Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот табибонро ҳушдор дод: "Хунукназарӣ накунед!"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз ин ба баъд пизишкони тоҷик маҷбур хоҳанд буд, дар муносибат бо беморон эҳтиёткор бошанд, зеро хунукназарӣ метавонад, ба ҷайби онҳо зарба занад.

Аллакай 140 корманди соҳаи тиб аз тарафи Хадамоти назорати Вазорати тандурустии кишвар бо иттиҳоми бемасъулиятӣ ҷазои маъмурӣ дида, аз 400 то 1600 сомонӣ ҷарима ва барои бесалоҳиятӣ 7 духтур аз кор барканор шудаанд.

Давлатмурод Олимов, сардори шӯъбаи назорати давлатии вазорати тандурустӣ, мегӯяд, муносибати духтурон бо беморон яке аз самтҳои кори ин ниҳод аст: "Ҳоло дар ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар комиссияҳои одобу муошират амал мекунад, ки онҳо ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Ҳамчунин, дар гӯшаҳои махусус рақамҳои роҳбарияти муассиса ва нафарони масъул навишта шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ ва пеш омадани мушкилот сокинон метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд."

Ба гуфтаи ҷаноби Олимов, дар соли ҷорӣ беш аз 50 сокини норозӣ аз кори пизишкон муроҷиат кардаанд, ки дар пайи аризаи шикоятии онҳо санҷишҳо ташкил шудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз хидматрасонии тиббӣ шикояти зиёд доранд, вале шумораи хеле ками онҳо омодааст, расман шикоят кунад.

Аммо Хадамоти назорати давлатии тиббӣ на танҳо шикояти мардум, балки куллан вазъи беҳдошт дар кишвар ва фаъолияти муассисаҳои тандурустиро тафтиш мекунад. Бино бар як дастури он ва барои танзими таъйини доруворӣ барои беморон, пизишкон вазифадор шудаанд, ки номи давоҳоро дар дорухатти махсуси мӯҳрдор бинависанд. Қарор аст, ин дастур пеши роҳи таъйини доруҳои гаронбаҳои нолозим ва истифодаи дастгоҳҳои ғайритиббиро гирад.

Ҷаноби Олимов афзуд: "Масалан, ҳатто онҳое, ки маълумоти тиббӣ надоранд, дастгоҳи ташхисии "Абирон" ё "Метатрон"-ро ворид кардаанд, ки ин дастгоҳ дар феҳристи таҷҳизоти тиббии вазорати беҳдошт дохил нест. Яъне, онҳо шаҳрвандонро бо роҳи фиреб гӯиё аз 8 то 10 навъи ташхисро бар ивази 130 сомонӣ мегузарониданд ва баъдан ғизоҳои иловагии биологие, ки доштанд, мефурӯхтанд."

Кӯшиши таҳти назорат гирифтани фаъолияти пизишкон замоне сар шуд, ки шикояти сокинони кишвар аз ҳалокати наздикони худ зимни иштибоҳи духтурон ба авҷ расид. Вале таъсиси хадамоти назорат ва тафтишҳои он чунин ҳолатҳоро коҳиш надодааст. Аз ҷумла Лайлӣ, як мусоҳиби мо, мегӯяд, "худам шоҳиди он шудам, ки дар зоишгоҳи вилоятӣ як зани ҷавон, ки ҷараёни таваллудаш вазнин мегузашт, фавтид. Ҳарчанд ин занро бояд ҷарроҳӣ мекарданд, аммо момодоя ба хотири он ки пул бегона нашавад, ин занро ба утоқи ҷарроҳӣ нафиристод. Масъулони зоишгоҳ ин момодояро барои як муддат ба истилоҳ "гурезонданд". Ҳоло вай бе мушкил дар ҳамин зоишгоҳ кор мекунад."

Вале масъулони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ мегӯянд, то имрӯз онҳо чунин ҳолатро ошкор накардаанд ва муроҷиате низ дар ин замина ба онҳо нарасидааст. Маҳмуд Кабирӣ, коршинос дар умури тиб, мегӯяд, эҳсос нашудани самимияти пизишк нисбат ба бемор аксаран боиси кам шудани бовари мардум ба хилъатсафедон мегарадад. Ҷаноби Кабирӣ афзуд, "яъне ин муносибати механикист. Ба он маънӣ, ки онҳо одамро чун объекти табобатӣ мегиранд, на чун инсон. Аз ин лиҳоз, мардум меранҷанд. Аз сӯи дигар, аксари духтурон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ шартнома доранд. Ҳангоме ки духтур бо бемор пеш аз ҳама муносибати тиҷоратӣ дорад, ин албатта, бовари мардумро камтар менамояд."

Коршиносони дигар низ роҳи раҳоӣ аз иштибоҳҳои тиббиро дар афзоиши дастмузди пизишкон мебинанд. Дар акси ҳол, мегӯянд онҳо, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва он ҳам бидуни ҳамкорӣ бо сокинони кишвар гумон аст, натиҷаи ҳалкунанда диҳад.
XS
SM
MD
LG