Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон мавсими шикор сар шуд


Ҳукумати Тоҷикистон барои шикори тирамоҳии ҳайвоноти нодир ба маблағи як миллион доллар квотаро дар фурӯш гузоштааст. Дар рӯйхати шикори имсолаи ҷонварон 85 сар гӯсфанди помирӣ ё худ "Марко Поло", 8 сар бузи морхӯр ва ё пармашох ва се сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ҷой дорад. Барои як шикори гусфанди "Марко Поло" шикоричёни хориҷӣ 45 ҳазор сомонӣ ва барои шикори бузи морхӯр 223 ҳазор сомонӣ ба буҷаи кишвар месупоранд.

Маблағе, ки аз ҳисоби шикор ворид мешавад, бояд 80 дар садаш барои ҳифз ва афзоиши ҳамон намуди ҳайвон сарф шавад. Дар таҷрибаи мо баръакс, танҳо панҷ даҳ дар сади маблағи шикор барои рушд сарф мешавад, ки ин хуб нест

Ҷамшед Ватанов, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон 7 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун ширкатҳое, ки сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд, ин квотаҳоро харидорӣ мекунанд. Соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, шикорчиёни хориҷӣ 6 иҷозатномаи шикори бузи морхӯр ва 67 иҷозатномаи гӯсфанди "Марко Поло"-ро харидорӣ карданд.

"Аз ин ҳисоб ҳам ба буҷаи кишвар маблағ ворид мешавад ва ҳам ширкатҳои дохилӣ фоида мебинанд. Ширкатҳо ҳам дар сурати ҳавасманд шудан монеи шикори ғайриқонунӣ мешаванд, ки ин ҳам ба манфиати кор аст", - гуфт ӯ.

5 миллион сомонӣ даромад аз шикор

Солона аз ҳисоби шикори бузу гӯсфандҳои нодир дар Тоҷикистон ҳадди аққал 5 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид мешавад. Ду соли пеш 2 миллион сомонии даромад аз шикори гӯсфанди "Марко Поло" ба суратҳисоби бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун гузаронида шуда буд. Ба ҳисоби миёна, маблағи шикори тирамоҳии ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон пардохти маоши 13 ҳазор омӯзгорро ташкил медиҳад.

Абдулназар Абдулназаров, пажӯҳишгари зиндагии ҳайвоноти нодир дар Бадахшон мегӯяд, шикори ин навъи ҷонварон сердаромад аст, вале дар сурати таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба он надодан дар чанд соли ахир ин навъи шикор камдаромад хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, ҳамасола шумори зиёди ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон шикор мешавад, вале таваҷҷӯҳ ба афзоиши шикори он ночиз аст.

Барои шикор дар Тоҷикистон гоҳо занҳо ҳам меоянд
Барои шикор дар Тоҷикистон гоҳо занҳо ҳам меоянд

Вай гуфт, мушкил ин аст, маблағи шикор мувофиқи қоидаҳои баналмилалӣ барои рушди соҳа сарф намешавад. "Маблағе, ки аз ҳисоби шикор ворид мешавад, бояд 80 дар садаш барои ҳифз ва афзоиши ҳамон намуди ҳайвон сарф шавад. Дар таҷрибаи мо баръакс, танҳо панҷ даҳ дар сади маблағи шикор барои рушд сарф мешавад, ки ин хуб нест. Ин мушкил бояд дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ҳал шавад. Ҳоло бояд стратегияи зиёд кардани ин ҳайвоноти нодири шикориро қабул кунем ва рӯи он ҷиддӣ кор кунем. Агар ин қоидаҳоро риоя накунем, он гаҳ ин ҳайвонот ба нестӣ мерасад", - гуфт Абдулназар Абдулназаров.

Ба шикори морхӯр аврупоиҳо ва амрикоиҳо таваҷҷӯҳ доранд

Бар асоси охирин ҳисобҳо шумораи гӯсфанди "Марко Поло" дар Бадахшон то даҳ ҳазор сар мерасад, дар ҳоле, ки замони Шӯравӣ шумораи он ба беш аз 30 ҳазор сар мерасид. Бузи морхӯр низ дар қаламрави Афғонистону Тоҷикистон якуним ҳазор сар ҳисоб шудааст ва, ба гуфтаи коршинсон, шумораи онҳо рӯ ба камшавӣ овардааст. Дар баробари шикорҳои расмӣ, шикори ғайриқонунии ин навъи ҳайвонот дар Тоҷикистон ба назар мерасад.

Соли гузашта се сокини ноҳияи Мурғоб барои шикори ғайриқонунии гӯсфанди "Марко Поло" ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Аммо ба гуфтаи коршинсон, на ҳамаи ҳолатҳои шикори ғайриқонунии ин навъи ҷонварон ошкор мешавад.

Туйчӣ Икромов, як масъули ширкати сайёҳӣ, ки ду иҷозатномаи шикори бузи морхӯрро дастрас карда, ҳоло ҳамроҳ бо ду шикорчии амкрикоӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қарор дорад, мегӯяд, роҳандозии шикори расмии ҳайвоноти нодир аз шикори ғайриқонунии он ҷилавгирӣ хоҳад кард.

"Бо шикори чор-панҷ сари морхӯр он кам намешавад. Одамҳое аз маҳвшавии он гап мезананд, ки қоидаҳои шикорро намедонанд. Бубинед, ки ҳамасола, хоҳем ё нахоҳем, даҳ морхӯр мемирад. Морхӯр, ки синнаш аз даҳсола боло шавад, пиршуда ҳисоб мешавад ва дигар дар ҷару ғорҳо гашта наметавонад. Аз мурдан хубтар аст, ки он шикор шавад ва ба буҷа фоида биёрад».

Қирғизистон дар туризми шикори аз Тоҷикистон пештар аст

Назрулло Тоҳирбек, коршиноси масоили сайёҳӣ мегӯяд, туризми шикорӣ дар Тоҷикистон то ҳанӯз рушд накардааст, ҳарчанд, таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба он зиёд аст. Ӯ гуфт: “Ҳоло туризми шикорӣ аз лиҳози бартарият ё дар муқоиса ба туризми кӯҳнавардӣ, экотуризм, туризми этнографӣ наметавонад, дар навбати аввал истад, зеро квотаҳо кам ва гарон ҳастанд. Қирғизистони ҳамсоя дар ин масъала аз мо зиёдтар пешрафт кардааст. Чун дар он ҷо арзиши квотаи шикори "Марко Поло" аз мо ба маротиб поин аст ва инчунин базаи ин намуди туризм дар он кишвар мустаҳкамтар рушд ёфтаст".

Назрулло Тоҳирбек гуфт, туризми шикорӣ туризми оммавӣ нест ва барои ҳамин таблиғоти хосаро талаб мекунад. Аз ин навъи туризм даромади хуб гирифтан мумкин аст, "дар сурати афзоиш додани саршумор ва омода кардани шароити хуб". Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон маъмулан дар тирамоҳ оғоз шуда, то миёнаҳои зимистон давом мекунад. Дар баҳор ва тобистон ба хотири халал ворид накардан ба раванди наслгирӣ шикори ҳайвонот мамнӯъ аст.

XS
SM
MD
LG