Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздик ба 40 дарсади духтарони ноболиғи рустоӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, бесаводу камдониш мебошанд.

Ин аст хулосаи таҳқиқоти созмони ҷамъиятии «Маърифат», ки ахиран дар дафтари саҳроии САҲА дар шаҳри Қӯрғонтеппа муаррифӣ шуд. Маърифат Хидиралиева, раиси созмони мазкур, гуфт, қисмати қобили мулоҳизаи духтарони деҳотӣ ба сабаби мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтан ва таҳсили худро дар мактаб ба поён нарасонидан, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону музтар монда, пас аз издивоҷ ҳам ҳуқуқу манфиаташон поймол мешавад. Вай афзуд, анҷоми таҳқиқот дар шароити деҳот бисёр сахт ва ҳатто барои муҳаққиқон хатаровар буд.

Хонум Хидиралиева гуфт: «Духтарон намехостанд, ки ҳатто сабаби аз таҳсил дар дабистонҳо канор монданашонро шарҳ бидиҳанд. Оилае ҳам буд, ки аз чаҳор духтар ҳатто якеаш ба остонаи мактаб по нагузоштааст. Вақте муҳаққиқон ба хонаҳо мерафтанд, чанд дафъа духтарон ва модаронашон ба онҳо гуфтанд, ки агар мардони хона омаданатонро фаҳманд, ҳам рӯзи мо сиёҳ мешаваду ҳам аз шумо. Муҳаққиқон ҳам гоҳе метарсиданд. Аммо, мутаассифона, ҳатто модарон Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

ҳам андеша намекунанд, ки духтарашон агар саводнок нашавад, дар зиндагӣ азият мекашад. Ҳатто агар шавҳар кунад, аз ҳаққи худ дифоъ карда наметавонад, бахтшикаста шавад, боз ҳамон духтари бесавод ба хонаи модар бармегардад. Агар таҳсилдида бошад духтар, пайдо кардани ҷойи кор барояш осон даст медиҳад.»

Вай ҳамчунин аз таҳқиқоти анҷомшуда истинод овард, ки танҳо 60 дарсад аз респондентҳо гуфтаанд, ки метавонанд роҳат бихонанду нависанд. Инҳо занону духтарони болиғ аз 14-солаи деҳотҷойи ноҳияи Хуросон будаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон духтар ба сабаби таъмин набудани амният, аз таҳсил дар мактабҳо маҳрум шуда буданд ва хату саводи қазоиро ҳам аз бар накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Музаффар Муродов, намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон, гуфт, натоиҷи таҳқиқоти созмони ҷамъиятӣ баҳсбарангез ва ғайри қобили қабул буда, феълан ҳадди аксари духтарони ноболиғ ба таҳсил дар таълимгоҳҳо фаро гирифта шудаанд: «Дар оянда мо намегузорем, ки ягон нафар хонанда, махсусан духтарон, берун аз мактаб монанд. Дар қонунҳои нав таҳсили 11-сола дар мактаб ҳатмӣ карда шудааст, сини никоҳӣ ҳам аз 17 ба 18 расонида шуд. Ин ҳама бо ин ҳадаф буд, ки духтарони мо таҳсил кунанд, босаводу донишманд шаванд, узви фаъоли ҷомеа бошанд.»

Аммо Саъбагул Ҳикматова, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳазорҳо духтарони бесаводи деҳ, ки шаҳодатномаи хатми мактаб ё маълумоти олӣ надоранд, наметавонанд рӯзгори таъмину осоишта ва ҷойи кор бо ҳақмузди шоиста дошта бошанд. Ба гуфтаи хонум Ҳикматова, аз меҳнати занону духтарони деҳ танҳо дар кори сахти саҳрою хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода мекунанд: «Духтарони бисёрро мебинем, ки ҳатто навишта ва хонда наметавонанд. Аз ҳуқуқҳояшон ҳам бархӯрдор нестанд. Бисёр оилаҳое, ки вайрон мешаванд, тибқи мушоҳида, зану мард бесавод мебошанд. Бояд ба ояндаи фарзандони худ раҳм кунем, духтар ҳам фарзанд аст, вай ҳам ҳаққи хондан дорад.»

Саъбагуло Одинаева

Саъбагуло Одинаева

Мақомоти расмии Хатлон ба хотири ҷалби ҳарчи бештари духтарон ба таҳсил барномаи вижае таҳия кардааст, ки ваъдаи «мусоидат ба шомили донишгоҳ шудани духтарони лаёқатманди деҳотӣ» яке аз нуқоти ин барнома аст. Вале Саъбагул Одинаева, масъули бахши ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводаӣ ва кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, давлат ба хотири таҳсили духтарон гоҳо аз чораҳои маҷбуркунӣ низ истифода мекунад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли ҷорӣ нисбат ба 12 падару модар, ки монеи таҳсили духтарони худ дар мактабҳо шудаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидааст:

«Мо таҳлил кардем ва ба ин хулоса омадем, ки бисёре аз ноболиғони канормонда аз таҳсил аз оилаҳои оҷизу камбизоат ҳастанд. Онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд. Аммо риояи қонун ҳатмист ва кӯдак бояд ҳатман дар мактаб таҳсил кунад. Мутаассифона, агар падару модар дар рӯ ба рӯйи интихоб қарор бигиранд, ки кадоме аз фарзандонашон – писар ё духтар таҳсил кунад, ҳатман афзалиятро ба писарон медиҳанд. Муносибат ба фарзандон дар оилаҳо якхела нест. Духтарон бештар осебпазиранд.»

Вале таҳлилгарон мегӯянд, феълан дар Тоҷикистон шароити мусоид барои таҳсили ғоибона ё шабонаи заноне, ки дар гузашта имкони таҳсилро надоштаанд, низ фароҳам нест. Мактабҳои шабона ё таҳсили ғоибона танҳо дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар мавҷуданд, ки наметавонанд шумораи калони довталабонро ба таҳсил фаро гиранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маърифат Хидиралиева, раиси созмони ҷамъиятии «Маърифат», бо такя ба манобеи вазорати маориф гуфт, ҳамасола ҳудуди 30 ҳазор нафар тарки таҳсили мактабҳо мекунанд. Аммо масъулони риштаи маориф бо истинод ба таҷрибаи Амрико, ки ҳамагӣ 65 фоизи ҷавонон соҳиби аттестати таҳсил дар мактаби ҳамагонӣ ҳастанд, мегӯянд, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон дар ин маврид қиёсан беҳтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG