Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар гузориши маркази таҳқиқотии The Soufan Group теъдоди ҷангиёни тоҷикистонӣ дар сафи гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" 386 нафар гуфта шудааст.

Маркази таҳқиқотии The Soufan Group, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, мегӯяд, дар ним соли охир теъдоди ҷангиёни хориҷие, ки ба гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ду баробар афзудааст. Гузориши нави ин маркази таҳқиқотӣ бо номи "Ҷангиёни хориҷӣ. Маълумоти ахир дар бораи мавҷи ҷангиён, ки вориди Сурия ва Ироқ мешаванд", рӯзи 7 декабр дар торнамои The Soufan Group нашр шуд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, феълан дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз 27 то 31 ҳазор ҷангии хориҷӣ аз 86 кишвари ҷаҳон дар иштирок доранд. Cоли гузашта шумораи ҷангиёни хориҷӣ дар сафҳои "Давлати исломӣ" ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медод.

The Soufan Group дар таҳияи гузориши таҳлилӣ аз маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ва манобеи давлатию илмӣ истифода кардааст. Тибқи ин гузориш, бахши аслии ҷангиёни хориҷии "Давлати исломӣ"-ро шаҳрвандони кишварҳои Аврупои ғарбӣ, Русия ва Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.

Дар ин гузориш теъдоди ҷангиёни тоҷикистонӣ дар сафҳои гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" 386 нафар гуфта шудааст.

Аммо ба иттилои мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз 500 шаҳрванди кишвар, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста буданд, 300 нафар кушта шуда ва сарнавишти 200 нафари дигар норӯшан будааст.

Полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар сафҳои ин гурӯҳ қарор дорад. Вай дар моҳи апрел нопадид ва дар моҳи май навори видеоии ӯ аз Сурия дар шабакаи интернет мунташир шуд. Ҳалимов дар навори видеоӣ изҳор дошт, ки ӯ ба нишони эътироз ба маҳдудиятҳои ҳукумати Тоҷикистон дар пӯшиши либоси мазҳабӣ дар мактабу идораҳои давлатӣ ва адои фаризаҳои ислом, назири намозгузорӣ ба сафҳои "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Ба маълумоти The Soufan Group аз Русия 2 ҳазору 400 нафар, аз Узбакистону Қирғизистон 500-нафарӣ, аз Туркманистон 360 ва аз Қазоқистон 300 нафар ба саффи “Давлати исломӣ” шомил шудаанд. Ин бунгоҳ теъдоди умумии шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сафи ДИИШ-ро 4 ҳазору 700 нафар ҳисоб кардааст.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро мамнуъ эълон карда, то кунун чанде аз тарафдоронаш боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҳар касе аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ баргашта, худро таслим мекунад ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд. То кунун ҳудуди чиҳил нафар аз афроди бозгашта мавриди афв қарор гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG