Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки Тоҷикистонро бӯҳрони қарзӣ таҳдид намекунад.

Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон, дар вокуниш ба изҳороти раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул гуфт, Тоҷикистонро хавфи бӯҳрони қарзӣ таҳдид намекунад. Рӯзи чаҳоршанбе Ҷонатан Дан, раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул аз имкони хатари бӯҳрони қарзӣ ба Тоҷикистон ҳушдор дода буд

Сафаралӣ Раҷабов мегӯяд, "тибқи ҳисоби мутахассисони Вазорати молия ва порлумон дар ҳоли ҳозир қарзи берунии Тоҷикистон 22,3 дарсад аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳо нишондоди беҳтар аст." Дар ҳоле ки ба таъкиди ин вакили порлумон, дар дигар кишварҳо ин рақам 60 то 70 дарсад аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи порлумони Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки "ҳукумати Тоҷикистон тамоми иқдомотро рӯи даст дорад, то мизони қарзҳо на бештар аз 30 дарсади ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро убур кунад." Сафаралӣ Раҷабов гуфт, бештари нигаронӣ нисбат ба бозгардондани қарзҳои Чин садо медиҳанд, аммо ҳакмакнун ба порлумон нақшаи баргардондани қарзҳои берунӣ ворид шудааст ва баргардондани қарзи Чин низ шурӯъ хоҳад шуд.

Зимнан, тибқи иттилои расмӣ мизони қарзи берунии Тоҷикистон 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Масъулини Вазорати молия мегӯянд аз будҷаи имсола барои пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 100 миллион доллар ва аз будҷаи соли оянда 670 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.

Аз ин пеш, рӯзи 14-уми ноябр, Ҷонатан Дан, ки як ҳайати кории Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, Тоҷикистон бояд тарҳи нави хароҷот ва ҷалби қарзҳоро таҳия созад. Вай гуфтааст, бо назардошти ҳаҷми ками содирот ва маблағе, ки Тоҷикистон ҳамасола барои рӯпӯш намудани қарзи хориҷии худ равона месозад, хавфи сар задани бӯҳрони қарзӣ хеле зиёд аст.

Ӯ илова кардааст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик мавқеи Тоҷикистонро дар баробари бӯҳрони қарзӣ мустаҳкамтар кардааст. Ари Айзен, намояндаи доимии Сандуқи байналмилалии пул, ин ҳушдори созмонашро шарҳ дода ва гуфтааст, ки гап сари бӯҳрони қарзӣ дар ояндаи наздик намеравад. "Дар ҳар сурат, Тоҷикистонро зарур аст, раванди ҷалбу хароҷоти қарзи хориҷиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад",-таъкид крадааст ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG