Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз муҳоҷирони корӣ дар Русия аллакай талаб карда шуд, имтиҳони забони русӣ супоранд. Пас аз шаш моҳи дигар онҳое, ки мехоҳанд, иҷозаи кор ба даст оранд, бояд исбот кунанд, ки таърихи Русияро низ медонанд.

Шояд касе хиштчин ё андовагари хуб бошад, аммо агар муҳимтарин рӯйдодҳои давраи, масалан, Иван Грозний ё санаи таъсиси Петербургро надонад, бекор хоҳанд монд.

Бино бар муқаррароти нави Русия, ки соли оянда эътибори қонунӣ пайдо хоҳанд кард, иҷозаи кор ба онҳое дода хоҳад шуд, ки аз имтиҳони таърих ва фанҳои ҷамъиятии ин кишвар баҳои хуб гиранд. Ин талаб ва ҳам имтиҳони забони русӣ ба ҳаёти миллионҳо муҳоҷире, ки дар Русия кор мекунанд, таъсири сарнавиштсоз хоҳад дошт.

Мансабдорони Русия мегӯянд, татбиқи ин қонун, ки дар моҳи апрели соли равон аз тарафи раисиҷумҳур Владимир Путин ба имзо расид, ба ҳамгироӣ ва наздикии бештари муҳоҷирон бо ҷомеаи Русия мусоадат хоҳад кард, ки бештари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия сарозер шудаанд. Он ҳамчунин заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии кори муҳоҷиронро фароҳам хоҳад овард, ки бахши умдаашон пинҳонӣ кор мекунанд ва ҳаққашон поймол мешавад.

Дмитрий Вяткин, вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳоким мегӯяд, донистани улуми иҷтимоӣ ва таърих ба муҳоҷирон имкон хоҳад дод, то “ҳуқуқҳои худро шиносанд” ва хешро аз истисмор дифоъ кунанд. Биноан, афзуд ӯ, ин талаб набояд навъе аз фишор ё табъиз шумурда шавад. “Он баръакс ҳуқуқи ҳам мардуми рус ва ҳам муҳоҷиронро ҳимоят хоҳад кард.”

Аммо Светлана Ганнушкина, сарвари созмони “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” муқаррароти навро ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҳам амалӣ “беҳуда” меномад. Вай ҳушдор дод, ки қонуни нав хеле ба осонӣ сабаби ришвахорӣ хоҳад гашт, зеро ҳамин ҳоло муҳоҷирон барои гирифтани иҷозаи кор пора медиҳанд.

Жанна Зайонковская, сардори бахши муҳоҷират дар Пажӯҳишгоҳи ояндабинии иқтисодии Фарҳангистони улуми Русия ҳарчанд тарҳи навро як амри зарурӣ медонад, мегӯяд: "Дар бораи қонунгузорӣ бояд тавре кард, ки муҳоҷирон аз ҷузъиёти он огоҳ бошанд. Ҳоло онҳо қоидаву қонунҳоро аз даҳони дигарон мешунаванд, ки қонун чӣ мегӯяд. Вале ман фикр намекунам, имтиҳон аз илмҳои иҷтимоӣ дар ин ҷо нақши ҳалкунанда бозанд.”

Таҳияи саволҳо барои имтиҳони нав бар дӯши донишгоҳҳое гузошта шудааст, ки таҷрибаи кор бо донишомӯзони хориҷиро доранд. Аммо аз ҳоло изҳори нигаронӣ мешавад, ки саволҳо мушкил буда, интизор намеравад, ки муҳоҷирон тавонанд, имтиҳони таърих ва фанҳои иҷтимоиро ба осонӣ паси сар кунанд. Андрей Петров аз Ҷомеаи таърихшиносони Русия мегӯяд, ҳамроҳ бо пурсишҳо ба муҳоҷирон дастурҳои ёрирасон низ дода мешаванд. Инчунин барои онҳо давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ таъсис хоҳанд ёфт.

Касоне, ки аз имтиҳон мегузаранд, ба хизонаи давлати Русия 90 доллар месупоранд ва гувоҳномае мегиранд, ки панҷ сол мӯҳлати бақо дорад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, соли гузашт 12,4 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар ин кишвар кору истиқомат кардааст. Вале бино бар омори расмӣ, ҳамагӣ 18000 муҳоҷир имтиҳони забон супоридааст.
Раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия, Абдулло Давлатов мегӯяд, ташкили имтиҳонҳо як андешаи хуб аст, зеро касоне, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, бояд забон ва қонунҳои онро донанд. Аммо, меафзояд ӯ дар амал талаби имтиҳон як имконияти дигареро барои ришваситонӣ фароҳам меорад. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, онҳо барои дарёфти гувоҳиномаи имтиҳони забони русӣ то 300 доллар пора додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG