Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Решаи русӣ"- меъёри дарёфти шаҳрвандии Русия барои тоҷикистониён?


Имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфти шаҳрвандии Русия шеваи дигар ба худ касб кардааст. Тавре гуфта мешавад, акнун танҳо он тоҷиконе имкони шаҳрванди Русия шуданро доранд, ки ба қавле як решаашон рус бошад.

Мунаввара Асоеваи 47-сола, ки пизишки партовшинос ё рентгенолог аст, ки се фарзанд дорад ва аз ду сол ба ин тараф талош мекунад барои зисти доимӣ бо хонаводааш ба Русия равад, аммо то ҳол муваффақ нашудааст. Хонум Асоева дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" афзуд, ӯ барои «ояндаи фарзандонаш» мехоҳад ба Русия кӯч бандад.

Вай мегӯяд: «Маротибаи аввал гуфтанд, ки бо ихтисоси шумо ҷой кор нест. Бинобар ин, имкони равон карданатон нест. Маротибаи дуюм бошад ба он хотир ҳуҷҷатҳоямро бозпас гардониданд, ки ягон решаамон рус нест. 18 ё 19-уми марти ҳамин сол буд наздики 40 нафар барои қабул даромадем, гуфтанд, ки минбаъд танҳо онҳоеро равон мекунем, ки як решаашон рус бошанд. Аз ҳамон 35-40 нафар ҳамагӣ ду нафар муваффақ шуданд, ки иҷозаи ба Русия рафтанро бигиранд.»

Мунавара Асоева афзуд, вақте дар интизори сӯҳбат ба раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия буд, эълон карда шуд, ки «танҳо пизишкону омӯзгорон барои қабул истанду дигарҳо раванд. Зеро дар ҳоли ҳозир танҳо ҳамин ду гурӯҳи шаҳрвандон қабул карда мешаванд.»

Муҳайё, ҷавонзани дигари тоҷик, ки дар тарҷума ва омода кардани ҳуҷҷатҳои хонум Асоева кӯмак кардааст, афзуд, ки шаҳрвандон барои омода кардани санадҳои лозима пули зиёд сарф мекунанд, ҳол он ки ба Русия рафтан ё нарафтанашон ҳанӯз маълум нест. Муҳайё гуфт, барои танҳо тарҷума ва дар идораи наториалӣ тасдиқ кардани баъзе санадҳо Мунавара Асоева, тақрибан 2500 сомонӣ сарф кардааст. Вай соли гузашта низ ҳамин гуна маблағ сарф карда буд.

Маҳинаи Файз, як омӯзгори ҷавон, ки мехоҳад бо ҳамроҳии шавҳару духтарчаи яксолааш ба Русия кӯч бандад, афзуд, барои омода кардани ҳуҷҷатҳояш ва гирифтани машварат, ки бояд куҷо муроҷиат кунад ва кадом санадҳо лозиманд, наздики 3000 сомонӣ сарф кардааст, ки он маоши шаш моҳаашро дар бар мегирад. Маҳина мегӯяд, ҳоло маълум нест, ки ҳуҷҷатҳояш пазируфта мешаванд ё не.

Агар як сабаби майли ба Русия кӯч бастани ин омӯзгори ҷавони фанни технология беҳтар кардани шароит барои ояндаи духтаршон бошад, сабаби дигар он аст, ки онҳо бо кор дар Тоҷикистон имкони харидани хона ва ё манзилро надоранд: «Се сол мешавад аз хонадориямон, бовар кунед, шавҳарам агар се моҳ дар Тоҷикистон бошад, 9 моҳи дигар дар Русия аст. Ҳатто пас аз 5 моҳи хонадориямон рафт, муддати якуним сол наомад. Барои ҳамин беҳтар донистем, ки мо низ ҳамроҳи шавҳарам кӯчида равем. Хайр ҳоло намедонем метавонем рафтан ё не.»

Таҳлилгарону коршиносон низ дар посух ба суоле, ки чӣ боис мегардад хонаводаҳои тоҷик бештар майли ба Русия рафтанро доранд, афзуданд, ки дигар одамон мехоҳанд дар шароити барои худ беҳтар зиндагӣ кунанд. Моёншоҳ Маҳмадбеков, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди ин, ки вақтҳои ахир дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик фишорҳо зиёданд, вале онҳо талош мекунанд бо ҳар роҳ шаҳрвандии он ҷоро дарёфт кунанд: «Қонунгузории давлати Русия, ки ҳамасола нисбати муҳоҷирон пурқувват мешавад, онҳо маҷбур мешаванд, ки шаҳрвандиии ин кишварро қабул кунанд, то азоби камтар кашанд. Солҳои охир воқеан ҳам муҳоҷирони бебозгашти тоҷик зиёд шуда истодаанд.»

Ахиран мақомоти раҳбарии Русия эълон карданд, ки додани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии пешинро соддатар мекунанд, вале мақомоти сафорат гуфтанд, ки ин гуфтаҳо ҳанӯз қонун нест ва он ба тасвиб нарасидааст. Аммо намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар, афзуд, тибқи қонуни амалкунандаи Русия дар бораи муҳоҷиркунӣ, шаҳрвандони собиқ кишварҳои Шӯравӣ имкони кӯч бастан ба Русияро доранд. Новобаста ба он, ки ягон нафар аз «решаи» онҳо рус ҳаст ё не.

Владислав Маркевич, раҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон гуфт: «Онҳое, ки шаҳрвандии СССР-ро доштанд, ба ғайр аз фаҳмиши «ҳамватанон», ҳамчунин бояд тасдиқи иқоматашонро низ дошта бошанд. Тибқи моддаи 3-и қонуни амалкунанда.»

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2013 беш аз 36 ҳазор нафар бо хонаводаҳои худ шаҳрвандии Русияро қабул карданд, ки 7, 7 дарсади онро тоҷикон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG