Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-и Душанбе то бинои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ расид. ВИДЕО


Аз субҳи рӯзи 9 март раванди тахриби бинои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ оғоз ёфтааст. Сохтмони нимдавраи сеошёнаи шаҳрдорӣ, ки наздики 70 сол қароргоҳи тасмимҳои муҳими пойтахти шаҳри Душанбе ва замоне маҳалли кори қаҳрамонҳои миллӣ - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур буд, тахриб мешавад.

Оғози тахриби бинои пешини шаҳрдорӣ

Аз субҳи рӯзи панҷшанбеи 9 март коргарон машғули деворкашӣ дар атрофи бинои собиқи шаҳрдории Душанбе ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон буданд. Ёқуб Некномов, саркори Идораи сохтмони дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дастур гирифтаанд, атрофи ин биноҳоро девор бигиранд ва ба тахриби

Раванди тахриби биноҳои пешини шаҳрдории Душанбе ва вазорати кишоварзӣ дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

он шурӯъ кунанд. Вай афзуд, "ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт ин биноҳоро тахриб кунад. Мо вазифадор шудем атрофи ин биноҳоро бо девор иҳота карда, тахриби биноҳоро шурӯъ кунем."

Ҷаноби Некномов аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард, аммо гуфт, ки тахриби ин биноҳо фурсати тӯлоние нахоҳад гирифт. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки дар ҷойи ин ду бино бо кӯмаки молии яке аз кишварҳои арабӣ бинои нави маҷмаии порлумонии Тоҷикистон бунёд мешавад. Гуфта мешавад, ки чунин азнавсозии пойтахти кишвар бар пояи Генплан ё барномаи кулли бозсозии шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад.

"Генплан" ва биноҳои таърихии Душанбе

​"Генплан" ё Нақшаи кулли бозсозии шаҳри Душанбе дар миёнаҳои солҳои 2000-ум аз ҷониби маъмурияти собиқи пойтахт ба иҷро даромада, ҳоло аз ҷониби шаҳрдории нав такмил мешавад. Бахши аввали "Генплан" марбут ба тавсеаи ҳудудҳои Душанбе, бунёди хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, аз дохили марказ кӯчондани ҳавлиҳои сохти солҳои 1930-1950-ум буд. Вале таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаро маҳз бозсозии хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ ба худ ҷалб кард, ки дар он муҳимтарин идораҳои давлатӣ ва фарҳангии пойтахт ҷойгиранд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Генплан"-и Душанбе то биноҳои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ расид.ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Дар чаҳорчӯби ин нақша то имрӯз, аз ҷумла, қасри раёсатҷумҳурӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба биноҳои боҳашамати нав кӯчида, навбат ба худи бинои шаҳрдорӣ ва ҳамсояҳои он расидааст. Вале нияти тахриби бинои Театри русии драмавии ба номи Маяковский ва чойхонаи “Роҳат”, ки онҳоро сокинони кӯҳансоли Душанбе ҳамчун намунаи таърихи Тоҷикистони шӯравӣ, осори ҳунарии беназир ва ифтихори фарҳангӣ меномидад, баҳсу эътироз эҷод кард.

"Баъди чанд сол ба фарзандонамон чӣ мегӯем?"

​Мунаққидон инро баробар бо нобуд кардани таърихи Душанбе арзёбӣ мекунанд, ки танҳо баъди ҳукумати Шӯравӣ аз сифр бунёд ва симои шаҳр ва пойтахти ҷумҳуриро касб кард. Ғафур Шерматов, таърихшиноси тоҷик ва муҳаққиқи шаҳрсозии Душанбе мегӯяд, тахриби бинои шаҳрдорӣ ва ҳам вазорати кишоварзӣ ҳам гузаштаи пойтахти кишварро аз байн мебарад.

Ба гуфтаи ин таърихшиноси тоҷик, "бинои шаҳрдорӣ тибқи меъмории неоклассизми сталинӣ дар аввали солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, меъмори он Николай Кузменко, меъмори саршиноси Тоҷикистон дар он давра мебошад. 90 дарсади Душанбе қишлоқ аст ва ҳеҷ зарурате барои тахриби ёдгориҳои таърихии начандон дури мардуми тоҷик дар ин

Бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

шаҳр вуҷуд надорад. Иштибоҳ аст, ки бо сохтани чанд меҳмонхонае мисли “Шератон”, “Хаят” ва “Серена” мо тавонем сайёҳонро ба кишвар ҷалб созем. Чунин меҳмонхонаҳо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зиёданд. Мо бояд таърихи худро нишон диҳем. Аммо бо тахриби ин биноҳо баъд аз чанд сол мо ба фарзандони худ таърихи Душанбе магар бо даст нишон диҳем?"

"Мо пир шудем, биноҳо ҳам пир мешаванд"

Зимнан, дар бинои шаҳрдории Душанбе собиқ шаҳрдорони саршиноси Душанбе кор кардаанд, ки дар рушди пойтахти Тоҷикистон нақш гузоштаанд. Аммо, бархе аз сокинони пиронсоли Душанбе аз иқдоми бозсозии Душанбе пуштибонӣ карданд. Абдулло Мирзоев, сокини 67- солаи ин маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфт: "Шояд ин биноҳо дар замони шӯравӣ арзише доштанд, аммо онҳо дигар фарсуда шудаанд. Ин раванди табиӣ аст ва бояд ба ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ сохта шаванд. Бино низ мисли инсон аст, мо пир шудем ва биноҳо ҳам пир мешавад. Ҳоло бояд биноҳои нави баландошёна сохт, то ба талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ гардад."

"91 сол пеш дар ин бино таваллуд шудам"

Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, ҳамзамон дар канори бинои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ биноҳои кӯчаки сокинони пойтахт, ки дар ин мавзеъ қарор доранд, низ аз байн бурда мешаванд. Хумор Каримова, сокини 97-солаи ин маҳалла, ки низ манзилаш бояд тахриб шавад, 9 март ба Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: Ман дар ҳамин бино таваллуд шуда, ҳоло 91-сола шудаам. Дар як утоқ мо чаҳор оила сабти ном шудаем. Як фарзандам дар хидмати аскарӣ маъюб шуда ва ҳоло ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунад. Гуфтанд, тахриб мекунем, аммо то ба ҳол дар бораи ҷуброни манзил сӯҳбати дақиқе накардаанд. Гуфтанд, қитъаи замин медиҳем ва барои худ хона бисозед. Вале мани пиронсол аз куҷо маблағ пайдо карда, хона бисозам?"

"Реша"-ҳои таърихии Душанбе куҷо мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Вале Нақшаи нави генералии бозсозии шаҳри Душанбе, ки моҳи январи имсол бо сари кор омадани раҳбари наваш Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуд, то соли 2040 навсозиҳои бештарро дар назар мегирад. Аз ҷумла, қарор аст ба ҳудудҳои 12,5 ҳазор гектари имрӯза 9,5 ҳазор гектари нав илова шавад.

Театри опера ва балет ва бинои Академия ҳам тахриб мешаванд?

Дар чаҳорчӯби ин тағйирот, ба гуфтаи Ғафур Шерматов қарор аст ҳамчунин биноҳои Театри опера ва балет ва Академияи илмҳои Тоҷикистон – ду бинои дигари рамзии Душанбе тахриб карда шаванд.

Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Аз соли гузашта гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон борҳо аз мақомоти кишвар дархост карданд, ки биноҳои арзиши таърихӣ доштаро тахриб накунанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки ин биноҳо арзиши таърихӣ надоранд ва ба феҳрасти ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шомил карда нашудаанд.

Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки таҷрибаи азнавсозии шаҳрҳои бузург дар бештаре аз кишварҳои минтақа мушоҳида мешавад, вале маъмулан дар он кишварҳо симои қадимии шаҳрҳо ҳифз шуда, шаҳри наве дар канори он бунёд мешавад.

Феълан идораи шаҳрдории Душанбе дар бинои собиқи раёсати ҷумҳурӣ воқеъ шуда, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави пойтахти Тоҷикистон дар он бино ифои вазифа мекунад. Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он низ ба бинои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон кӯчонида шудааст.

XS
SM
MD
LG