Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ҳаққи харидани силоҳи шикориро доранд?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раҳбари ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Суғд ба ҳалокат расидани як сайёди суғдӣ аз тири рафиқашро ба вақти шикор, «беэҳтиётии таассуфангез» номид.

Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти мазкур ба «Озодӣ» гуфт, нимарӯзи 22-юми декабр ҳангоми сайди мурғобӣ Ҷалолидин ном сокини 53-солаи ноҳияи Исфара дар мамнуъгоҳи Конибодом тасодуфан куланги силоҳи шикории худро зер карда, Саид Ҳомидов, бародарзодаи худро ба қатл расонд.

Вай афзуд: “Чунин ҳодисаи фоҷиавӣ солҳои охир рух надода буд. Ин ду нафар аъзои ҷамъияти шикорчиён буданд ва аз ҳалокати Саидҷони ҷавон бисёр андуҳгин ҳастем ва ба аҳли оилааш ҳамдардии амиқ баён мекунем. Мо аъзои ҷамъият маблағе ҷамъ оварда, маслиҳат кардем фардо ба аҳли оилаи марҳум супорем.”

Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, мақомот барои оғози парванда мутобиқи банди 108-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон «куштор аз рӯйи беэҳтиётӣ» ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Ҳалокати сайёди ҷавони исфарагӣ ҳангоми шикори парранда - мурғобиву ғоз рух додааст. Мавсими тирамоҳу зимистонии шикор дар вилояти Суғд 15-уми сентябр сар шуда, 15-уми январ ба поён мерасад. Ҷамъияти шикорчиёни Суғд мегӯяд, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 1 ҳазору 870 сайёд расман ба ин ҷамъият шомиланд ва ҳуқуқи силоҳи оташфишони сайёдӣ харидан ва нигаҳ доштан доранд.

Аз Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти мазкур пурсидам, оё ба чӣ шарт кас метавонад узви ҷамъияти сайёдон гардад ва соҳиби силоҳи шахсии шикорӣ шавад? Вай гуфт, барои ҳар шаҳрванди аз 18 сола болои Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати равонӣ солим аст, бо пешниҳоди гувоҳиномаи тиббӣ оид ба саломатии худ ва маълумотномаи надоштани доғи судӣ бо бархе гуноҳҳо метавонад ба узвияти ҷамъияти шикорчиҳо шомил гардад.

Вай афзуд: “Ҳар узви ҷамъият то силоҳ харидан имтиҳони минимум месупорад, ки аз кор фармудани силоҳ, риояти қоидаҳои бехатарӣ ва масъулияти истифодаву нигаҳбонии силоҳ бохабар аст. Танҳо пас аз ин вай иҷозати силоҳ хариданро пайдо мекунад. Ғайр аз ин, ҳар каси соҳиби силоҳи шикоригашта онро дар қайди махсуси мақомоти корҳои дохилии маҳали худ мегузорад.”

Ба гуфтаи раҳбари ҷамъияти шикорчиёни Суғд, мавсими тирамоҳу зимистонии сайд дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 15-уми сентябр оғоз ёфта, 15-уми январ ба охир мерасад. Дар ин мавсим сайёдон асосан парранда - мурғобӣ, ғоз, кабк ва аз ҳайвоноти ваҳшӣ, гург, хук, хирс, рӯбоҳ, шағол ва ҷайраро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Барои ин сайёдон аз ҷамъияти шикорчиён иҷозаномаи сайд ба даст меоранд, ки масалан, нархи як навъи он 79 сомонӣ аст ва сайди 6 мурғобӣ, 2 ғоз ва чанд кабутару заргӯшро иҷоза медиҳад. Иҷозаномаи сайди як сар бузи кӯҳӣ -- сайди аз ҳама нодири маҳаллӣ, бо пардохти ҳудуди 500 сомонӣ ба даст меояд.

Вале бино ба маълумоти ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони Суғд, аз гарон шудани нархи тир ва дигар муҳимоти шикорӣ, солҳои охир теъдоди сайёдони фаъол рӯ ба коҳиш ниҳодааст ва ба ҳайси мисол, дар мавсими ҷории шикор аз ҳудуди 1 ҳазору 900 сайёд, танҳо беш аз 500 нафар барои сайд иҷозанома гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG