Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се шарти Сандуқи пул ба ҳукумати Тоҷикистон барои $500 млн


Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев

Намояндаи Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти қарзҳои ин ниҳод бояд се шарти калидиро иҷро кунад.

“Financial Times”-и чопи Лондон, яке аз мӯътабартарин нашрияҳои иқтисодии дунё, рӯзи 28 апрел хабар дод, ки як ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул (IMF) дар ҳафтаҳои наздик ба Тоҷикистон меравад ва ин зоҳиран аломати шурӯи музокираҳо байни Душанбе ва ин ниҳоди молӣ пиромуни кӯмакҳои молиест, ки ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ ниёз дорад. Аммо Сандуқи пул барои дарёфти ин кумакҳо се пешшарт гузоштааст.

Масъуд Аҳмад, мудири департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи байналмилалии пул ба хабарнигори “Financial Times” дар Маскав Ҷек Фархӣ гуфтааст, ин ҳайъат дар Душанбе хоҳад дид, ки “оё мо бар сари барнома(и кумак) ба чӣ тавофуқ мерасем.”

“Financial Times” мегӯяд, коҳиши пулҳои муҳоҷирони кориаш дар Русия Тоҷикистонро дар авҷи бӯҳрони афзояндаи молӣ қарор дода, пойин рафтани нархи пахтаву алюминий – ду маҳсулоти асосии содиротии ин кишвар Душанберо таҳти фишори боз ҳам бештари иқтисодӣ гузоштааст.

Масъуд Аҳмад гуфтааст, ки “онҳо(ҳукумати Тоҷикистон) ба чолишҳои бузург рӯбарӯ шудаанд. Шароити молии онҳо маҳдуд шудааст. Ҳам ба далели бозгашти муҳоҷирон ва ҳам ба далели нархи пасти пахтаву алюминий.”

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев моҳи феврал дар мусоҳиба бо “Financial Times” гуфта буд, Тоҷикистон ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони иқтисодии Русия имкони дарёфти то 500 миллион доллар кӯмаки молӣ аз Сандуқи байналмилалии пулро баррасӣ мекунад. Нуралиев ҳамчунин гуфт, ҷониби Тоҷикистон “дар марҳалаи гуфтугӯ бо Сандуқ қарор дорад,” вале ин ниҳод метавонад ба Тоҷикистон аз тариқи қарзҳои дарозмуддаташ кумак расонад.

Бонкдори аршади тоҷик афзуд, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ироаи дархости расмӣ барои кумакҳои молӣ тасмим нагирифтааст, вале ним миллиард доллар метавонад маблағи “муносиб” барои дарёфт аз Сандуқи пул бошад.

Вале Аҳмад Масъуд, намояндаи аршади ин ниҳоди молӣ гуфтааст, ҳанӯз шарҳи ҳаҷми маблағи кумак ба ҳукумати Тоҷикистон каме барвақт аст. Ӯ афзуда, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ба силсилаи шокҳо дучор шудаанд: “Ва ин танҳо ба далели паст рафтани нархи нафт нест, балки осори афзоиши равандҳое, ки аз тариқи Русия меоянд, ва натиҷаи суст шудани рушди иқтисоди Чин ҳам ҳаст.”

Бино ба пешбинии нави Сандуқи байналмилалии пул, ки тоза рӯзи 27 апрел нашр шуд, рушди иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар нуқтаи аз соли 1996 ба ин тараф пасттарин қарор дорад ва имсол рушди миёнаи иқтисоди ин минтақа ҳамагӣ 1,2 дарсадро ташкил хоҳад дод. Масъуд Аҳмад ба “Financial Times” гуфтааст, тайи 5 соли оянда иқтисоди ин қаламрав дар ҳадди 3,5-4 дарсад рушд хоҳад дошт, ки назар ба 15 соли аввали асри 21 тақрибан ду маротиба камтар аст.

Ин намояндаи С андуқи пул, ки дар ин ниҳод масъулияти назорати вазъи иқтисодии Тоҷикистонро ҳам бар ӯҳда дорад, гуфтааст, Душанбе бояд барои дарёфти кумакҳои молии онҳо “дар сиёсаташ иқдомҳои пешакӣ ва қобили мулоҳиза бигирад.”

“Financial Times” менависад, рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол дар ҳадди 3 дарсад пешбинӣ мешавад, ки аз соли 1997 ба ин сӯ пойинтарин аст. Ҳамин тавр, қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар ду соли охир беш аз 40 дарсади қурбашро аз даст дода, мушкилоти иқтисод боиси заиф шудани низоми бонкии ин кишвар гардидааст. Дар натиҷа фоизи қарзҳо аз зери 15 дарсади миёнаи соли 2014 дар поёни соли 2015 ба ҳадди 30 дарсад расид. ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – ҳафтаи гузашта эълон кард, ки беш аз 600 нафар ё 7 дарсади ҳайъати коргаронашро ихтисор мекунад.

Масъуд Аҳмад, мудири департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи байналмилалии пул дар сӯҳбаташ бо “Financial Times” чанд арсаи калидии мӯҳтоҷи ислоҳот ва дахолати оҷили ҳукумати Тоҷикистонро низ баршумурдааст:

  • Ҳалли масоили бонкҳои бӯҳронзада ва тақвияти назорати бонкӣ
  • Аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар бозори табодули асъори хориҷӣ
  • Шаффофияти бештар дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва пайвастани онҳо ба буҷа.

Тоҷикистон, ки дар солҳои охир аз Чин кумакҳои саршоре ба даст оварда буд, ба ёриҳои Сандуқи пул ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ки аксаран таҳти шартҳои сахт ва дар ивази анҷоми ислоҳоти мушаххас дода мешаванд, таваҷҷӯҳи чандоне нишон намедод.

Дар ин миён Чин бо беш аз 1 миллиард доллар қарзи алакай додаву 6 миллиард доллари ваъдакардааш ба бузургтарин сармоягузори ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, соли гузашта, вақте ҳанӯз муовини вазири молия буд, дар як мусоҳибаи нодираш бо “Financial Times” гуфта буд, Пекин ба фарқ аз Сандуқи байналмилалии пул дар ивази қарзҳояш шарти зиёд намегузорад ва Душанбе ба қарзҳои Чин бартарӣ медиҳад, то ба қарзи пур аз шарту шурути ниҳодҳои молӣ.

Аммо дар ин миён худи Чин низ гирифтори мушкилоти иқтисодӣ шуд ва дигар мисли солҳои пеш дасти дарозе надорад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ёриҳо саршор кунад.

Як далели баъди қариб 8 сол дигарбора барои кумак ба Сандуқи пул рӯ овардани Душанбе низ зоҳиран ҳамин канда ё ҳадди ақал кам шудани умедҳояш ба ёриҳои Пекин аст.

Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2008 Бонки миллии Тоҷикистонро айбдор карда буд, ки ба хотири дарёфти қарзҳои ин ниҳоди молӣ гузоришҳои дурӯғ пешниҳод кардааст. Аммо Масъуд Аҳмад гуфтааст, ки ӯ мехоҳад ҳисобашро аз имрӯз шурӯъ кунад, то аз пардохтан ба ончӣ ки моли таърих шудааст.” Дар посух ба ин суол ки оё Душанбе рӯи ниёз ба Пекин нахоҳад овард,, намояндаи Сандуқи пул гуфтааст, ики ҳукумати Тоҷикистон “мухотаби худ барои ҳалли ин масоилро рӯшан кардаанд” ва аз нигоҳи ӯ, фикру умеди Душанбе дар масъалаи дарёфти кумакҳои иқтисодӣ ин бор ба сӯи Сандуқи пул дӯхта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG