Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси эронӣ дубора даст ба гуруснанишинӣ зад


Акбари Асғарзода, як зиндонии Душанбе, бозбинӣ шудани парвандаашро тақозо мекунад.

Акбари Асғарзода, маҳбуси эронӣ дар зиндони Душанбе мегӯяд, ки дубора даст ба гуруснанишинӣ задааст ва то замоне парвандааш дар додгоҳ баррасӣ нашавад, аз ин амал даст намебардорад.

Акбари Асғарзода беш аз як сол аст, ки дар зиндони рақами № 7-и шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Ӯ соли гузашта ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Оқои Асғарзода рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми март дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки вазъи саломатиаш ниҳоят бад шуда ва аз даҳону биниаш хун меравад. Ба нақли ӯ, вазни баданаш то 45 кило кам шуда, аз 104 килограм ба 60 расидааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти Раёсати ислоҳи Вазорати адлияти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба Асғарзода пешниҳоди хизмати тиббӣ кардаанд, аммо розӣ нашудааст.

Маҳбуси эронӣ меафзояд, ки тариқи телефон вазъашро ба консули Эрон дар Тоҷикистон оқои Ризоӣ расонидааст ва онҳо ваъда додаанд, ки қазияи ӯро баррасӣ хоҳанд кард. Дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, оқои Ризоӣ таъйид намуд, ки воқеан ҳафтаи гузашта Акбари Асғарзода ба онҳо муроҷиат карда буд ва онҳо феълан машғули баррасии ин қазия ҳастанд. Аммо консули Эрон ба суолҳои мо аз ин бештар ҷавоб надод.

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди вазъи саломатии маҳбуси эронӣ мегӯяд, ки ӯ таҳти назорати пизишкони маҳбас қарор дорад, вале барои мушаххас кардани бемории вай мехоҳанд ӯро муоина кунанд, аммо Асғарзода розӣ намешавад.

Одинашоҳ Муродов, сухангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки борҳо ба вай дар мавриди ташхиси беморӣ ва сабабҳои хунравӣ муроҷиат шудааст, аммо маҳбуси эронӣ розӣ намешавад. Одинашоҳ Муродов афзуд, ки Акбари Асғарзода аз ҳукми додгоҳ норозӣ аст ва мехоҳад, ки парвандааш аз нав баррасӣ шавад.

Қаблан ин маҳбуси эронӣ бо нишони эътироз аз ҳукми додгоҳ гуруснанишинӣ эълон карда буд. Ӯ аз ҳукми Додгоҳи олӣ, ки ӯро дар моҳи июни соли 2012 барои "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба 8 соли зиндон маҳкум кард, изҳори норозигӣ намуд. Асғарзода мехоҳад, парвандаи вай аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мунсифона ва аз нав баррасӣ шавад.

Акбари Асғарзода қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, ки ба унвони президенти Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва ба сафорати Эрон, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо нома задааст, аммо то кунун ҳеҷ вокуниш дода нашудааст.

Як намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҷаноби Асғарзода ба бархе аз сокинони Тоҷикистон ва эрониҳое, ки мехостанд ба Аврупо бираванд, омода кардани «визаи Шенген» ва дигар асноди зарурӣ барои сафарро ваъда намуда, вале ба қавлаш вафо накардааст. Ва шикояти зиёди мардуми фиребхӯрда ба додгоҳҳои Тоҷикистон расиданд ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо оқои Асғарзода инро туҳмат медонад ва комилан рад мекунад.

Бино ба иттилои Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз шаҳрвандони Эрон бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ ва тақаллубкорӣ зиндонӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG