Пайвандҳои дастрасӣ

Мартин Лютер Кинг: "Ман орзуе дорам, ки як рӯз..."


Мартин Лютер Кинг зимни суханронӣ

Мартин Лютер Кинг зимни суханронӣ

50 сол пеш Мартин Лютер Кинг 28 август дар Вашингтон дар баробари 250 ҳазор нафар суханронӣ кард ва ин суханронӣ бо номи "Ман орзуе дорам" дар ҷаҳон машҳур шуд.

50 сол пеш 28 август тақрибан 250 ҳазор нафар дар Вашингтон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва дар ҷараёни ин раҳпаймоӣ ҷои кор, адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи баробар тақозо карданд. Дар поёни раҳпаймоӣ дар пояи муҷассамаи Абраҳам Линколн онҳо ба суханони Мартин Лютер Кинг-фаъоли шинохташудаи ҳуқуқи башар гӯш доданд.

“Ман орзуе дорам..., як рӯз ин миллат ба по рост мешавад ва хориҷ аз андешаҳои воқеии кунунии худ зиндагӣ мекунад. Мо худамон шоҳиди ин воқеият мешавем. Ҳамаи одамон баробарҳуқуқ офарида мешаванд. Ман орзуе дорам, ки як рӯз дар теппаҳои сурхи аёлати Ҷеорҷиа фарзандони ғуломони собиқ ва фарзандони ғуломдорони собиқ метавонанд паси як мизи бародарӣ биншинанд”.

Ин суханронии Мартин Лютер Кинг он рӯз зери унвони “Ман орзуе дорам” садо дод. Вай хитоб ба ҳозирин гуфт, ман рӯзеро орзу мекунам, ки одамон “бо назардошти ранги пӯсти худ шинохта ва ё қазоват нашаванд, балки бо назардошти хулқу атвор ё рафтори худ қазоват шаванд”.

Баъд аз сад соли “Эъломияи Озодӣ”-и Абраҳам Линколн дар соли 1863, ки бар асоси он ғуломони сиёҳпӯст раҳо шуда буданд, раҳпаймоии 28 августи соли 1963 Барои Ҷои кор ва Барои Озодӣ чархише дар ҷунбишҳои мардумии Амрико барои ҳуқуқҳои шаҳрвандиашон буд. Ин суханронии Мартин Лютер Кинг 15 дақиқа давом кард ва ба навъи худ яке аз суханрониҳои нируманд дар таърих ва илҳомдиҳанда барои расидан ба адолат буд. Кинг дар ин суханронӣ таъкид кард, ки “беадолатӣ дар ҷое хатаре барои адолат дар ҳама ҷо хоҳад буд”.



Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар ин шабонарӯзҳо дар робита бо 50-ӯмин солгарди ин суханронӣ фаъолони ҳуқуқи башар бори дигар суханони таърихии Кингро ба ёд меоранд. Ширин Ибодӣ-ҳомии ҳуқуқи башари Эрон нахустин зани мусулмон аст, ки дар соли 2003 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Вай аз соли 2009 аз замоне, ки Маҳмуд Аҳмадинежод бори дуввум раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд, дар ғурбат ба сар мебарад. Хонум Ибодӣ порае аз суханронии таърихии 50 сол пеши Мартин Лютер Кингро ба ёд меорад:

Ширин Ибодӣ

Ширин Ибодӣ

“Руъёе дар сар дорам. Ба ҷои ҷаҳонӣ шудани тиҷорат ва иқтисод инсониятро ҷаҳонӣ кунем. Руъёе дар сар дорам... Адён ба ҷои он, ки боиси тафриқа ва душманӣ шаванд, бояд, ки мардумро ба якдилӣ ва ҳамраъйӣ даъват кунанд. Медонам, дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз ин руъё мумкин аст дур бошад. Аммо фаромӯш накунед, бисёре аз дастовардҳои башарият бо руъё оғоз шудааст. Он чунон, ки 200 соли қабл поёни бардафурӯшӣ мисли як руъё буд. Вале ин руъё имрӯз таҳаққуқ ёфтааст”.

Тулеган Исмоилова яке дигар аз ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, ки дар рӯзҳои нооромии миёни аҳолии узбактабору қирғизтабор дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон кор кардааст. Вайро барои фаъолиятҳош дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон борҳо мавриди шиканҷа қарор додаанд ва боздошт ҳам шудааст. Вай мегӯяд, ки дар фаъолиятҳои худ аз Матин Лютер Кинг сабақи кору зиндагӣ гирифтааст:

“Нуктаи муҳим ин аст: Ҳар шаҳрванд бояд дарк кунад, ки ҳама баробарҳуқуқ ҳастанд. Фарқ надорад, ки онҳо аз куҷо омадаанд, аз деҳи хурд ё аз шаҳракҳои дигари наздимарзӣ. Мо ҳама баробарҳуқуқ ба дунё омадаем ва ҳуқуқи баробар дорем. Вазифаи мо ин аст, ки шаҳрванди воқеии кишвари худ бошем”.

Ҷон Луис фаъоли ҳуқуқи башари Амрико ихирин шахси зиндамонда аст, ки 28 август як ҷо бо Лутер Кинг дар пояи муҷассамаи Абраҳам Линколн суханронӣ кардааст. Вай дар ҷануби Амрико бузург шудааст он рӯзҳоро ба ёд меорад:

“Ман шоҳиди фарқ гузоштану табъизи нажодӣ будам. Инро дӯст намедоштам. Ман чунин навиштаҳоро медидам. “Барои мардони сафедпӯст”, “Барои мардони сиёҳпӯст”, “Барои занони сафедпӯст”, “Барои занони сиёсҳпӯст”. Агар шумо барои харидорӣ ба маркази шаҳр мерафтед, барои хӯрокхӯрӣ наметавонистед сари миз нишинед. Шумо наметавонистед ба китобхонаи ҷамъиятӣ равед”.

Мартин Лютер Кинг 50 сол пеш орзу карда буд, ки зангӯлаи озодӣ ба садо дарояд. Вай мегуфт, ки ин зангӯла рӯзе дар ҳар деҳа, дар ҳар шаҳру аёлат садо хоҳад дод ва ҳама фарзандони офаридаи худо сафедпӯсту сиёҳпӯст, яҳудиву протестант ва католик даст ба дасти ҳам хоҳанд дод ва таронаи озодӣ хоҳанд хонд. Чунин буд орзуи Мартин Лютер Кинг, орзуе, ки имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст ва худаш онро надидааст. Вай 4 апрели соли 1968 дар суиқасде дар синни 50 солагӣ кушта шуд. Ҷеймс Эрл Рей эътироф кард, ки вай ба сӯи Мартин Кинг тир андохтааст. Вайро 99 сол маҳкум ба зиндон карданд.

Баъд аз чанд сол дар зодгоҳи Мартин Лютер Кинг осорхонаи миллии ба номи ӯ таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG