Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як соҳибкор мегӯяд, баъд аз гузориши тавсифомез аз кори ширкаташ дар телевизион навбати тафтишгарон дар паси дари ширкат кам намешавад ва муфаттишон на санҷиши кор, балки чизи дигар мехоҳанд.

Намояндагии Ширкати байналмилалии молиявӣ ё IFC (International Financial Corporation) дар Тоҷикистон, ки ҳамчун як ниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши хусусӣ дар кишварҳои рушдёбанда тамаркуз дорад, мегӯяд, ҳуқуқи аксарияти соҳибкорон ва моликони корхонаҳо аз сӯи ниҳодҳои назораткунандаи Тоҷикистон муроот намешавад. Ин натиҷагирии IFC дар пайи як пажӯҳиши нави он ба миён омадааст.

IFC мегӯяд, дар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ниҳодҳои тафтишкунанда бояд соҳибкорон ва моликони корхонаҳоро аз санҷиш се рӯз қабл огоҳ кунанд ва пеш аз оғози санҷиш санади расмии худро ба онҳо нишон диҳанд. Аммо пажӯҳиш нишон дод, ки танҳо дар 8 дарсади мавридҳо намояндагони ниҳодҳои назоратӣ соҳибкоронро аз санҷиши қарибулвуқӯъ огоҳ кардаанд.

Муаллифони гузориш ба нақл аз чанд соҳибкор мегӯянд, ки онҳо аз ҳама гуна баҳс бо нозирони хадамоти беҳдоштӣ худдорӣ мекунанд, зеро дар ҳолати баҳсу ҳақталошӣ “мушкили онҳо метавонад дучанд шавад”.

Як соҳибкори тавлидкунандаи яхмос таҷрибаи санҷиши корхонааш аз сӯи нозири беҳдоштии ноҳиявиро чунин тасвир кардаст: “Як бор аз нозири ноҳия пурсидам, ки оё барои тафтиши корхонаи ман ягон ҳуҷҷат доранд? Нозир хеле хашмгин шуда, гуфт, "ту чӣ ҳақ дорӣ ки аз ман чизе талаб кунӣ? Ҳомии зӯр дорӣ, ҳамроҳи ҳамон ҳомият маҷақата мебарорам!". Аз лаб во карданам пушаймон шудам ва танҳо бо додани пораи ҳангуфте нозир ором гирифт. Аз ҳамон вақт ман дигар аз нозир намепурсам, ки чаро омад, чунки бе гап ҳам фаҳмост, чаро омадааст.”

IFC ҳанӯз соли 2006 ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати осон кардани пешбурди бизнес ва ҳимояи соҳибкорон аз тафтишу санҷишҳои беасоси мақомоти давлатӣ дар такмилу беҳтар кардани қонун дар бораи “Санҷиши субъектҳои хоҷагидор“ ёрӣ дода буд. Аммо пажӯҳиши тозаи IFC мушаххас кардааст, ки меъёрҳои ин қонун ҳам дар амал риоя намешавад ва бизнес ҳамоно аз тафтишҳои беасос ва тамаъҷӯии нозирони ниҳодҳои гуногун азият мекашад.

Дар доираи ин пажӯҳиш беш аз 120 соҳибкор ва моликони корхонаҳои хурди истеҳсоли ғизо, дорухонаву тарабхонаҳо ва дигар ширкатҳои хурди маишӣ изҳори назар кардаанд. Азбаски намояндагони ҳамаи ниҳодҳои назоратию тафтишотии Тоҷикистон, ба истиснои Хадамоти давлатии беҳдоштиву вогиршиносӣ аз ширкат дар ин пажӯҳиш сарпечӣ кардаанд, натиҷаҳои пажӯҳиш низ асосан ба ҳамин ниҳод марбут гаштаанд.

Кору фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон беш аз 10 ниҳоди давлатӣ тафтиш мекунад. Аммо санҷишҳои паёпай ба гуфтаи соҳибкорон на ҳама вақт ба суди давлат анҷом меёбад, балки баръакс монеи рушди соҳибкорӣ дар кишвар мешавад.

Разиюлло Солиев, як соҳибкор тоҷик ва молики корхонаи хурди коркарди меваи хушк дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯяд, як гузориши тавсифии телевизиони давлатӣ дар мавриди кору фаъолияти ӯ ғайриинтизор барояш "дардисарсоз" шуд. Разиюлло мегӯяд, аз ситоиши кораш дар телевизион хушнуд буд, аммо пас аз пахши гузориш ниҳодҳои давлатӣ яке пайи дигар барои санҷиши фаъолияти корхонаи ӯ омаданд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бе пахши ин гузориш ҳам ниҳодҳои гуногуне фаъолияти корхонаи ӯро сари ҷанд вақт месанҷанд ва ба пешрафти бизнесаш монеъ мешуданд, аммо, зоҳиран ситоиши телевизионӣ бештар диққати онҳоро ҷалб намудааст.

“Масалан мо барои содироти меваи хушк аз Исфара ба Хуҷанд омада, аз Идораи карантини давлатӣ ҳуҷҷат мегирем. Ягон масъул омада, бори моро тафтиш ҳам намекунад, танҳо 100 доллар ба шахси зарурӣ медиҳӣ, дар 30 сомонӣ чек ва ҳуҷҷати заруриро тахт карда медиҳад,” -- гуфт Разиюлло Солиев.

Ин соҳибкор мегӯяд, муқобили санҷиши кори корхонааш аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ нест, аммо тафтиш дар як вақти муайян бояд сурат гирад вагарна аз санҷишҳои паёпай соҳибкор барои пешбурди кораш вақт намеёбад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ як гурӯҳи иборат аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва коршиносон бо кумаки IFC тарҳи қонуни наверо “Дар бораи тафтишот” омода кардаанд, ки ба гуфтаи муаллифонаш дар сурати қабул ва иҷро шуданаш “шонаҳои бизнес” аз бори гарони тафтишу санҷишҳои бесасос раҳо хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳаи ин қонун, агар соҳибкор аз омадани бозҷӯён се рӯз пеш огоҳ набошад, санҷиши нозирон (яъне тартиб додани санад, ҷаримабандӣ ва ғ.) беэътибор дониста мешавад. Иқтисоддонон ва соҳибкорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтишҳои сершумори ширкатҳои хусусиро аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ яке аз монеаҳои ҷиддии рушди соҳа мешуморанд ва аз тарҳими санҷишҳо, ки муддате дар кишвар бо дастури раисиҷумҳур ҷорӣ шуда буд, ҳамчун муҳаррики рушди иқтисод ёдовар мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG