Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот дар Исломобод бо талаби истеъфои Навоз Шариф


Даҳҳо ҳазор аз мухолифони Навор Шариф -- нахуствазири Покистон дар Исломобод ҷамъ омадаанд ва истеъфои ӯро талаб доранд.

Аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф даҳҳо ҳазор тан аз мухолифони давлати Покистон дар Исломобод тазоҳурот роҳандозӣ намуда ва хостори барканории нахуствазири он кишвар мебошанд. Имромхон, аз сиёсатмадорони мухолифи давлати Покистон рӯзи шанбе хостори идомаи эътирозҳо дар Исломобод шуд ва афзуд, ки то барканории Навоз Шариф, нахуствазири он кишвар, ба эътирозҳо идома хоҳанд дод. Ба гузориши расонаҳои покистонӣ ба нақл аз пулиси он кишвар, ҳудуди 60 ҳазор тан дар ин тазоҳурот ширкат доранд.

Рӯзи панҷшанбе, ки баробар бо Рӯзи истиқлоли Покистон буд, даҳҳо ҳазор тан бар раҳбарии Имронхон, раҳбари Ҷунбиши инсоф ва иддаи дигаре бо раҳбарии Тоҳири Ал-Қодирӣ, рӯҳонии сӯфимашраб ва муқими Канада, дар шаҳри Лоҳур даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо сипас ин шаҳрро тарк карда ва ба сӯи Исломобод ҳаракат карданд.

Имронхон мегӯяд, ки вай тазоҳуроти эътирозии даҳҳо ҳазор нафарро дар Исломобод то замоне раҳбарӣ хоҳад кард, ки Навоз Шариф аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Вай баъд аз сафараш ба Лоҳур зимни суханони худ дар Исломобод хитоб ба тазоҳуркунандагон гуфт, ки тазоҳуроти худро то замоне идома хоҳад дод, ки Навоз Шариф аз мақом биравад: “Ман пагоҳ низ ба ин ҷо меоям. Шабро ҳам дар ҳамин ҷо рӯз мекунам, то замоне, ки Навоз Шариф истеъфо диҳад. Мо нахуствазиреро қабул надорем, ки вайро дар натиҷаи тақаллуби оро таъйин кардаанд”.

Имронхон чунин хитоб кард: “Навоз Шариф, тасмим бигир, истеъфо бидеҳ ва интихоботи нав эълон кун”. Имронхон қаҳрамони пешини крикети Покистон аст ва замоне Покистонро дар ин навъи варзиш қаҳрамони ҷаҳон карда буд. Интихоботи ахири ин кишвар моҳи маи соли 2013 баргузор шуда буд ва ҳоло Имрон Хон иддао мекунад, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.

Тоҳир Ал-Қодирӣ, яке дигар аз раҳбарони мухолифон аст ва мардумро ба “инқилоби сабз” даъват кардааст. Вай раҳбарии як эътирози дигарро дар Исломобод бар ӯҳда дорад. Қодирӣ ба нақша гирифтааст, ки бо ҷонибдоронаш нишасти эътирозӣ анҷом медиҳанд. Вай ба ҷонибдоронаш гуфт, “Мо мехоҳем, ки аз роҳи инқилоби демократӣ Покистонро ба кишвари сулҳомез табдил диҳем”. Қодирӣ рӯҳонии Покистон ва яке аз фаъолони сисёсист, ки маъмулан дар Канада зиндагӣ мекунад ва шабакаи мадрасаҳои исломиро зери назар дорад.

Тазоҳуркунандагон эълом кардаанд, то вақте дархостҳояшон дар мавриди ташкили ҳукумати нав иҷро нашавад, тазоҳуротро қатъ нахоҳанд кард. Имронхон ва Тоҳир Ал-Қодирӣ мегӯянд, ки нахуствазири кунунии Покистон дар интихоботи соли гузашта тақаллуб карда ва бояд истеъфо диҳад. Муҳаммад Навоз Шариф низ мегӯяд, омода аст, то бо мухолифони худ дидор кунад, аммо дар мавриди истеъфо чизе нагуфтааст.

Рӯзи гузашта дар роҳ аз Лоҳур ба сӯи Исломобод дар минтақае бо номи Гуҷронволо ба мошини ҳомили Имронхон ҳамла сурат гирифт, вале ба раҳбари Ҷунбиши инсоф осебе нарасидааст. Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди бист ҳазор пулис ва нерӯи интизомии дигар амнияти нуқтаҳои ҳассос, аз ҷумла қасри раёсати ҷумҳурӣ, парлумон ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷиро ҳифозат мекунанд.

Ҳизби Робитаи мусалмонон дар интихоботи парлумонии моҳи майи соли 2013 дар Покистон баранда шуд ва Навоз Шариф барои бори савум нахуствазири он кишвар интихоб шуд. Навоз Шариф дар авохири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ва низ солҳои 1997-1999 нахуствазири Покистон буд ва дар маъмурияти дувуми худ аз сӯи генерал Парвиз Мушарраф, фармондеҳи он вақти артиши Покистон дар пайи як кудатои низомӣ барканор шуд.

Ин нооромиҳо акнун амнияти Покистонро зери суол бурдааст ва он ҳам дар ҳолест, ки артиш бар зидди Толибони Покистон дар манотиқи қабиланишини ин кишвар ба амалиёти густарда идома медиҳад ва нуфузи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар минтақаҳо афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи коршиносон дар пушти ин нооромиҳои феълӣ нерӯҳое қарор доранд, ки аз муҳокимаи додгоҳии Парвиз Мушарраф норозӣ ҳастанд. Ба дунболи ба сари қудрат омадани Навоз Шариф, додгоҳи шаҳри Исломобод алайҳи Мушарраф барои қатли даҳҳо нафар аз толибилмони Масҷиди Лаъл ё Масҷиди Сурх дар пойтахти он кишвар, парванда боз кард. Моҳи июли соли 2007 бар асари амалиёти нерӯҳои Покистон даҳҳо тан аз толибилмон дар дохили ин масҷид дар шаҳри Исломобод кушта шуданд. Ҳукумати аскарии Покистон он замон иддао карда буд, ки дар дохили масҷид ва мадрасаи тобеи он, ситезаҷӯёни хориҷӣ ҷой гирифтаанд.

Дар бораи тарзи муносибат бо Толибони Покистон низ миёни ҳукумат ва низомиён ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳукумат пофишорӣ мекунад, ки бояд бо Толибон музокироти сулҳ анҷом бигирад, вале низомиён бар зидди Толибон амалиётро шуруъ карданд.

XS
SM
MD
LG