Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СҶК: Тоҷикистон бояд ба сели бозгашти муҳоҷирон омода бошад


Tajikistan -- Dushanbe, Tajik youths in airport want to go to the Russia for migrants, 15 January 2014

Tajikistan -- Dushanbe, Tajik youths in airport want to go to the Russia for migrants, 15 January 2014

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Кор мегӯяд, Тоҷикистон дар пасманзари коҳиши башиддати қурби рубли русӣ бояд ба мавҷи бозгашти муҳоҷиронаш аз Русия омода бошад.

Ин тавсияи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Кор (СҶК) дар Душанбест, ки бадтар шудани вазъи муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия пешгӯӣ кард ва афзуд, ин омил мумкин аст, мавҷи бозгашти муҳоҷиронро ба ватан ба вуҷуд орад.

Собир Аминов, ҳамоҳангсози миллии Созмони Ҷаҳонии Кор дар нишасте бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки барои рӯёрӯӣ бо ин бӯҳрон ва барои ҳадди аққал муваққатан қабул ва таъмин кардани муҳоҷирон бо ягон шуғле дар ватан бояд аз чораҳои фаврӣ кор бигирад. Ҷаноби Аминов мегӯяд, ҳарчанд ин кор барои Тоҷикистон саҳл нест, бо ҷалби сохторҳои молиявӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо метавон дар самти таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кори муваққатӣ дар кишвар то ҷое муваффақ шуд.

“Фикр мекунам, барои ҳадди аққал муваққатан дар Тоҷикистон мондани муҳоҷирон ҳукумат бояд чораи фаврие рӯйи даст бигирад ва барномае барои ҷалби онҳо бо ҷойи кор таҳия шавад. Бояд бонкҳо ҳам ба ин кор ҷалб шаванд ва шояд бо пешниҳоди қарзҳо бо фоизи паст ё масалан, ҷалби соҳибкорон бо пешниҳоди имтёзҳо метавон ба муҳоҷирон дар ин самт кӯмак кард, то тавонанд, то замони дар ватан буданд оилаи худро таъмин кунанд. Албатта, мушкилиҳо мешавад, аммо мо бояд кӯшиш кунем, ҳадди аққал ним сол тавонем, коре кунем, ки муҳоҷиронро дар дохил муваққатан ба коре машғул дорем, то ниёзҳои худро барвоарда созанд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз Рӯзи байналмиллалии муҳоҷирон таҷлил карданд, ки аксар муҳоҷирони корӣ дар Русия ва ҳамчунин хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистонро беқурбшавии рубл дар баробари доллар ва ночиз шудани музди кор нигарон кардааст. Дар як ҳафтаи охир арзиши рубли 20 дарсад коҳиш ёфт ва ин раванд мумкин аст, идома кунад. Ин вазъ нақшаву барномаҳои аксар муҳоҷиронро тағйир додаву боис шудаааст, ки бархе аз онҳо ё танҳо “барои шиками худ” окр кунанд ва ё ба ватан баргарданд.

Саъдӣ, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия тиҷорати худро дошт ва бо иҷораи мағозае ба фурӯши сару либоси мардона машғул буд, дар пайи ин беқурбшавии рубл, муфлис гашт ва маҷбур шуд аз хонаводааш дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад, то қарзи иҷораи мағозаро супурда, ба кори сохтмон гузарад. Вай мегӯяд, то охири ин моҳ ба хона бар хоҳад гашт. ”Масалан, як шими ҷинсро бо маблағи 500 рубл харида, бо нархи гаронтар мефурӯхтем, мағоза фоида дошт. Ҳоло нархҳо боло рафтааст ва харидор кам аст. Иҷораи бозор 45 ҳазор рубл аст, хулоса дигар ин ҷо кор кардан фоида надорад. Пеш ман ба хона агар 30 ҳазор рубл мефиристодам, 1000 доллар мешуд, як кора буд мекардем, ҳоло ин мабағ қариб 400 доллар мешавад. Барои ҳамин мағозаро бастаму ба сохтмон гузаштам ва рӯзҳои наздик ба хона меравам.”

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бӯҳрони Русия муҳоҷирони тоҷикро серташвиш ва дар ҷустуҷӯйи бозори иловагӣ кардааст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон ба ин сохтор муроҷиат карда, аз шароиту имкониятҳои сафар ба кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ пурсон мешаванд. Вале ба қавлӣ Қодирӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло барои ворид шудан ба бозори кори ин кишварҳо омода нестанд.

“Мо новобаста аз ин вазъ ҳамеша дар ҷустуҷӯйи бозори иловагӣ ҳастем. Албатта, махсусан бо кишвари Арабистони Саудӣ ва Қатар, ки барои бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ дар соли 2022 омодагӣ мебинад, лоиҳаи ёддошти тафоҳумро омода сохтем ва ҳамчунин бо Куриёи Ҷанубӣ як санаде омода сохтаем. Вале мутаасcифона, имрӯз шаҳрвандони мо ба талаботи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ё арабӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ҳисоби надонистани забони давлати қабулкунанда ва ҳамчунин он номгӯйи ихтисосҳое, ки пешниҳод мегарданд, мутахассисони мо ба он ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ мо бояд дар ин замина ба таври ҷиддӣ кор кунем ва онҳоро омода кунем.”

Дар зимн Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар пасманзари ронда шудани муҳоҷирони тоҷик дар соли 2013 тибқи як лоиҳаи нав дар садади ирсоли як гурӯҳи 30-нафараи муҳоҷирон ба Қазоқистон аст.

Малика, намояндаи созмони мазкур мегӯяд, агар ин таҷриба муваффақ шуда, муҳоҷирон тавонанд, бидуни мушкил дар ин кишвар кору зиндагии худро ба роҳ монанд, онҳо теъдоди бештари муҳоҷиронро бо ин барнома фаро хоҳанд гирифт: “Вале ҳоло албатта, теъдоди муҳоҷироне, ки хоҳиши рафтан ба Қазоқистон барои корро дошта бошанд, зиёд нестанд. Мо аввал фикр кардем, ин иқдом тарафдори зиёд пайдо мекунад, аммо баъдан дидем, ки нест. Мардум одат кардаанд ба кору зиндагӣ дар Русия ва ҳамчунин шоядмаош ҳам аз Русия каме фарқ кунад. Вале оянда умед дорем, вазъ тағйир меёбад, аз сӯйи дигар Қазоқистон наздиктар аст ва муносибат ба муҳоҷирон назар ба Русия дар Қазоқистон беҳтар хоҳад буд. Қазоқистон ҳам ҳоло рушди хуб дорад дар Осиёи Марказӣ ва ба ҷалби муҳоҷирон ҳавасманд аст.”

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 800 000 то 1,5 миллион нафар баровард мешавад.Гуфта мешавад, 11 дарсади хонаводаҳои муҳоҷирон солона аз бачаҳои мардикори худ на камтар аз 2000-долларӣ дарёфт мекарданд. 26 дарсади хонаводаҳои тоҷик дар сол аз Русия то 2000, 25 дарсад то 1000 ва 22 дарсади дигар ҳамагӣ 500 доллар кӯмак мегирифтаанд. Аммо коҳиши бесобиқаи қурби рубли русӣ, киҳаёту кори муҳоҷирони тоҷикро дигар кард ва нақшаву ниятҳои онҳоро, ки зиндагии хонаводаҳои бузурги худро дар Тоҷикистон бо ин роҳ пеш мебурдандба ҳам зад. Интиқоли пули муҳоҷирон имсол ба кишвар аз 2 то 6 дар сад кам шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG