Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи изофӣ ё зиёдатии Тоҷикистон Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, 70 миллион доллари дигар қарз гирифт.

Бар асоси созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расид, ин муассисаи молӣ барои кашидани хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон то ба Покистон 70 миллион доллар қарз ҷудо мекунад. Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр гуфт, ки созишномаи қарзиро Абдусалом Қурбониён, вазири молияи кишвар ва Аҳмад Алӣ Муҳаммад, раиси Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Лима, пойтахти Перу имзо кардаанд.

Барои иҷрои ин тарҳи минтақаӣ, бештар аз 1 миллиард доллар зарур аст ва ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар оянда қарор аст, ЮСАИД ё Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониё ҳам дар иҷрои он саҳм гузоранд. Ба гуфтаи вазорат, созишнома байни Тоҷикистон ва ЮСАИД бо арзиши 7.5 миллион доллар ва бо арзиши 38 миллиону 600 доллар бо вазорати Бритониё дар оянда ба имзо мерасад.

Ҳадафи тарҳи САSA-1000 интиқоли нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон аст, ки ҳарду муҳтоҷи нерӯи барқ ҳастанд. Агарчӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар фасли зимистон барои таъмини аҳоливу корхонаҳо худашон нерӯи барқи кофӣ намеёбанд, вале тобистон бештар аз талаботи дохилӣ миллиардҳо киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунанд, вале муштарие барои хариди он надоранд. Бар асоси тарҳ бояд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон хатти баландшиддати 477-километрӣ ва аз Тоҷикистон ба Покистон (аз тариқи қаламрави Афғонистон) хатти барқи 750-километрӣ кашида шавад.

Мақомот мегӯянд, ҳатто бе сохтани нерӯгоҳҳои нав мумкин аст, дар фасли тобистон ба Покистону Афғонистон муназзам миллиардҳо киловатт соат нерӯи барқ интиқол ёбад. Ин хатти нерӯи барқ бояд то шаҳри гарми Пешовари Покистон кашида шавад, ки ҳар тобистон ба буҳрони норасоии нерӯи барқ дучор мешавад ва талабот ба нерӯи барқ дар онҷо сол ба сол меафзояд.

Бар асоси арёзбии ширкати “SNC-Lavalin”, ки имконияти иҷрои тарҳи мазкурро омӯхтааст, Тоҷикистону Қирғизистон солона то 6 миллиард киловатт соат нерӯи барқи изофӣ тавлид карда метавонанд, ки барои содирот кофӣ аст. Мақомоти кишварҳои дахил дар тарҳ мегӯянд, ки иҷрои ин тарҳ, роҳҳои тиҷорати нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро мусоид мекунад ва ҳатто мумкин аст, бозори ягонаи хариду фурӯши барқ байни ду минтақаро ба вуҷуд биёрад.

Барои иҷрои CASA-1000 Тоҷикистон бояд 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҷалб кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун барои иҷрои ин тарҳ бо арзиши 235 миллион доллар бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо, Бонки Сармоягузории Аврупо созишномаҳо имзо кардааст.

Қирғизистону Тоҷикистон аз ин тарҳ умеди зиёд доранд ва мегӯянд, ки роҳашон ба бозорҳои минтақавии энержӣ боз мешавад. Вале ду муассисаи таҳқиқотии Узбакистон дар гузорише дар бораи рискҳои эҳтимолии тарҳи CASA-1000 гуфтаанд, бо назардошти ҷуғрофиёи мушкили минтақа харҷи бунёди хатҳои баландшиддат ва истгоҳҳои тақсими барқ мумкин аст ба 2 миллиард доллар бирасад. Айни замон ба гуфтаи ширкати «Гидропроект» ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии системаи ягонаи энергетикии Узбакистон, Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти рушди иқтисодӣ ба нерӯи барқи зиёдтар эҳтиёҷ хоҳанд дошт ва наметавонанд, дар фасли тобистон ҳам 6 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид кунанд.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ин ду муассиса, тавлидоти нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти пур шудани обанбори нерӯгоҳи Норак ва Норин коҳиш меёбад. Мутахассисони Узбакистон гуфтаанд, тарҳи CASA-1000 бо назардошти бунёди нерӯгоҳҳои Роғун ва Тоқтогул дар Қирғизистон амалӣ мешавад, ки ҳардуяшон баҳсбарангезанд ва ба гуфтаи пажуҳишгоҳҳои Узбакистон метавонанд сабаби ҷанҷолу кашмакаш барои об дар Осиёи Марказӣ шаванд.

Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, ки ингуна хулосаҳои муассисаҳои таҳқиқотии Тошканд ангезаҳои сиёсӣ доранд ва мухолифати Узбакистон ба ингуна тарҳҳо фақат роҳ надодани кишварҳои дигари минтақа ба бозори Покистон ва бахусус Афғонистон аст, ки ҳоло як муштарии асосии нерӯи барқи Узбакистон ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG