Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони пирӯзии Илҳом Алиев ва шикояти мухолифон аз қонуншиканиҳо


Бино бар хабари кумиссюни марказии интихобот раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз гаштааст, аммо мухолифони ӯ аз тақаллуби зиёд шикоят мекунанд,

Нозирони байналмилалии интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе мавқеи худро роҷеъ ба интихоботи рӯзи 9 октябри ин кишвар баён хоҳанд кард. Баъди шумориши тақрибан 80 дар сади баргаҳои раъй, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки президенти амалкунанда Илҳом Алиев бо 85 дар сади овозҳо пирӯзиро ба даст овардааст. Ба ин тартиб, Алиев барои сеюм бор ва ба мӯҳлати панҷ соли дигар дар Озарбойҷон сари қудрат хоҳад монд.

Тибқи натиҷаҳо, намояндаи мухолифин Ҷамил Ҳасанлӣ тақрибан 5 дар сади овозҳоро ба даст овардааст. Ҳасанлӣ мақомотро дар интихоботи тақаллубӣ айбдор кард ва гуфт, ки “тақаллуби азим дар интихобот ҳуқуқи мардумро барои райъдиҳӣ поймол кардааст”. Ва намояндаи расмии Ҳасанлӣ -- Карим Ҳасанов ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки бархе аз нозирони мухолифин ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ роҳ дода нашудаанд ва ҳатто баъзе аз онҳо боздошт ва ба шӯъбаҳои полис бурда шудаанд.

Созмонҳои мудофеи озодии баён бо таъкид ба саркӯби матбуоти мустақил ва созмонҳои ҷамъиятиву тарафдорони мухолифин гуфтанд, ки дар Озарбойҷон шароити баргузории интихоботи озоду одилона фароҳам нашуд. Интихоботи қаблии ин кишвари саршор аз нафт дар соҳилҳои баҳри Хазар низ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ набудааст.

Тибқи натиҷаҳои расмӣ, дар интихоботи гузашта Алиев тақрибан 90 дар сади раъйҳоро бурда буд. Дар як муроҷиати видеоиаш, ки шоми чоршанбе намоиш дода шуд, Алиев гуфт: "Ҳамватанони азиз, ман ба мардуми Озарбойҷон сипосгузорам, ки барои ман овоз додааст. Барои эътимодатон ба ман ва пешрафтҳои ояндаи кишварамон ташаккур мекунам. Ваъда медиҳам, ки ба миллатам бо масъулияти тамом хизмат ва аз манфиатҳои Озарбойҷон ҳимоят хоҳам кард."

Худи президент интихоботро ба унвони як маъракаи озоду шаффоф ва пирӯзии демократия ситоиш кард.

Нахустин шуда пирӯзии Алиевро дар ин мақом раиси ҷумҳур ва нахуствазири Туркия - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Абдуллоҳ Гул табрик гуфтанд.

Номзади мухолифин Ҳасанлӣ натиҷаҳои раъйдиҳиро маҳкум кард ва гуфт, ки ин кишвар ба самти диктотурӣ ҳаракат дорад. Рӯзи шанбе қарор аст мухолифон намоиши эътирозии худро аз натиҷаҳои интихобот доир кунанд. Ҳасанлӣ гуфт: "Муборизаи мо барои ҳуқуқи мардумамон идома меёбад. Ин ҳукумат аз назари ахлоқӣ ҳақ надорад, ки кишварро раҳбарӣ кунад. Диктаторҳое, ки хости мардуми худро нодида мегиранд, бояд бираванд. Роҳи дигаре нест."

Тарафдорони президент Алиев иддао доранд, ки вай ҳақи интихоби сеюмбораро дорад, ба он хотир, ки ба пешрафтҳои иқтисодӣ даст ёфт ва сатҳи зиндагии мардум боло шуд. Чунин дастовардҳо ғолибан ба шарофати содироти маҳсулоти нафтии ин кишвар ба Аврупо ҳосил шудааст. Вале мунаққидон ҳукуматро дар фасод, хешутаборбозӣ ва саркӯби пайвастаи мухолифон айбдор мекунанд.

Тарафдорони Илҳом Алиев пирӯзии ӯро ҷашн гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG