Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБМ: Ҳудуди 700 тоҷик - қурбонии тиҷорати инсон


Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфтааст, ки дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтарон мебошанд.

Бино ба маълумоти дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 мавориди қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд. Ба гуфтаи мушовири СБМ Гулчеҳра Иброҳимова, аз ҷумлаи ин афрод 347 нафар занону духтарони аз 14 то 47-сола ва 108 нафар ноболиғ ҳастанд, ки маъмулан барои амалҳои шаҳвонӣ истифода шудаанд. Ба ҳисоби миёна, соле 63 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди истифодаи қочоқчиён қарор гирифтааст.

Ӯ гуфт, ки асосан духтарону занҳои Тоҷикистон ба Туркия, кишварҳои арабӣ, Қазоқистон ва Русия қочоқ шуда ва онҳоро дар муассисаҳои дилхушкунанда ва фоҳишахонаҳо ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.

Гуфта мешавад, ин феҳристи расмии қурбониёни қочоқи инсон аст, ки бар асоси муроҷиати худи осебдидагон ё маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳия шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли гузашта дар заминаи қочоқи инсон 28 парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва нисбат ба 22 ҳолати он ҳукм эълон шудааст.

Аз ҷумла, дар моҳи январи соли ҷорӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ Сунаҳвар Зубайдова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Заррина Назарова, сокини ноҳияи Вахшро ба гумони даст доштан дар қочоқи духтарон ба шаҳри Дубаи Иморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд. Як манбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба Озодӣ гуфта буд,“онҳо дар моҳи ноябри соли 2014 зани ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Хуросон Саидаро бо мақсади ба кор ва музди хуб таъмин намудан ба шаҳри Дубай мебаранд ва то моҳи апрели соли 2015 ба танфурӯшӣ ҷалб мекунанд. Аз ин ҳисоб ин ду нафар ба миқдори 65 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овардаанд".

Дар моҳи декабри соли гузашта низ кормандонии пулис ду зани ҷавони сокини Душанберо бо айбномаи мушобеҳ дастгир карда буданд. Ин ду нафар зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъро аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чиптаи ҳавопаймо харида ва барои истифодаи шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай фиристодаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тахминан 15 соли пеш оғоз шуд. Дар гузашта занҳо ё духтарони тоҷик бештар ба кишварҳои исломии Иморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва Туркия интиқол меёфтанд ва дар корҳои мухталиф, аз ҷумла дар бозори сиёҳи танфурӯшӣ истифода мешуданд.

Ҳамакнун, мегӯянд масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон, мавридҳои қочоқи инсон ба Чин низ мушоҳида шудаанд.

Гузориши Вазораи корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон
Гузориши Вазораи корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон

Зимнан, дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таҳти унвони “Қочоқи инсон. Соли 2016” аз афзоиши мавориди интиқоли занону духтарони тоҷик ба Афғонистон бо мақсади издивоҷи маҷбурӣ ё истисмори шаҳвонӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Гуфта мешавад, асосан ин занон сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ ҳастанд, ки қочоқбарони афғон ба ивази қарзи пули маводи мухаддир онҳоро ба Афғонистон мебаранд.

"Ҳодисаҳои ба талбандагии маҷбурӣ дар Афғонистон машғул шудани кӯдакони тоҷик ҳам ба қайд гирифта шудааст," - мегӯянд муаллифони ин гузориш.

Мақомоти Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон вуҷуди чунин ҳодисаҳоро тасдиқ карда, аммо таъкид доштанд, ки мавориди интиқоли занону духтарони тоҷик ба Афғонистон дар муқоиса ба 10 соле қабл ҷиддан коҳиш ёфтааст.

Масалан, тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар соли 2005 беш аз 200 зану духтари сокини ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ивази пули маводи мухаддир ба манотиқи шимоли Афғонистон мунтақил шуда буданд. Шавҳар ё падари хонаводаи онҳо аз қочоқбарони афғон ба нася маводи мухаддир гирифта ва ин маблағро дар мӯҳлати муқаррар пардохт карда натавонистаанд ё аз ноҳия фарор кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ниҳодҳои муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки на танҳо занону духтарон ва ноболиғон қурбонии тиҷорати инсон мешаванд, балки садҳо нафар мардҳои Тоҷикистон низ дар Русия ва Қазоқистон мавриди истисмори ҷисмонӣ, зӯроварӣ ва меҳнати ғуломона қарор мегиранд.

Анвар Бобоев
Анвар Бобоев

Анвар Бобоев, раиси пешини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар бадтарин шароит кор карда ва корфармоён бо баҳонаҳои мухталиф ва таҳдиди ба дасти пулис супоридан дастмузди онҳоро намедиҳанд.

Одатан баъди шикояти муҳоҷирон ин мушкил бо талошҳои муштараки ниҳодҳои муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, адвокатҳо ва созмонҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳал мешавад. Ҳар сол намояндагии идораи муҳоҷирати Тоҷикистон бо кумаки Идораи муҳоҷирати Русия ба муҳоҷирони фиребхӯрда миллионҳои рублро аз корфармоён рӯёнда медиҳад”.

Коршиносон мегӯянд, бинобар менталитети мардуми Тоҷикистон, ки ошкор кардани ҳодисаҳои фаҳшу танфурӯшӣ ва тиҷорати инсон барои хонавода доғу рӯсиёҳӣ ва нанг ҳисоб меёбад, мушаххас кардани мизони қочоқи инсон ва теъдоди воқеии қурбониёни ин ҷиноятҳо душвор хоҳад буд. Ҳатто худи қурбониён аз шикоят дар мавриди ҳодисаи тиҷорати инсон ба ниҳодҳои марбута худдорӣ карда ва аз мақоли “даҳони пӯшида сад тилло” пайравӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон мубориза алайҳи қочоқи инсон дар аввалҳои қарни 21 шурӯъ шуда ва дар соли 2004 Қонун “Дар бораи хариду фурӯши одамон” қабул гардид. Дар моҳи июни соли 2014 парлумони Тоҷикистон Қонуни “Муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон”-ро тасвиб кард, ки барои ҷинояти марбут ба қочоқи инсон 22 навъ муҷозотро пешбинӣ кардааст.

Ҳамчунин, бар асоси ин санади ҳуқуқӣ барои қурбониён ё осебдидагони қочоқи инсон таъсиси марказҳои вижа дар назар гирифта шудааст.

Феълан дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон бо мусоидати молии Созмони байналмилалии муҳоҷират марказҳои кумак ба осебдидагони қочоқи инсон фаъъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG