Пайвандҳои дастрасӣ

Як шикорчии амрикоӣ ду роҳбалади худро барои дуздидани шохҳои гӯсфанди кӯҳии Марко Поло дар Тоҷикистон ба додгоҳ кашидааст.

Сайёди амрикоӣ Ричард Дейл Вукасин ба додгоҳи Лас-Вегас шикоят бурд, ки ду роҳбалади ӯ дар Тоҷикистон ба таври махфӣ шохҳои гӯсфанди
кӯҳиеро, ки ӯ шикор кард, иваз намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, Дейв Фредерик аз ширкати “Ameri-Cana Expeditions” ва роҳбалади дуюм дар Тоҷикистон Юрий Матисон дар ҳоле ӯро фиреб додаанд, ки вай барои ташкили ин шикор 45000 доллар ва зимни баҳсу кашокаш барои ёфтани шохҳои ҳақиқии гӯсфанди
Марко Поло ба сурати умум 75000 доллар харҷ кардааст.

Вукасин меафзояд, Матисонро барои ӯ дар Тоҷикистон ҳамчун роҳбаланд Дейв Фредерикро пайдо ва муаррифӣ кардааст. Барои созмондиҳии шикор вай 27 500, молиёти сайд 10 000, иҷозатномаи шикор, меҳмонхона ва хадамоти дигар 8 000 доллар ва дертар барои “бохтани даромад, зангҳои телефонӣ, гуфтушунид бо мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон барои интиқоли сайди худ наздики 20 000 ва барои хадамоти вакили ҳуқуқӣ 7500 доллар пардохтааст. Ба ин тартиб харҷи умумии ӯ ба 75 000 доллар расидааст.

Ин шикордӯсти амрикоӣ мегӯяд, вақте ифшо шуд, ки роҳбаладон ҳамроҳи пӯст ва ҷасади бузи Марко Поло барои вай шохҳои гӯсфанди дигареро фиристодаанд, ба хашм омад ва асабонӣ шуд. Вукасин дар додгоҳ гуфт, вай шохҳои сайди худро хуб дар хотир дошт, ки дарозу марғуладору тобзада буданд. “Ман дафъатан ба найранг пай бурдам ва гуфтам, ки ҳардуро ба додгоҳ мекашам, онҳо аввал ба гуноҳи худ иқрор накарданд, аммо сипас ваъда карданд, ки шохҳои ҳақиқиро пайдо мекунанд ва ман мефиристанд, аммо аз декабри соли 2012 то ҳоло ин ваъдаи худро ба ҷо наовардаанд,” – гуфтааст Вукасин.

Ба гуфтаи ӯ, шикоршиносон низ тасдиқ кардаанд, ки шохҳо ба ин гӯсфанде, ки вай сайд кардааст, тааллуқ надоранд.

Ба навиштаи торнамои “Courthouse News Service” Дейв Фредерик ва Юрий Матисон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кардаанд.

Аммо Вукасин гуфтааст, бовар дорад, ки шикорчиёни дигар низ ҳангоми шикори барраи пармашох чунин ҳолатҳо рух додаанд. Худи ӯ дар урдугоҳе дар Бадахшони Тоҷикистон шумори зиёди шохҳоеро дидааст, ки аз гӯсфандҳои мурда ё сайдшуда ба даст омадаанд.

Вукасин дар ҳоле ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон сафар кард, ки манъи шикори Марко Поло дар соли 2008 бекор шуд. Гӯсфанди Марко Поло ба қатори ҷонварони зери хатар ворид шудааст ва шикори он танҳо бо иҷозатномаи махсус ба амал меояд ва асосан ба шикори гӯсфандоне иҷоза дода мешавад, ки пиранд ва қобилияти наслмониашонро гум кардаанд.

Тибқи ҳисобҳои ин ниҳод шумораи гӯсфандҳои Марко поло дар Тоҷикистон ҳудуди 12 – 16 ҳазор сар аст. Аммо ташкилотҳои байналмилалӣ теъдодашонро 24 ҳазор адад меҳисобанд.

Дар мавриди маблағ, ки аз додани иҷозатнома барои шикори гусфанди Марко Поло ба даст меояд, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд қисме ба буҷети Кумита ва қисме ба буҷети маҳаллӣ меравад.

Гусфанди кӯҳии «Марко Поло» ба ифтихори сайёҳи машҳури венетсиягӣ гузошта шудааст, ки аввалин аз миёни аврупоиён дар асри 13 шохи ин гусфандро тасвир кардаст. Гусфандҳои нисбатан бузург дар қисмати марказӣ ва шарқии Помир дар баландии ҳудуди 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Дарозии шохи Марко Поло ҳудуди 150 сантиметрро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG