Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Торти пирӯзии Мирзиёев тайёр шуд


Мирзиёев дар интихобот ҳамроҳ бо тамоми аҳли хонаводааш иштирок кард
Мирзиёев дар интихобот ҳамроҳ бо тамоми аҳли хонаводааш иштирок кард

Дар ситоди Шавкат Мирзиёев торти пирӯзиро омода кардаанд. Хабаргузории "РИА Новости" аз қавли муовини раиси ҳизби либерал-демократ Мухлисахон Акромова навиштааст, ки торте бо рангҳои парчами миллии Ӯзбакистон барои таҷлили пирӯзии нахуствазири ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ омода шудааст. Акромова айни замон таъкид кардааст, ки "торт пешакӣ тайёр набуд, балки ҳамин лаҳзаҳо таҳия ва ба ситоди ҳизб оварда шуд". Шавкат Мирзиёевро барандаи интихоботи президентӣ пешгӯӣ мекунанд. ​Дар интихобот дар баробари ӯ се номзади дигар аз ҳизбҳои сиёсии ин кишвар иштирок карданд. Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботӣ соати 16:00 рӯзи душанбе, 5 декабр эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG