Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибилмон сабақи сулҳу таҳаммулпазирӣ мегиранд


Толибилмони тоҷику қирғиз
Толибилмони тоҷику қирғиз

Садҳо толибилми минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон ба Барномаҳои “Рӯзҳои Сулҳ ва Таҳаммулпазирӣ” фаро гирифта шудаанд, ки ҳадафи он густариши дӯстиву рафоқати тоҷикону қирғизҳо унвон мешавад.

Садҳо толибилми минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон ба Барномаҳои “Рӯзҳои Сулҳ ва Таҳаммулпазирӣ” фаро гирифта шудаанд, ки ҳадафи он густариши дӯстиву рафоқати тоҷикону қирғизҳо унвон мешавад. Зеро ба андешаи масъулони созмонҳои иҷтимоӣ вуқӯъи мавориди низоҳо дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон боиси бурузи кинаву бадбинии наврасону ҷавонони ҳар ду тарафи марз мегардад.

Ромиш Шокиров, хонандаи синфи 9 - и мактаби миёнаи рақами 23 дар ҷамоати Ворухи Исфара аз ҷумлаи толибилмонест, ки дар Барномаҳои “Рӯзҳои Сулҳ ва Дӯстӣ” иштирок дорад. Вай ҳоло ҳамроҳи як гурӯҳ дӯстонаш барои вохӯриву суҳбат ва ширкат дар мусобиқаи волейбол бо хонандагони қирғизи деҳаи ҳамсояи Оқсой, ки ба таърихи 19 - уми ноябр баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Ромиш зимни ибрози хушҳолӣ аз ин гуна барномаҳо, мегӯяд, маҳз дар ин гуна суҳбату мулоқотҳо дӯстони нав пайдо мекунад. Ӯ гуфт: “Мо, ҳудуди 50 нафар бачаҳои тоҷику қирғиз моҳи август дар лагери “Шоҳин”, канори обанбори Қайроқум як ҳафта истироҳат намудем. Ман як дӯсти қирғиз пайдо кардам, бо номи Мунирбек. Мо бо ҳам муносибати бисёр гарму самимӣ дорем. Ҳоло ҳам мукотиба мекунем. Мо мехоҳем ки дӯстиву рафоқат байнамон давом кунад ва байни сокинони марзии кишварҳоямон ҷанҷолу нооромиҳо дигар сар назанад.”

Рустоҳои марзии Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон дар наздикии ҳам ҷойгиранд. Аммо мавориди низоҳои марзӣ миёни сокинони ин маҳал бар сари баҳси обу қитъаҳои замин, то андозае боиси дилсардии онҳо шудааст.

Ғолиб Урунов, раҳбари “Маркази дастгирии ҷамоати Ворух” мегӯяд, аз муноқишаҳо ҳатто бачаҳо дар канор намонданд ва гоҳе сӯи мошинҳои якдигар санг меандозанд.

Ин аст, ки ба таъкиди ҷаноби Урунов, ҳоло замони зудудани ҳисси кудурату бадбинӣ аз қалби бачаҳои минтақаҳои марзӣ аст. Ба гуфтаи мусоҳибам, “Акнун қалби бачаҳои минтақаҳои низоҳои марзиро аз ҳисси бадбинии якдигар бояд тоза кард. Ҳоло ҳам ҳукумат, ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам фаъолони худи ҷомеаҳои наздимарзӣ тасмим гирифтанд, ки якҷоя ҳамин корро анҷом диҳанд.”

“Маркази дастгирии ҷамоати Ворух”, як узви шабакаи созмонҳои ҷамъиятии “Водии Фарғона” аст, ки Барномаи “Рӯзҳои Сулҳ ва Таҳаммулпазирӣ” байни хонандагони мактабҳои манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ба хусус дар навоҳии Исфараву Ғафуров ва Бодканду Лайлакро аз моҳи октябр то охири декабри соли равон роҳандозӣ мекунанд.

Дар ин Барнома 7 созмони иҷтимоии Қирғизистон ва 8 чунин созмони Тоҷикистон, умдатан дар манотиқи марзӣ ба ҳам омадаанд. Ин манотиқе аст, ки дар ду - се соли охир ба саҳнаи низоъҳои байни сокинони марзӣ ва ҳатто тирандозии марзбонҳо табдил ёфта, чандин куштаву маҷруҳ аз ҳар ду ҷониб бар ҷой гузошта буд.

Малика Боймуродова, намояндаи шабакаи созмонҳои иҷтимоӣ бо номи “Водии Фарғона” дар Хуҷанд мегӯяд, замони аз байн бурдани кинаву адоват ва бадбиниҳо ва ба маҷрои оддӣ ворид кардани муносибатҳои сокинони манготиқи марзӣ фаро расидааст.

Ба гуфтаи вай, Барномаи “Рӯзҳои Сулҳ ва Таҳаммулпазирӣ” 400 нафар хонандаи синфҳои 5 то 11 - и манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодкандро ба мулоқоту суҳбатҳо ва барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ фаро мегирад.

Хонум Боймуродова афзуд, ки дар ин барномаҳо дар канори хонандагони мактабҳои минтақаҳои наздимарзӣ, ҳамчунин падару модарон, муаллимон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ низ иштирок мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Ин кори мо мисли “қатрае дар баҳр аст.” Вале натиҷааш ба чашм мерасад. Ҳадди ақал бачаҳое, ки мо онҳоро ба ин барнома ҷалб кардаем, фардо бо ҳамсояҳояш ба муноқиша нахоҳад хест, чунки онҳо таҷрибаи ҳамкорӣ андухтаанд. Онҳо соатҳову рӯзҳое бо ҳам буданд, ҳамроҳ кор мекарданд, чизе месохтанд ё меофариданд, мавзӯъеро муҳокима мекарданд. Ин кору ёдҳои нек онҳоро аз сангандозӣ ба суи якдигар ва душманӣ бо ҳам боз хоҳад дошт.”

Қарор аст, дар чорчуби Барномаи “Рӯзҳои Сулҳ ва Таҳаммулпазирӣ” рӯзи 22 - юми ноябр мусобиқаи гуштӣ миёни наврасону ҷавонони аз 15 то 24 солаи тоҷику қирғиз аз минтақаи Водии Фарғонаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шавад.

Зимнан, созмонҳои иҷтимоӣ дар чанд соли ахир бо роҳандозии барномаҳои мухталифи фарҳангиву тафреҳӣ кӯшидаанд, то миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба хусус хонандагони мактабҳои ин минтақаҳо, ҳисси кинаву кудурат ва бадбиниро коҳиш бидиҳанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон дар тӯли 976 километр марзи муштарак дорад, ки то ҳол 519 километраш мушаххас шуда ва мақомоти ҳар ду кишвар дар талоши таъйини бақия хати марз ҳастанд.

XS
SM
MD
LG