Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар мардҳои тоҷик “ҷентлмен” шаванд, занон чӣ хоҳанд кард?


Як вакили парлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки миёни мардум чун “қонуни ҷентлменӣ” маъруф шуд.

Мақсад Собиров, раиси фраксияи ҳизби “Республика” дар порлумони Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар пояи ин тарҳ, мардҳо вазифадор мешаванд, ки ҳангоми аз ҳам пошидани оила ҳама дороиҳои худро дар ихтиёри зану фарзандон гузоранд. “Аз нигоҳи ман, марди ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ зану фарзандашро бесарпаноҳу сарсони хиёбонҳо намекунад.”

Мақсад Собиров афзуд, ки ин гуна “ҷентлменӣ”, яъне баъди талоқ хонаро тарк намудани мард, қарнҳо дар Қирғизистон як амри маъмулӣ буд, аммо “солҳои охир вазъ куллан тағйир ёфт ва мардҳо баъди талоқ зану кӯдакҳояшонро аз хона берун мекунанд ва парвое надоранд, ки онҳо куҷо мераванду шабашон дар куҷо рӯз мешавад”. Сиёсатмадори қирғиз бо дареғ мегӯяд, айни ҳол дар додгоҳҳои Қирғизистон садҳо мурофиаи додгоҳии марбут ба тақсими моликият ва, аксар вақт, молу амволи ночиз, идома дорад ва на мард ва на зан ба ҳам гузашт намекунанд.

Ин сиёсатмадор мегӯяд, пешниҳоди ӯ ҳангоми баррасии қонун дар бораи ҳатмӣ шудани “қарордоди никоҳ” зимни ақд дар идораи ЗАГС ироа шуд. “Айни ҳол тарҳи қонун таҳия шудааст ва талош мекунам, ки он баррасӣ шавад... Аммо ин каме душвор аст, зеро ба зудӣ ваколатҳои ин порлумон поён меёбанд... Дар сурати пирӯзиям дар интихоботи нав ин тарҳро ҳатман пешниҳод мекунам, дар акси ҳол аз сӯи дигар вакили ҳизбамон пешбарӣ хоҳад шуд... “

“МАРДУ ҶЕНТЛМЕНТУ РИТСАР, КУҶОЕД?”

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди тоҷик, мегӯяд, аз пешниҳоди сиёсатмадори қирғиз хушаш омадааст, зеро солҳои пеш чандин бор шоҳиди он буд, ки мардҳо баъд аз моҷарои хонаводагӣ ё талоқ ҳама дороиро ба зану фарзанд монда, бадар рафтаанд. “Ману устод Зафар Нозим солҳо бо ҳам дӯстӣ доштем. Боре дар оилаи ин устоди ҳунар носозӣ ё нофаҳмие рӯй дод ва ӯ ба қавле, пиҷакашро сари китф карду хонаашро тарк намуд... “ Аммо, ба иқрори мусоҳиби мо, ин гуна ҳодисаҳо имрӯз хеле кам ба чашм мерасанд, “дар баъзе хонаводаҳо барои чизҳои ночиз байни зану шавҳар кашмакашҳо рӯй медиҳанд, ки то ба додгоҳ мекашанд...”

Саидиброҳими Назар, яке аз фаъолони ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аслан бар пояи қавонини ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ, ҳар шахс ҳақ дорад, ки дороии худро пешаш нигаҳ дорад ё ба касе ҳадя кунад. Ва ҳеҷ кас наметавонад ки каси дигарро ба тақсим ё бахшидани дороияш маҷбур созад. Аз ин рӯ таҳияи қонуне дар ин бора зарур нест.

Ҳамзамон, ба иқрори мусоҳиби мо, солҳои ахир воқеан мардиву ҷавонмардӣ камтар шудааст, зеро акнун дар ҷомеа пулу сармоя “ҳоким” аст, вазъе, ки ҳеҷ гоҳ хоси фарҳанги тоҷикон набуд. Ҳамроҳ бо ойини ҷавонмардӣ мафҳумҳои “адолат” ва “тараҳҳум ба ҳамдигар”, “гузашт кардан” ҳам камарзиш шудаанд.

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева, вакили пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳам аз он мутаассиф аст, ки мардиву мардонагӣ дар бӯҳрони амиқ аст ва мардҳое, ки, бигирем, баъди талоқ ҳама дороияшро ба зану фарзанд мегузорад, ангуштшуморанд. “Ҳоло дар Тоҷикистон марду ҷентлмену ритсар хело кам мондааст... Агар мардҳо мард бошанд, магар мегузоранд, ки занҳояшон барои таъмини рӯзгори хонавода аз субҳ то шом дар бозор нишинанд ё дар зери офтоби сӯзон дар саҳро кор кунанд? Дар ҳоле, ки баъзеи ин мардҳо дар саҳро кор карданро барои худ ор медонад... Агар мард мебуданд, магар занҳои худро партофта дар Русия зан мегирифтанд? Як бахш аз ин мардҳо солҳо аз ҳоли зану фарзанди худ хабар намегиранд ва ҳатто пули пучаке ҳам барои онҳо намефиристанд...”

Ҳамзамон, Саодат Амиршоева иқрор мекунад, ки иддае аз занҳо баъди ба муҳоҷирати корӣ рафтани шавҳарҳояшон бероҳа мешаванд ё пули фиристодаи онҳоро фақат барои фароғати худ истифода мекунанд.

“АЗ “ҶЕНТЛМЕНИ”-И МАРДҲО ЗАНҲО АЗ ХУД МЕРАВАНД”

Заррина Кенҷаева, равоншиноси Кумитаи занон ва оилаи назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки “қонуни ҷентлменӣ”-ро қабул надорад, зеро баъди пазируфта шудани он занҳо “аз худ мераванд”.

Заррина Кенҷаева
Заррина Кенҷаева

Ҳамзамон ӯ ҳам ба кам шудани мардиву мардонагӣ ё ҷентлменӣ дар ҷомеа таъкид мекунад. Ӯ меафзояд, вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаред, мебинед, ки ҷавонмардҳо бо чӣ алфози қабеҳ сӯҳбат мекунанд ва ба занону духтарон эҳтиром надоранд ё ба онҳо фақат бо нигоҳи шаҳват менигаранд, дилатон аз марду мардӣ мемонад”. Ӯ меафзояд, “чанд рӯз пеш дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат шоҳиди як ҳодиса шудам. Аз толор як ҷавонзани хушандоме берун шуд ва ба падараш, ки дар наздикиҳои мо буд, шодиёна дод – “Ота, пули алимента 120 сомонӣ карданд!”. Ба дунболи ӯ як ҷавони назарногири ланг бо рангу рӯи канда берун шуд ва бо овози ларзон ба як кампири деҳотинамо гуфт, “Оча, 50 сомонӣ буд, 120 сомонияш карданд”. Ин зан ба толор даромаду худро пеши пойи додрасҳо партофт ва ба нолаву шеван пардохт – “О бачаи ман аз куҷо пул меёбад, ки онҳоро хӯронад!”.Вақте мард барои фарзанди худ 120 сомониро ҳайф медонад, аз куҷо метавон интизор шуд, ки ӯ баъди ҷудо шудан ҳама чизу чораи худро ба зану фарзандаш медиҳад”.

Аммо Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманди маъруф, ки саҳначааш “Ҷентлмен” миёни мардум маъруфияти зиёд дорад, мегӯяд, бо ақидае, ки дар Тоҷикистон мардҳову ҷентлменҳо камчин шудаанд, розӣ нест. “Ман шахсеро мешиносам, ки баъди барор нагирифтани сафар ба хонааш баргашта ва занашро дар оғӯши марди дигар дидааст... Ӯ ҳам костумакашро гирифта, бе моҷарову даъво хонаро тарк кард. Дар мурофиа ҳам ӯ ҳеҷ даъво накард, ки се кӯрпачаро ман мегирам ва се кӯрпача ба зани пештараам монад... Зиёда аз ин, ӯ воқеан мардӣ карда ва ҳар моҳ пулеро барои се фарзандаш пасандоз мекард ва тӯи онҳоро ҳам худаш баргузор намуд”.

“ГАР БАР САРИ НАФСИ ХУД АМИРӢ, МАРДӢ!”

Аловиддин Абдуллоев мутмаин аст, ки ба бисёр мардҳо ҳамон хунгармии азалӣ ва “нангу номус” иҷоза намедиҳад, ки бо занҳо чун ҷентлмени ҳақиқӣ рафтор кунанд – бисёриҳо мутмаинанд, ки чун зан ӯро тарк мекунад, бояд ҳатман муҷозот шавад. Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода ҳам бо ин ақида мувофиқ аст ва аммо мегӯяд, “ҷавҳари мардӣ доштан, марди майдон будан, мардигарӣ дар хонавода ва нисбати пайвандон, мардона сари ятимеро сила кардану ғариберо навохтан аз он хислатҳои тоҷиконанд, ки қарнҳо тору пудашонро фаро гирифтааст”.

Ӯ меафзояд, марди воқеӣ бар нафси худ ғолиб аст ва ба ин ҳанӯз Маликушшуаро Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъкид карда буд - “гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!”. Як намунаи дигари мардӣ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, бахшидани гуноҳи дигарон аст, тавре Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ин чанд байт на фақат душманони худро бахшидааст, балки ба онҳо барору саодат хостааст:

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёд бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод”.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле к-аз боғи умраш бишкуфад, бехор бод!

Вожаи “ҷентлмен”, яъне, "марди нарм" ё наҷиб ё ҷавонмард, ибтидо - қарнҳои миёна дар баробари мардҳо аз хонаводаҳои аристократҳо истифода мешуд ва аммо баъдан ҳама афроди соҳибмаълумоту тарбиядида ва хунсардро низ ин гуна ном мебурданд. Клайв Люсис дар таҳқиқоти “Дини насронӣ” навиштааст, ки дар қарни 19 дар Аврупо ҳар мардеро, ки аз ҳисоби даромади моликият ё мероси волидайнаш ба сар мебурд, новобаста ба хислатҳои фардияш “ҷентлмен” мехонданд. Айни ҳол дар зеҳнҳо ҷентлмен мардест, ки бо ҳама, ба хусус, бо занон бо назокату эҳтиром рафтор мекунад ва дигаронро барои иҷрои кори барояшон номатлуб водор намесозад.

Дар ҳамин ҳол Аловиддин Абдуллоев мегӯяд, бояд дид, ки бархӯрди худи занҳо ба ҷентлмении мардҳо чӣ гуна аст. Ӯ бо ишора ба қаҳрамони саҳнаи ҳаҷвии “Ҷентлмен” мегӯяд, қаҳрамони ӯ – ронандаи мошин, ҳам воқеан ҷентлмен аст ва ба бонуи хона бо эҳтиром рафтор мекунад, бехабар аз он ки ба он зан “ҷентлмен” аслан зарур нест...

XS
SM
MD
LG