуд. Ҳуров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо маро қасдан ва беист латукӯб карданд. Ман ба замин афтодам. Онҳо бо аслиҳа ба сарам мезаданд. Яке аз онҳо дастони маро тоб дода ва дигаре аз болои дастанам бо пойҳояш мекӯбид. Ман беҳуш шудам ва ин барои ман хуб буд, зеро ҳеҷ дардро эҳсос намекардам."

Олександер Ҳуров гуфт, ҳамлаварон маро "хиёнаткор" хитоб мекарданд ва талош менамуданд, ки аз қисмати камарам нишони ватандӯстиро аз байн бибаранд. Дар ин нишон навишта шуда буд, ки ба Украина ва қаҳрамонони он ифтихор мекунам.

Ҳодисае чун қиссаи Олександер Хуров, барои мардуми шарқи Украина чизи нав нест. Зеро ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ин минтақа ба гаравгонгирӣ ва шиканҷаи мардум муттаҳам мешаванд. Ҷудоиталабон мақомоти маҳаллӣ, хабарнигорон, нозирони хориҷӣ ва кормандони муассисаҳои имдодрасониро ба гарав гирифта ва эътироф мекунанд, ки ин афрод мухолифи истиқлолияти Донетск ва Луҳанс ҳастанд.
Шиканҷа аз сӯи ҷудоиталабон дар Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00


Ба ҳамон андоза, ки нерӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия муназзамтар ва созмонёфтатар мешаванд, ба ҳамон андоза гаравгонгириҳо дар ин манотиқ ба таври систематӣ сурат мегирад. Моҳи гузашта ду ҷасадро аз канори дарёе дар шаҳри Словянск пайдо карданд, ки дар он нишонаҳои шиканҷа ба мушоҳида мерасид.

Яке аз ин кушташудаҳо Владимир Рибак, як мансабдори шаҳри Словянск буд, ки дар рӯзи рӯшан рабуда шуда буд. Ҷудоиталабон ӯро ба айби поин кардани парчам латукӯб када буданд. Аммо аз чанде ба ин сӯ шуморе аз одамон низ нопадид шудаанд, ки гумон меравад, онҳо низ кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи бади ҳуқуқи башар дар шарқи Украина ибрози нигаронӣ кардааст. Хонум Нави Пиллай, комиссари ҳуқуқи башари СММ дар гузорише, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, аз ваъи ҳуқуқи башар дар шарқи Украина ҳушдор дод ва "гурӯҳҳои мусаллаҳ"-ро масъули хушунатҳо дар ин минтақаҳо донистааст.

Дар гузориши хонум Пиллай дар мавриди озору азият ва тарс додани ақалияти тоторҳои нимҷазираи Қрим таъкид шудааст. Русия ин гузоришро рад карда ва мегӯяд, ин гузориш қасди сарпӯш гузоштан бар иқдомоти зидди ҳуқуқи башари ҳукумати Украинро дорад.
XS
SM
MD
LG