Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкинисоро баъди як рӯз аз роҳи Данғара пайдо кардаанд


Хонаводаи ин зани нопадидшуда дар ин кулбаи фақирона, ки посбонхонаи мактаб будааст, ба сар мебурданд.

Хонаводаи ин зани нопадидшуда дар ин кулбаи фақирона, ки посбонхонаи мактаб будааст, ба сар мебурданд.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ занеро, ки шаби 8-уми октябр дар Кӯлоб ғайб зада буд, аз ноҳияи Данғара пайдо кардаанд.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ занеро, ки шаби 8-уми октябр дар Кӯлоб ғайб зада буд, аз ноҳияи Данғара пайдо кардаанд. Мушкинисо Одинаева, зани нопадидшуда дар посбонхонаи мактаби рақами 3-и шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо шавҳару 6 фарзандаш зиндагӣ мекард ва ба гуфтаи духтари 15-солааш Барно Шарипова, модарашро чанд ниқобпӯш шабона аз саҳни мактаб бардошта, ба самти номаълум бурданд.

Масъулини шӯъбаи умури дохилаи Кӯлоб мегӯянд, ҳоло бо ин зан сӯҳбат доранд, вале бо эҳтимоли зиёд ӯ рабуда нашудааст. “Куртааш каме даридааст ва дар як ду ҷои баданаш ҳам харошҳои сабук ба назар мерасад. Худаш ҳам мегӯяд, ки ӯро рабудаанд. Ӯро ҳоло аз ташхис мегузаронанд ва ҳамроҳаш сӯҳбат мекунанд. Аммо аз сӯҳбатҳои аввал маълум аст, ки ӯ рабуда нашудааст,- гуфт як манбаъ аз шӯъбаи милисаи шаҳри Кӯлоб.

Ин манбаъ гуфт, Одинаева чанд сол боз бинобар надоштани манзил шикоят мекард ва эҳтимол қабл аз сафари президент ба Кӯлоб махсус ин корро анҷом дода бошад, то ба ӯ таваҷҷӯҳи вижа зоҳир гардад. Аммо ӯ гуфт, ба ҳар ҳол, ин ҳодиса пурра таҳқиқ мешавад ва ҳақиқат рӯи об хоҳад баромад.

Наздикони ин зан мегӯянд, аз сиҳату саломат пайдо шудани Мушкинисо хушҳоланд ва дигар ҳеҷ шикояте надоранд.

Наздиконаш рӯзи 9 октябр хабар дода буданд, ки ин зани 32-сола шаби 8-уми октябр аз ҷониби чанд ниқобпӯш рабуда шудааст, вале мақомот ба ин бовар надоранд. Ин зан, ки аз ӯ Мушкинисо Одинаева ном бурда мешавад, соҳиби шаш фарзанд буда, дар посбонхонаи мактаби рақами 3-и шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекардааст.

Барно Шарипова, духтари ин зан, ки дар синфи 8-ум таҳсил мекунад, мегӯяд, шабона ба берун баромаданд ва диданд, ки дар кунҷе аз мактаб чанд нафар бо телефонии мобилӣ равшанӣ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, чун онҳо масъули нигоҳубинии мактабро ба дӯш доранд, хостанд, аз шахсияти ин афрод огаҳ шаванд.




Барно Шарифова

Барно Шарифова

Ӯ гуфт: «Модарам гуфт, бо ягон дузд набошанд, ки компютерҳои мактабро бидузданд. Мо ба торикӣ рафтем. Маро гуфт, ки рафта тайёқ биёр. Чун ман тайёқро гирифта баргаштам, ки онҳо ба модарам дарафтоданд.Танҳо овози модарамро шунидам, ки гуфт, Барно гурез. Гурехтам ва ҳамсояҳоро даъват кардем, вале дигар аз модарам ҳеҷ нишон наёфтем.»

Сӯҳроб Шарипов, шавҳари ин зан мегӯяд, дар ин лаҳза ӯ барои хондани намози хуфтан дар масҷид ҳузур дошт ва ҳангоме, ки аз масҷид баргашт, афроди зиёдеро дар саҳни мактаб дид, ки ба ҷустуҷӯи ҳамсари ӯ машғуланд. Ин мард мегӯяд, ҳеҷ дарк намекунад, ки чаро ба занаш чунин иттифоқ aфтодааст.

Зуҳро Назарова, вакили маҳаллаи ба номи Сафарови Кӯлоб мегӯяд, ӯ фавран аз ҳодиса бо хабар шуда, ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст. Хонум Назарова гуфт: «Ҳама тараф фикр мекунам, вале ба ягон ақида гум шудани ин зан рост намеояд. Ин зани бад набуд ва тилодор ҳам набуд. Шикоят аз надоштани манзил дошт. Ба мактаббачагон ҳар чиз пӯхта мефурӯхт ва аз ҳамон ҳисоб зиндагӣ мекард. Одоби хуб дошт ва ба касе ҳам зиддият надошт.»

Зӯҳро Назарова, вакили маҳалла.

Зӯҳро Назарова, вакили маҳалла.

Зебӣ Одинаева, модари Мушкиниссо мегӯяд, духтараш талош дошт, то соҳиби хонаи шахсӣ шавад ва аз бинои посбонхонаи мактаб бо 6 фарзандаш берун равад. Ҳатто ба гуфтаи ин зан ба аризаҳои духтараш барои соҳиб шудан ба манзили зист президенти кишвар посух додааст. Ин зан гуфт: «Ҷаноби олӣ дар ҷавоби ариза навишта буд, ки раиси шаҳр ба ӯ хона диҳад, вале барояш ваъда карданд, ки замин медиҳем. Ҳамон заминро ҳам имрӯзу пагоҳ карда, то ҳол барояш надоданд. »

Дар ҳоле, ки пайвандони ин зан аз рабуда шудани наздикашон аз ҷониби афроди ниқобпӯш шиква доранд, масъулини ШКД-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки рабуда шудани ин занро исбот кунад. Як корманди ШКД-и Кӯлоб, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, маҳаллӣ ҳодисаро аз назар гузарониданд, вале ҳеҷ нишоне аз рабуда шудан пайдо нашуд.

Ин корманди ШКД гуфт: «Агар ин занро маҷбуран ба ҷое мебурданд, ҳатман рӯймол ё пойпӯшаш ҳангоми муқобилият дар он ҷо меафтод. Дар сурати дигар доду фарёдашро атрофиён мешуниданд ва изи маҷбуран бурданаш рӯи хок мемонд. Дар камераҳои назоравии атроф, мисли камераҳои Сӯҳроб Шарифов, шавҳари Мушкиниссо.

Сӯҳроб Шарифов, шавҳари Мушкиниссо.

Тоҷиксодиротбонк», ки аз дур рафтуомади сокинонро сабт кардааст, ҳолате, ки як нафарро чанд нафар бардошта бурда бошад, сабт нашудааст. Далелҳои ибтидоӣ нишон медиҳанд, ки ин зан ихтиёран аз маҳаллӣ зисташ берун шудааст. Дигар ҳолатҳоро тафтишот муайян хоҳа кард.»

Ин манбаъ мегӯяд, аз авали сол беш аз 20 ҳолати беномунишон гум шудани сокинон дар Кӯлоб сабт шудааст, вале ҳамаи онҳо пас аз чанд рӯз пайдо шудаанд. Аммо Cафар Шарипов, хусури ин зан мегӯяд, ба ихтиёран ба ҷои номаълум рафтани келинаш бовар надорад. Ӯ мӯътақид аст, ки келинаш рабуда шудааст: «Агар ягон ҷо рафтанӣ мешуд, наход, ин қадар бедарак мешуд. Мо аз он гиламандем, ки мақомот ҳеҷ нишонеро пайдо намекунанд. Ин одам аст, албата ӯро пиёда дар киса андохта набурдаанд. Мо талаб дорем, ки ӯро ҷиддӣ ҷустуҷӯ кунанд. »

Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, ҳафтаи гузашта дар як саҳифаи ҳафтаномаи «Азия Пилюс» дар бораи зиндагии ин хонавода матлаб нашр карда буд. Ӯ мегӯяд, ин зан ҳамроҳ бо 6 фарзандаш дар шароити сангине зиндагӣ мекарданд. Ин рӯзноманигор мегӯяд, дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба Мушкиниссо гуфта будаанд, ки дар сурате барояш замин барои бунёди манзили зист медиҳанд, ки ба мактуби аз дастгоҳи иҷроияи президент омада, посухи қаноатбахш диҳад.

Билоли Шамс гуфт: «Ба ҳуҷҷатҳояш шинос шудам, ки дар ҳақиқат президенти кишвар дар посухи номаҳояш навиштааст, ки бо манзили зист таъмин гардад. Дар ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, ки ба ӯ замин додаанд ва дар бунёди манзили зист барояш кӯмак мекунанд. Лекин ин зан гуфт, ки ин ваъда ҳаст ва то ҳол барояш замин надодаанд. Хулоса, баҳси ин зан бо масъулини ҳукумат печида буд, ки ман онро ба дасти чоп дода будам.»

Ҳоло ҳеҷ фарзияи ҷиддие дар бораи ғайб задании ин зан вуҷуд надорад. Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб танҳо «парвандаи оперативии гум шудан» боз кардааст ва корҳои ҷутҷӯиро шурӯъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG