Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сандуқи пул дар кӯлбораш барои Тоҷикистон чӣ овардааст?


Акси мулоқоти раҳбарияти вазорати молия бо ҳайати намояндагони СБП

Акси мулоқоти раҳбарияти вазорати молия бо ҳайати намояндагони СБП

Ҳайати намояндагони Сандуқи байналмилалии пул дар Душанбе имкони пуштибонии молии Тоҷикистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад.

Ҳайати намояндагони Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар Тоҷикистон имконияти пуштибонии молии ин кишварро бо мақомот дар Душанбе баррасӣ мекунанд. Дар дафтари намояндагии СБП дар Душанбе ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки сафари ҳайати мазкур ба раҳбарии Пол Росс аз 5 то 11 май идома мекунад ва дар ҷараёни ин сафар қарор аст, ҳайати масъулини СБП бо вазъи иқтисодиву молии ин кишвар аз наздик ошно шаванд.

Рӯзи 5 май Пол Росс ва дигар аъзои ҳайати СБП, ки аз қароргоҳи ин муассиса дар шаҳри Вашингтон ба Душанбе омадаанд, бо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дидору гуфтугӯ анҷом доданд. Ба иттилои вебсайти вазорат, дар ҷараёни ин мулоқот таваҷҷӯҳи вижа ба масоили марбут ба сиёсати пулӣ, андоз, бонкӣ ва ҳамчунин буҷаи соли 2016-и Тоҷикистон равона шуд.

Дар ин мулоқот, бо назардошти дурнамои иқтисодии кишвар, ба хароҷоти аслӣ, даромади интизорӣ, камбуди эҳтимолӣ ва манбаъҳои маблағгузорӣ, инчунин ба равобити Тоҷикистон бо сохторҳои дигари молиявии кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Пол Росс дар ин мулоқот машварат ва пешниҳодҳои худро ироа кард, вале феълан ҷузъиёти бештари ин дидору гуфтугӯҳо дар даст нест.

Дар хабари вазорати молия гуфта мешавад, ки ҳайати Сандуқи байналмилалии пул масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои аслии сиёсати иқтисодии кишварро баррасӣ мекунад.

Музокироти ҳайати намояндагии СБП бо мақомоти Тоҷикистон дар шароите мегузарад, ки Душанбе хостори кӯмаки ин ниҳод дар ҳаҷми ҳадди аққал 500 миллион доллар шудааст. Масъулини ин ниҳод таъкид карданд, ки коҳиши пулҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия Тоҷикистонро дар авҷи бӯҳрони афзояндаи молӣ қарор дода, пойин рафтани нархи пахтаву алюминий – ду маҳсулоти асосии содиротии ин кишвар Душанберо таҳти фишори боз ҳам бештари иқтисодӣ мемонад.

Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев моҳи феврал дар мусоҳиба бо “Financial Times” гуфта буд, Тоҷикистон ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони иқтисодии Русия имкони дарёфти то 500 миллион доллар кӯмаки молӣ аз Сандуқи байналмилалии пулро баррасӣ мекунад. Вале дар пай масъулини ин ниҳод тавассути матбуоти хориҷӣ гуфтанд, ки СБП дар баробари Тоҷикистон иҷрои се шартро тақозо кардааст, ки ин ҳам анҷоми ислоҳот ва дахолати оҷили ҳукумати Тоҷикистонро дар назар мегирад. Тақозои СБП ин аст, ки Тоҷикистон

  • Ҳалли масоили бонкҳои бӯҳронзада ва тақвияти назорати бонкӣ
  • Аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар бозори табодули асъори хориҷӣ
  • Шаффофияти бештар дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва пайвастани онҳо ба буҷаро ба роҳ монад.

Бино ба пешбинии ахири Сандуқи байналмилалии пул, ки рӯзи 27 апрел нашр шуд, рушди иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар нуқтаи аз соли 1996 ба ин тараф пасттарин қарор дорад ва имсол рушди миёнаи иқтисоди ин минтақа ҳамагӣ 1,2 дарсадро ташкил хоҳад дод. Масъуд Аҳмад ба “Financial Times” гуфтааст, тайи 5 соли оянда иқтисоди ин қаламрав дар ҳадди 3,5-4 дарсад рушд хоҳад дошт, ки назар ба 15 соли аввали асри 21 тақрибан ду маротиба камтар аст. Ин намояндаи Сандуқи пул, ки дар ин ниҳод масъулияти назорати вазъи иқтисодии Тоҷикистонро ҳам бар ӯҳда дорад, гуфтааст, Душанбе бояд барои дарёфти кумакҳои молии онҳо “дар сиёсаташ иқдомҳои пешакӣ ва қобили мулоҳиза бигирад.”

Константин Бондаренко, иқтисодшиноси мустақил ва раиси Маркази «Бозори озоди Тоҷикистон», ки дар шаҳри Киев қарор дорад, гуфт, интизороти Душанбе барои дарёфти маблағи ҳангуфти кӯмак баъид аст, ки ба осонӣ ва зуд бароварда шавад. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ равобити кунунии Тоҷикистон ва СБП-ро чунин шарҳ дод:

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко: Пеш аз ҳама бояд дар бораи сабабҳои барои кӯмак муроҷиат кардани Тоҷикистон сӯҳбат кунем. Ҳаҷми кӯмаке, ки Тоҷикистон аз он лаб кушодааст, ғайриоддӣ аст. То ҷое ман медонам, то имрӯз ҳеҷ вақт якбора чунин ҳаҷми азими кӯмак ирсол нашудааст. Бо вуҷуди ин ки дар гузашта Тоҷикистон ба таври муттасил кӯмакҳои мухталифро барои иҷрои тарҳҳои гуногун дарёфт кардааст, ин ҳаҷми пул боз ҳам хеле азим аст. Ин маънои онро дорад, ки вазъи иқтисод воқеан ҳам бад аст. Эътидоли қурби пули миллӣ як падидаи муваққаттӣ аст. Дар сурати тағйири омилҳои берунаи таъсиргузор, мисли тағйири нархи нафт ё бадшавии вазъи иқтисоди Русия, ҳатман ки ин ҳама дар вазъи Тоҷикистон инъикос мешавад. Ҳоло яқин аст, ки вазъи иҷрои буҷа хуб нест, даромади муҳоҷирон ва пардохтҳои гумрукӣ кам шудааст, аз ин рӯ, тахминан дар тирамоҳ мо боз ҳам шоҳиди фишор болои қурби пули миллӣ хоҳем шуд. Даромади аҳолӣ ҳам кам шудааст ва ҳукумат мехоҳад, ки вазъро ислоҳ кунад. Маблағҳое лозим аст, ки ин мушкилро ҳал кунад. Ҳоло Тоҷикистон наметавонад умед ба манбаҳои дигар бандад, масалан, узвият дар созмони ҳамкориҳои АвруОсиё, кӯмаки Русия ё Қазоқистон ва дигарҳо. Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд барои кӯмак ба СБП муроҷиат кунад ва умедвор аст, ки ин созмон кишварро дар ҳолати бад танҳо намегузорад. Чунки ҳама мефаҳмад, ки ҳама гуна мушкилоти иқтисодӣ метавонад мушкилоти иҷтимоиву дигарро дар пай дошта бошад, ва дар он сурат, масъала аз танҳо мушкили маҳаллӣ ба байналмилалӣ табдил мешавад. Вале гумон аст, ки ин созмон якбора маблағи ҳангуфтро барои кӯмак ба Тоҷикистон пешкаш кунад. Дар гузашта (соли 2008 – Радиои Озодӣ) СБП дар масъалаи харҷи ғайримақсадноки маблағҳои ин ниҳод аз Душанбе изҳори норозигӣ карда буд.

Радиои Озодӣ: Вале маълум аст, ки дар сурати ризоияти СБП ба пуштибонии Тоҷикистон, шартҳое гузошта мешаванд.

Константин Бондаренко: Бале, ин мусаллам аст ва ба андешаи ман, яке аз ин шартҳо марбут ба фаъолияти сохторҳои бонкӣ дар Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора ошкор сӯҳбат накунанд ҳам, дар гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ ва ҳам СБП дидан мумкин аст, ки онҳо дар кори бонкҳои Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ мебинанд. Мушаххасан, ду бонк – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» - нарм карда гӯем «дорои мушкил» ва сахттар гӯем - «дар ҳолати варшикастагӣ» қарор доранд. Таъкид мекунам, ки ин назари ман нест, инро дар гузоришҳо менависанд. Ин ҷо сухан аз ҳадди аққал ду миллиард сомонӣ меравад. Ҳамин маблағ зарур аст, ки ин ду бонк аз ҳолате, ки ҳоло дучор шудаанд, берун оварда шавад. Онҳо мебинанд, ки сиёсати идораи бонкҳо ба ҳамин гуна вазъ оварда расондааст. Яке аз талаботи СБП шояд ин шавад, ки ин бонкҳо зери назорати ин ниҳод гузаранд. Ҳеҷ кас омода намешавад, ки ба ин бонкҳо ҳамин тавр ин пулҳо дода шавад ва онҳо дубора аз рӯи методи пешинаашон корро идома диҳанд: яъне, қарзҳои «бад» пешкаш кунанд, ки бознамегарданд ва ё дар ҳар гуна таррҳҳои сохтмонӣ ширкат кунанд… Дигар масъала, ба назари ман, сиёсати асъор буда метавонад. СБП аз методҳои маъмурии бархӯрд ба масъала интиқод мекунад, яъне манзур – бастани нуқтаҳои саррофӣ, маҳдудияти гардиши асъори хориҷӣ ва ғайра. Шояд ҳам онҳо дар ин музокирот талаб кунанд, ки ин методҳо бекор шаванд. Онҳо бояд, ки вазъро дақиқ ва рӯшан дида тавонанд. Вақте дар кишвар як сиёсати шадиди асъор амал мекунад, бозори сиёҳ вуҷуд дорад, онҳо дар ин сурат вазъи воқеии кишварро дида наметавонанд.

Радиои Озодӣ: То куҷо мақомоти Тоҷикистон омода ҳастанд, ки зери фишори бӯҳрони иқтисодӣ, ҳама шартҳои сармоягузорони хориҷиро қабул кунанд ва даст ба ислоҳот зананд?

Константин Бондаренко: Ман чандон мутмаин нестам. Чунки мавридҳои бархӯрди манфиатҳо хеле зиёд аст. Одамон одат кардаанд, ки модели феълӣ амал мекунад ва ба ин шаклаш солиёни дароз кор кардааст. Албатта, ба баъзе гузаштҳо розӣ мешаванд, вале баъид аст, ки даст ба ислоҳоти ҷиддӣ зананд. Гузаште метавонад дар сиёсати қурби асъори хориҷӣ ҷорӣ шавад. Агар талаботе дар заминаи хусусигардонӣ ва ё бонкҳо садо диҳад, ин ҷо бо дили пур гуфтан душвор аст, ки иқдоми мақомоти чӣ мешавад. СБП як бозигари муҳим аст ва мехоҳад, ки барои кӯмаки кардааш посухи муносиб дарёфт кунад. Вай ҳамчунин медонад, ки ин пул дар фурсати кӯтоҳ тамом мешавад ва вазъ дубора ба ҳолати пешинааш бармегардад.

XS
SM
MD
LG