Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани дувуми ҷудоихоҳони ҷаҳон


Дар шаҳри Маскав конфронси дувуми ҷудоихоҳони ҷаҳон баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш намояндагони Техас, Калифорния, Ирландияи Шимолӣ, вилояти Каталонияи Испания, Шотландия ва минтақаҳои дигар иштирок кардаанд. Конфронси мазкурро "Ҳаракати зидди ҷаҳонишавии Русия" баргузор кардааст, ки аз сӯи Кремл маблағгузорӣ мешавад. Миёни аъзои фахрии ҳаракат Башор Асад, президенти Сурия ва ҳамтои пешини эрониаш Маҳмуд Аҳмадинажод ҳам ҳаст.

Барои баргузории конфронси ҷудоихоҳони ҷаҳон гранти президентӣ дар ҳаҷми 3,5 миллион рубл ҷудо шудааст. Анҷумани нахустини ҷудоихоҳон моҳи сентябри соли 2015 дар Маскав баргузор шуда буд. Дар он намояндагони ҷудоихоҳони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луҳанск низ иштирок доштанд. Дар Кодекси ҷиноии Русия барои даъват ба нақзи тамомияти арзии ин кишвар то 4 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG