Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Ҷонӣ: “Дар барканории ман Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ даст надорад”


Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"

Бунёдгузори "Имрӯз нюз" Рустами Ҷонӣ тавсеаи ҳайати муассисони ин рӯзнома, сабабҳои барканорияш аз раҳбарии "Ориён Медиа" ва нақшаи таъсиси CNN-и тоҷикиро шарҳ медиҳад.

Бунёдгузори ягона нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон -- “Имрӯз нюз”, Рустами Ҷонӣ, мехоҳад, ҳайати муассисони ин рӯзномаро густариш диҳад. Ҳоло Рустами Ҷонӣ, собиқ раҳбари ширкати “Ориёно Медиа” танҳо муассиси “Имрӯз нюз” аст. Хабари тавсеаи ҳайати муассисони ин рӯзнома суҳбатҳоеро аз эҳтимоли мушкилоти молии он ба миён овардааст ва дар ҳоле нашр мешавад, ки ҷаноби Ҷонӣ 8 моҳ пеш аз раҳбарии гурӯҳи “Ориёно Медиа”, “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор шудааст.

Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи “Имрӯз нюз” ба вазъи молии ягона рӯзномаи мустақил, сабабҳои барканории ӯ аз раҳбарии ширкати “Ориёно Медиа” ва нақшаҳои ояндааш бахшида шуд.

Радиои Озодӣ: Рустам, чӣ зарурат пеш омад, ки “Имрӯз нюз” ҳайати муассисонашро бештар карданист?

Рустами Ҷонӣ: Ин ин як тасмими тиҷоратист, ки ба рушди рӯзномаи миллии “Имрӯз нюз” мусоидат хоҳад кард. Масъулияти бузург ва ӯҳдадориҳо тақсим мешаванд ва ҳар қадар доираи он касоне, ки ин борро бар дӯш мегиранд, зиёдтар бошад, ҳамон қадар умри рӯзнома тӯлонитар хоҳад буд. Аммо ин паҳлуи дигар ҳам дорад. Аслан якка будан, яккатоз будан ё танҳо будан инсонро то андозае ба ҳолати ногувор мебарад. Ман ҳам аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки як ҳолати ногувор дорам. Вақте ки он ҳам як рӯзномаи танҳо дар Тоҷикистон бошад ва муассиси танҳо дошта бошад. Бигузор он як рӯзнома бошад ва айни ҳол агар танҳо ҳам, ки бошад, аммо муассисонаш зиёд бошанд.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки ин бештар ба ҷанбаъҳои тиҷоратӣ бастагӣ дорад. Яъне эҳтимол мушкилоти молӣ пеш омадааст ва он боре, ки гуфтед, бар дӯши Рустами Ҷонӣ аст, бори молӣ аст ё маънавӣ?

Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"

Рустами Ҷонӣ: На. Ин аслан бигирем, ки доираи масъулиятҳое, ки қисман дар “Имрӯз нюз” ҳастанд, мо мехоҳем, ки онро ба дигар ҷо интиқол бидиҳем. Чунки нақшаҳои дигаре ҳам ҳаст ва айни замон рӯзномаи “Имрӯз нюз” аз ҷиҳати тиҷоратӣ хеле ҳолати мӯътадил дорад. Новобаста ба бӯҳронҳои зиёди молие, ки имрӯз моро, яъне муҳити рӯзномаву рӯзноманигориро таҳдид мекунанд. Ин ҷо ҳадаф он аст, ки ба ин навъи тиҷорат, гурӯҳи одамони зиёдтаре ҷалб карда шавад, ки битавонанд, дар алоҳидагӣ ин корро идома диҳанд. Агар ин як асрори Рустами Ҷонӣ то охир боқӣ монад, пас дигар эҳтимол дорад, ки масалан, дониш аз силсила ба силсила наравад. Нияти аслиам, ин аст, ки ин таҷриба ва донише, ки дар панҷ соли охир гирифтем, онро ба дигарон тақсим кунем. Густариши ҳайати муассисон ба сиёсати таҳрирӣ таъсир нахоҳад гузошт. Бино бар ойинномаи “Имрӯз нюз” ҷанбаи эҷодӣ аз тиҷоратӣ ҷудост, ман журналист ҳастам ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки манфиатҳои тиҷоратӣ болотар ё фаротар аз манфиатҳои касбӣ бошанд.

Радиои Озодӣ: Пас афроде ҳам барои ворид шудан ба ҳайати муассисон аллакай пайдо шудаанд, бале?!

Рустами Ҷонӣ: Ин аз доираи ҳайати эҷодии “Имрӯз нюз” аст ва ман бисёр мехоҳам, ки аз шумули коллективе бошанд, ки бо ман кор карданд ва муддати панҷ сол ин бори вазнинро кашиданд. Яъне аввалан, такя ба ҳайати эҷодӣ ва баъдан ин метавонад, хоҳиши ҳар нафаре бошад, ки ба ин тиҷорат шавқ дорад ва дурнамои онро нек мебинанд. Чун онҳо ҳам ҳақ доранд, ки аз ин ҳисса ҳаққи худашонро бигиранд. Худи мо то он вақте, ки қуввату тавоноӣ дорему аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонем, дар ҳайати муассисон боқӣ мемонем ва минбаъда дигар корҳое ҳастанд, ки ба онҳо машғул мешавем.

“РӮЗНОМАИ МИЛЛИРО ҲИФЗ КУНЕМ”

Радиои Озодӣ: Рустами Ҷонӣ дар рушди рӯзнома дар Тоҷикистон саҳми бисёр муҳим дорад ва нашрияи “Имрӯз нюз”, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати молӣ ҳаводорони қавӣ дошт, ҳоло ҳам шояд дошта бошад. Чун дар гузашта гуфта мешуд, ки “касе наметавонад нашрияро ба зону нишонад”. Ҳоло вазъ чӣ тавр аст?

Рустами Ҷонӣ: Мо агар бигӯем, ки фаъолияти мо мушкилӣ надорад, муболиға мебуд. Мо мисли дигар афроде, ки ба тиҷорат машғуланд, гоҳ мушкилоти молӣ дорем ва гоҳе надорем. Инро ман як раванди маъмулии тиҷоратӢ медонам ва ҳоло аслан бигирем, обуначиёне дорем. Бинобар ин обуна афзалиятҳои зиёд дорад. Вақте дар охири сол ҳудуди муайяни обунаро ҷамъ кардед, онҳо кафили таъмини таъминоти молӣ дар мӯҳлати муайян мешаванд.

Рустами Ҷонӣ: "Вақте гӯш кар аст, бояд дод занем!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:09 0:00

Аммо гоҳе мушкилоти молие, ки дар фаъолияти нашрия пеш меояд, ба ширкатҳое рабт мегирад, ки мушкилоти молӣ доранд ва маблағҳои моро пардохта наметавонанд. Марҳилаҳое мешавад, ки мо ҳам дар ҳамин ҳолат қарор мегирем. Аммо ҳадаф ин аст, ки ин рӯзнома новобаста ба вазъ, ба хотири миллат ва ба хотири таъмини фазои иттилоотӣ, бояд нигаҳдорӣ шавад. Чунки ин аслан бигирем, марбути Рустами Ҷонӣ ё сармуҳаррири рӯзнома - Назири Нусрат ё як гурӯҳи мушаххасе, ки дар он кор мекунад, нест. Ин марбути ҳамаи он мардуме ҳаст, ки мутолеа мекунанд ва имконият доранд, ки дасташонро ба сина бигзоранду бигӯянд, ки рӯзномаи ҳаррӯза доранд.

“БАҲСҲОИ ДОДГОҲӢ БА ХОТИРИ ЧАНД ПАЙСА”

Радиои Озодӣ: Оё идома кардани баҳсҳои додгоҳӣ ё худ шикоятҳо алайҳи ин рӯзнома ба додгоҳҳо чӣ таъсир дорад?

Рустами Ҷонӣ: Гузаштагони мо як ҳарфи хуб доранд, ки “гапи ҳақ ба ҳеҷ кас намефорад”. Имрӯз, мутаассифона, қазияҳои додгоҳӣ, як василаи фишор ба рӯзноманигорон ва василаи маҳдуд кардани кори онҳо шудааст. Аслан даъвоҳое мешавад, ҳатто шахсиятҳои қазоӣ, судяҳо ҳам барои баррасии онҳо омода нестанд. Имрӯз вазоиферо, ки барои як журналист, қонунгузории Тоҷикистон муайян намудааст, тавассути қарорҳо ва фаҳмишҳое аз ҷониби қувваи қазоӣ маҳдуд карда мешаванд. Имрӯз агар қонун барои журналист як равиши қонунӣ бошад, он метавонад, ки дар шарҳи қонунгузориҳо тамоман тафсири акс дошта бошад. Ҳамагӣ дар баробари сухани ҳақ пешниҳод мешавад, чанд пайса, 50 ҳазор ё 60 ҳазор аст. Умуман, мо эҳсоси роҳат мекунем, вақте ба ивази як маблағе, ки боиси тафохури як мансабдор мешавад, дар ивази ҳамон, аз ҷабри ӯ ҷомеаро наҷот медиҳем. Ин ҳолатҳо як фазои мусоидеро фароҳам меоранд, барои шакл гирифтани фаъолияти ҳуқуқшиносони соҳаи журналистӣ. Якчанд адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон, ки дар даҳҳо лагерҳо асбтозӣ мекунанд ва худашонро ҳомии журналистон медонанд, аслан дар ин самт фаъолияти ночиз доранд. Ба ин далел. ман фикр мекунам, ки ҳуқуқшиносоне аз ҳисоби худи журналистон ба вуҷуд меояд, ки дар оянда аз ин шарри ниҳоят азим - таҳоҷуми қазоӣ, насли минбаъдаи журналистонро наҷот медиҳанд.

МЕНЕҶМЕНТ Ё МУДИРИЯТ ДАР МАТБУОТ

Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи “Имрӯз нюз”, ки фаъолияти панҷсола дорад ва дар матубот ва бозори матбуот ҳамчун рӯзнома худашро муаррифӣ кардааст, шумо сабабро дар чӣ мебинед, ки дигар рӯзнома арзи вуҷуд накард?

Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"

Рустами Ҷонӣ: Ин пеш аз ҳама сабабаш дар набудани донишҳои менеҷерӣ аст, чизи дигаре нест. Он замонҳо як фаъолияти менеҷерие шакл нагирифт, ки самти инкишоф ё ба вуҷуд омадни рӯзномаро ташаккул ё тавсеа бидиҳад. Ман ҳамчун шахсе, ки давоми панҷ сол рӯзнома нашр мекунам, инро гуфтаниам, ки ҳамон қадар боре, ки як ҳафтанома мебардорад, ҳамон қадар бор бар дӯши рӯзнома ҳам ҳаст. Танҳо гап дар бораи тақсимоти кор ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аст. Ин ба эҷодиёту журналистика рабте надорад ва бештар ба мушкилоти менеҷерӣ ва тиҷоратӣ аст. Бо истифода аз фурсат аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои журналистӣ тақозо мешавад, ки ҷойи баррасӣ намудани масъалаҳои сирф касбии журналистӣ, агар мо мехоҳем, ки рӯзнома дошта бошем, ин таҷрибаро дар семинарҳои гуногун истифода барем ва менеҷерҳое, ки дар ин соҳа кор кардаанд бояд ин донишро барои насли нав бидиҳанд. Инро мо аз осмон нагирифтем. Рӯзҳои сахт доштем, манъ шудем, чоп накарданд, қарзҳоямон хеле боло гирифт, аммо ин ҳама чиз имконият фароҳам овард, ки мо дарк кунем, ки дар ин самт корҳо чӣ гуна ба роҳ монда шавад.

РАФТАН АЗ "ОРИЁНО МЕДИА"

Радиои Озодӣ: Шумо дар гузашта раҳбарии гурӯҳи “Ориёно Медиа” – ро бар дӯш доштед, аммо дар 8 моҳ пеш аз раҳбарии ин ширкат, ки радиоҳои "Имрӯз" ва “Ориёно” мутааллиқ ба онанд, барканор шудед. Аммо то кунун, далели ин барканориро ошкор накардед. Ҳоло мешавад, ин сирро кушоед?

Рустами Ҷонӣ: Далели он дар фаъолияти даҳсолаи ман дар ин гурӯҳ аст. Вақте даҳ сол, дар раҳбарии як гурӯҳ, фаъолият мекунӣ ва аз вазифа меравӣ, суоле набояд боқӣ монад, ки чаро аз ин мақом рафтӣ. Зеро даҳ сол мӯҳлати зиёд аст ва дар як вазифа мондан ғайриимкон аст.

Радиои Озодӣ: Аммо шумо, ки менеҷери хуб ҳастед?!

Рустами Ҷонӣ: Шояд дар назари касе хуб буд, шояд ҳамин хубияш буд, ки маро гирифтанд. Барои ман боиси ифтихор аст, ки даҳ сол фурсат доштам, ки аққалан потесиали 20 -дарсадаи худро дар ин ширкат амалӣ созам. Давоми даҳ сол дар фаъолияти ман ягон сиёсат ё раҳнамоӣ аз ҷониби муассисон ё аз ҷониби нафари дигар набуд. Ростӣ, замоне, ки аз “Ориёно Медиа” рафтам, камтар дар бораи ин фикр кардам, ки барои чӣ аз вазифа рафтам. Чун ин як марҳилаес, дар ҳаёти инсон, ки ҷамъбаст шудааст. Мо ба 40 сол расидем ва хеле мояи нигаронист, ки вақте кас ба ақиб нигоҳ мекунад ва меандешад, ки барои чӣ аз вазифа гирифтанд? Ин суол худаш зиндагии минбаъдаатро барҳам медиҳад. Имконият намедиҳад, ки фардои худро бисозӣ. Ман аз ҷумлаи ашхосе ҳастам, ки агар ба гузаштаам назар мекунам, танҳо ба иштибоҳҳои менигарам ва ба нияти ислоҳи онҳо. Ҳеҷ гоҳ дар он ҷойҳое, ки муваффақ будам, набояд ба фардои ман гузариш ёбанд. Ин хеле муҳим аст, барои ман. Чун дигар аз ун вазифа рафтему барканор шудем. Дар варақаи барканории ман навишта шудааст, ки “ба сабаби ба кори дигар гузаштан”. Ин як чизе ҳаст, ки умр боқӣ аст ва ин чиз эҳтимол аст, ки сурат бигирад ва ҳоло ман бекор нестам, балки ба коре машғулам, ки хеле дер боз орзуи онро доштам ва хеле шавқманд будам, ки дар давраи “Ориёно Медиа” мехостам, амалӣ кунам. Ин таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ. Аллакай ду-се филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтем, ки ҳамакнун танзимашон идома дорад. Минбаъда боз нақшаҳову корҳову....

“КӢ РАФТУ КӢ МОНД?”

Радиои Озодӣ: Рустам, аммо ин гуна ҳадс зада мешуд, ки баҳсҳои судӣ, аз ҷумла бо хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло, раҳбари пешини ширкати Роҳи Оҳан, яке аз далелҳои барканории Шумо будааст. Оё ин дуруст аст?

Рустами Ҷонӣ ва Хуршеди Ҳамдам ҳангоми мусоҳиба
Рустами Ҷонӣ ва Хуршеди Ҳамдам ҳангоми мусоҳиба

Рустами Ҷонӣ: Бубинед, агар онҳо таъсир медоштанд, ки маро аз ин вазифа озод кунанд, дар ҳамон марҳалаи аввали додгоҳӣ таъсиргузорӣ мекарданд. Аммо бо камоли масъулият мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ онҳо қуввату тавоноӣ надоранд, ки даст дошта бошанд. Ин як марҳалаи муборизаи ҳайати эҷодии “Имрӯз нюз” дар дифоъ аз ҳувияти касбиашон буд ва ман ҳамроҳашон будам ва то охир ҳамроҳашон меравам. Аз ҳеҷ гуна таҳдидҳое, ки мешавад, тарсу ҳаросе надорам. Аммо хеле хандаовар ва ғайримантиқӣ менамояд, ки барои аз вазифа рафтани ман, дасти Амонуллои Ҳукуматулло дониста шавад. Агар вай ин корро карда метавонист, баъд аз ҳамон конфронси таърихие, ки таҳдид карда буд, ки “мо коре анҷом медиҳем”, мекард. Хуб, таҷриба нишон дод, ки кӣ дар вазифа монд ва кӣ аз вазифа рафт.

ЛАҲНИ ТУНД?

Радиои Озодӣ: Радиои “Имрӯз” аз ҷумлаи радиоҳои мустақиле буд, ки сӯҳбатҳои ошкор дар робита ба мушкилоти ҷомеаро шурӯъ карда буд ва имрӯз ҳам мебинем, ин падида идома дорад. Чун баъзе маворид, ин сӯҳбатҳо лаҳни тундро касб мекарданд, ки барои бархе аз доираҳо хуш намеояд. Ин аст, ки ҳамин лаҳни тунди хабарнигорони собиқи радиои “Имрӯз”, аз ҷумла Орзу Исоев, дар ин сӯҳбатҳо низ яке аз омили барканории шумо гуфта мешавад. Ба ин чӣ мегӯед?

Рустами Ҷонӣ: Бубинед, чаро, муҷриҳои барномаҳои мо хеле тунд ҳарф мезаданд, чун, вақте “гӯш кар аст, дод мезанӣ”. Ин додзании мо ба маънии таҳқири касе нест. Тунд гуфтан ба хотири гӯшҳои пӯшида аст. Баъд аз рафтани ман ҳамин рисолат то андозае нигаҳ дошта шуд. Ман ҳамчун журналист, бар ин назарам, ки ҳукумат ин имконот ва шароитро дар ихтиёри васоити ахбори умум вогузор кунад. Аслан бояд, як ҷойгоҳе барои иброз ва дод гуфтан, мардум дошта бошад. Ин рисолатро дар радиои “Имрӯз” доштем ва ҳоло онро дар рӯзномаи “Имрӯз нюз” давом дода истодаем. Агар ин рисолат ба касе нафорида бошад, рӯзе мерасад, ки ба манфиат будани онро дарк хоҳанд кард ва мефаҳманд. Аммо ин тундгӯӣ ба касе намефорад, ба он мо коре ҳам надорем. Аммо ин омили барканории ман буд ё набуданаш, ин суоле аст, ба он шахсоне, ки ин тасмимро гирифтанд.

Радиои Озодӣ: Аммо он шахсоне, ки ин тасмимро гирифтанд, албатта ки дар ниҳоят бо Шумо сӯҳбат кардаанд ва далелашро низ гуфтаанд, оре?!

Рустами Ҷонӣ: На, аслан ин гуна далеле садо надода буд, ки ба хотири тундгӯӣ барканор шуда бошам. Агар барои шахси тундгӯе, мисли Рустами Ҷонӣ намефорид, дар маҷмӯъ кулли васоити ахборе баста мешуд, ки марбути Рустами Ҷонӣ буданд. Ман фикр мекунам, ки ин бештар як фалфасаи зиндагӣ аст ва ин ба анҷоми марҳалаи даҳсолаи фаъолияти ман дар “Ориёно Медиа” рабт мегирад.

Радиои Озодӣ: Аммо бо ин ҳам, ҷанбаи мусбати барканории Шуморо ба он рабт медоданд, ки эҳтимол дорад, Рустами Ҷомӣ соҳиби мансабе шавад. Аммо боз мебинем...

Рустами Ҷонӣ: Пешниҳодҳо буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Аммо гап дар сари он аст, ки ин пешниҳодҳо мақбул меафтанд ё не. Дар интихоби минбаъда инсон дар 40-солагӣ, бисёр чизеро андеша мекунад. Албатта, худамро аз ҷумлаи одамоне намедонам, ки солҳо ё моҳҳо интизори он аст, ки агар дар тасмим навишта шуда бошад, ки “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” ва ҷустуҷӯ кунад, ки он вазифа дар куҷо аст. Аслан ман вазифа дорам ва онро дар ҷомеа иҷро карда истодаам. Ҳамин таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ, лавҳаҳо ва ё дар пешбурди рӯзномаи “Имрӯз нюз” аст. Муҳим он аст, ки ин вазифае аст, ки аз ҷониби Худованд муайян шудааст ва шарт нест, ки дар варақе ҳаккокӣ шуда бошад. Хубтару беҳтааш низ он аст, ки дар варақе ҳаққокӣ нашуда бошад ва ман озодтар мемонам.

ДАР ОРЗУИ СNN-И ТОҶИКӢ

Радиои Озодӣ: Хуб, то замоне, ки “ба сабаби ба дигар кор гузаштан” амалӣ мешавад, нияту мақсадҳои Рустамӣ Ҷонӣ кадомҳоянд?

Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи "Имрӯз нюз"

Рустами Ҷонӣ: Алъон дар дастам лоиҳаи таъсиси чаҳор шабакаи радиоии хусусиро дорам, ки мешавад онҳоро амалӣ карда ва муваффақ ҳам шавам. Орзуи дигари ман ин таъсиси як шабакаи телевизионӣ ба сатҳи СNN, Би-би-сӣ ва амсоли ин. Албатта, барои иҷрои ин лоиҳаҳо, маблағ ва ниру лозим аст. Аммо ман мехоҳам, ки ин шабакаи телевизионӣ дар қаламрави Тоҷикистон бошад ва қонунгузорӣ низ иҷозат диҳад. Бояд мо журналистон кореро анҷом диҳем, то фикрҳоро дигар кунем ва фикри мақомот низ дар бораи журналист тағйир хӯрад. Чун ҳоло васоити ахбори оммаро ҳукумати чорум мегӯянд, ки дар асл ин нодуруст аст. Агар ҳамин тавр рафтан гирад, оқибат ба нӯҳуму даҳум ва ёздаҳуму дувоздаҳум, яъне ба поён меравем. Ман ба ин тақсимбандӣ мувофиқ нестам. Чунки ин ҳукумати виҷдон аст, ин ҳукумати воқеият аст.

Ин лоиҳаҳои ман аст ва агар иҷозатнома шавад, ҳатман амалӣ хоҳам кард. Муваффақ шудани радиои “Имрӯз” дар он замон ва ҳамин тавр радиои “Ориёно”, ки ҳатто чанд бор барои тундгӯиаш танбеҳ гирифта буд, идомаи сиёсати пӯшиши воқеият аст. Рӯзномаи “Имрӯз нюз” низ идомаи ҳамун силсила аст. То вақте, ки дар ҷомеа ниёз ба як ислоҳот аст, ниёз ба тағйир хӯрдани нигоҳҳо аст, овози мо тунд мешавад ва мемонад. Илоҷ надоранд. Дигар ба онҳое, ки интиқодро нағз намебинанд, ҳақиқиат онҳоро намефорад, воқеият барояшон мақбул нест, барои онҳо ба ибораи солҳои 90 “сабри ҷамил” мехоҳем. Онҳо бояд дигар шаванд, дигар бо ин шакли бархӯрдҳое, ки марбути солҳои 1974 аст ва ҷомеаи рукуди замони Шуравӣ аст, шумо наметавонед дигар бо он усулҳо тоҷики мудерн созед. Тоҷики мудерн бообрӯтар аз ҳама аст, дар ҳеҷ куҷо сари хам надорад, аз ҳама порсотар аст, тундрав нест, аммо дар баробари ноҳаққӣ ва беадолатӣ ва амалӣ ғайриқонунӣ метавонад тундраву тундгӯ бошад. Агар касе мехоҳад, ки мо аз журналист ба пропагандист табдил ёбем, он гуна, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт ва мехоҳанд, дар чеҳраи мо ҳизбиҳои қаблие, ки барои Шӯравӣ ҳеҷ хизмате накарданду ин низомро ба рукуд оварданд, ба ҳамон усул кор бигиранду аз рӯзноманигоре, ки вазифаҳои он дар қонунгузорӣ мушаххас навишта шудааст ва як тақозоҳои ҳавоиву осмонӣ кунанд ва моро ба як пропагандист табдил диҳанд, мо намехоҳем ба ин чиз муваффақ шаванд. Мо ҳамон журналист боқӣ мемонем.

XS
SM
MD
LG