Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбози ҷавони тоҷик дар Ал-Айни Аморат дувум шуд


Икром Илҳомзода
Икром Илҳомзода

Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Аморати Муттаҳидаи Араб мақоми дувумро касб кард.

Ин мусобиқа дар шаҳри Ал-Айн бо ширкати ҳудуди 80 варзишгар аз 30 кишвар баргузор шуд. Икром Илҳомзода, ҷоизадори сабқати қораи Осиё миёни ҷавонон, дар 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст овард. Ӯ танҳо як бозиро ба Эҳсон Магамӣ, гроссмейстери эронӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, бохт.

Рашид Ҳусейнов, мураббии шатранҷбози ҷавони тоҷик, ба “Озодӣ” гуфт, “Икром Илҳомзода, ки феълан дар шаҳри Дубай таҳсил мекунад, имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Шарҷа пирӯзӣ ба даст оварда буд. Вай дар айни ҳол дар феҳристи Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) 2212 имтиёз ба даст овардааст ва ӯ миёни 20 шатранҷбози беҳтарини Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Икром мақсад дорад, ки меъёри гроссмейстериро ба ҷо орад. Барои ин ба вай дар рейтинги ФИДЕ 2500 имтиёз гирифтан зарур аст.”

Бояд тазаккур дод, ки ҳоло ягона гроссмейстер дар байни шатранҷбозони Тоҷикистон Фаррух Амонатов мебошад, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG