Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Булғористон. Миёни Ғарб ва Русия


Раъйдиҳӣ дар шаҳри София, пойтахти Булғористон
Раъйдиҳӣ дар шаҳри София, пойтахти Булғористон

Дар Булғористон мардум имрӯз ба раъйдиҳӣ мераванд, то аз миёни ду ҳизб, яке тарафдори Русия ва дигарӣ ҳизби ғарбгаро намояндагони худро барои порлумон интихоб кунанд.

Дар интихоботи рӯзи 26-уми март, рақобати асосӣ миёни Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби ГЕРБ-и нахуствазир Бойко Борисов сурат мегирад, ки аввали тарафдори Русия ва дуввуми ҳизби ғарбгаро аст. Бино ба назарсанҷиҳо, фосила байни ду ҳизб зиёд нест ва мумкин аст ҳарду 30 дар сади раъйи мардумро ба даст биёранд.

Ҳизби сотсиалистиро Корнелия Ниноваи 48-сола раҳбарӣ мекунад ва нахустин раҳбари зан дар таърихи 126-солаи ҳизб аст, ки замоне Ҳизби қавиии коммунистии Булғористон буд.

Бойко Борисови 57-сола аз соли 2009 то соли 2013 нахуствазири Булғористон буд ва дар ин мақом аз соли 2014 то соли 2017 ҳам кор кардааст. Булғористон узви НАТО ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо аст.

Бойко Борисов
Бойко Борисов

Бойко Борисов соли 2013 зери фишори тазоҳуроти азими мардум аз мақомаш рафт ва соли 2014 дигарбора ба қудрат баргашт. Ӯ дигарбора истеъфо дод, чун номзади пешниҳодиаш ба мақоми раиси ҷумҳур аз генерали нерӯҳои ҳавоӣ ва номзади Ҳизби сотсиалистӣ шикаст хӯрд.

Ҳарду ҳизб барои ҷалби раъйи мардум асосан ба хостаҳои иқтисодии онҳо таммаркуз кардаанд. Ҳизби сотсиалистӣ ваъда додааст, ки вазъи иқтисоду некӯаҳволии мардум дар ин кишвари фақиртарини Иттиҳодияи Аврупоро беҳтар мекунад ва фасодро аз байн мебарад. Айни замон дар Булғористон музди миёнаи кор 500 ё 540 евро аст. Ин ҳизб гуфтааст, ки барои сарватмандон 20 дар сад молиёт таъйин мекунад ва хонаводаҳои ҷавонро барои харидани хона бо қарзҳои боимтиёз таъмин мекунад.

Ҳизби ГЕРБ ваъда додааст, ки музди миёнаи корро дар зарфи 4 соли оянда 50 дар сад боло бурда ва ба 824 доллар мерасонад. Музди кори муаллимонро ду баробар меафзояд ва молиётро дар ҳадди 10 дар сад нигаҳ медорад.

Ба гуфтаи нозирон дар сурати пирӯзии Корнелия Нинова ва расидани ӯ ба мақоми нахуствазир мумкин аст, Булғористон ба самти Русия майл кунад, бо вуҷуди онки худаш гуфтааст, кишвар узви Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО мемонад.

Корнелия Нинова гуфтааст, ки талош мекунад, таҳримоти эъмолкардаи Иттиҳодияи Аврупо ба зидди Русия барои дахолаташ ба умури Украина тамдид нашавад. Ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи порлумонӣ раъйи бештар ба даст меорад, бояд аз миёни аҳзоби парокандаи кишвар, шарик пайдо карда ва ҳукумати эътилофӣ ташкил бидиҳад. Дар Булғористон тақрибан 700 ҳазор мусулмон ва аксаран туркҳо зиндагӣ мекунанд ва ба эҳтимоли ғолиб намояндагони ҳамин қишр дар ташкили ҳукумати эътилофӣ нақш ифо хоҳанд кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG