Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: "Сокинони Моғиён барои рамаашон расман муроҷиат накарданд"


Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ муроҷиати хаттие аз сокинони ҷамоати Моғиён барои баргардонидани гӯсфандонашон аз Узбакистон нагирифтаанд.

Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз сокинони ҷамоати Моғиёни Панҷакенти дархости хаттие ҷиҳати баргардонидани гӯсфандонашон аз Узбакистон, дарёфт накардаанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 1800 сар гӯсфандони сокинони Моғиён, ки ду соли пеш аз марз гузашта буданд, бо қарори додгоҳи шаҳри Китоби вилояти Қашқадарёи Узбакистон ҳамчун “моли бесоҳиб” ҳафтаи гузашта ба ҳисоби он давлат гузаронида шуд.

Абдулфайз Атоӣ, раҳбари департаменти иттилоот, таҳлил, матбуот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони ҷамоати Моғиён боре барои баргардонидани гӯсфандонашон ба ин вазоратхона муроҷиат накардаанд, то онҳо бар асоси мактуб ин масъаларо пайгирӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, соли гузашта сокинони деҳаи Косатароши ҷамоати Фароби Панҷакент бо чунин мазмун муроҷиат карда буданд ва вазорати корҳои хориҷӣ беш аз ҳазор сар гӯсфандони онҳоро аз Узбакистон баргардонида буд.

Абдулфайз Атоӣ.
Абдулфайз Атоӣ.

Ҷаноби Атоӣ гуфт: “Албатта, ҳар давлат қонунҳои худро дорад ва бар асоси онҳо амал мекунад. Сокинони ҷамоати Моғиён расман ба мо муроҷиат накардаанд, аммо дар таҷриба мо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ гӯсфандони сокинони деҳаи Фаробро баргардонида будем. Агар дар ин масъала ҳам ба мо аз ҷониби сокинон муроҷиат шавад, мо онро омӯхта, ба ҳамсоякишвари дӯсти худ мавзӯъро ба миён мегузорем. ”

Аммо сокинони ҷамоати Моғиён мегӯянд, барои баргардонидани гӯсфандон ба Идораи марзбонии Тоҷикистон хаттӣ ва ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6 маротиба шифоҳӣ муроҷиат кардаанд.

Аммо Намозалӣ Қурбоналиев, сарчӯпони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон нома дарёфт кардааст, ки дар он ба ҳисоби давлати Узбакистон гузаронида шудани рамаи гӯсфандҳои ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент хабар дода шудааст.

Вай гуфт, ин нома бо имзои намояндаи Сарраёсати сарҳадии Тоҷикистон Маннонов Д.А ба вай расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки тибқи ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Китоби Узбакистон, рамаи гӯсфандони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ҳамчун моли бесоҳиб дониста шуда, ба ҳисоби давлати ҳамсоя гузаронида шудааст.

Сарчӯпони ҷамоати Моғиён афзуд, аз ин қабл низ аз мақомоти Узбакистон ба вай нома расида буд, ки бар асоси ҳалномаи додгоҳ, ҳамаи гӯсфандҳоро ба хоҷагиҳои вилояти Қашқадарё тақсим намуда, аз ҷумла 400 гӯсфандро ба ихтиёри Идораи ҷангали ин вилоят гузоштаанд.

Ду сол мешавад, ки рамаи сокинони ҷамоати Моғиён дар ихтиёри Узбакистон аст ва Намозалӣ Қурбоналиев мегӯяд, ки ба ҳамаи идораҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале дар роҳи баргардонидани гӯсфандҳояш муваффақ нашудааст.

Бори аввал нест, ки чорпоёни сокинони Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя мераванд ва дигар баргардонида намешаванд. Сокинони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мегӯянд, давоми даҳ соли ахир беш аз 3 ҳазор сари чорпоён аз деҳоти назди марзи ба кишвари ҳамсоя бурда шудааст, вале то кунун ҳеҷ сари онҳо аз Афғонистон бозпас наомадаанд.

Шоҳвалӣ Рабиев, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, аксари ин чорпоён аз ҷониби дуздону қочоқчиён, ки ба ин тарафи марз мегузаштанд, рабуда шудаанд, вале дар ҳеҷ ҳолате онҳо баргардонида нашудаанд. Ба гуфтаи ин сокини Шӯрообод, бисёриҳо барои

Қочоқчиёни афғон даҳҳо сар аз чорпоёни сокинони Шӯроободро ба он сӯи марз мебаранд.
Қочоқчиёни афғон даҳҳо сар аз чорпоёни сокинони Шӯроободро ба он сӯи марз мебаранд.

баргардонидани чорпоёнашон, ки аз ҷониби афғонҳои марзшикан рабуда шудаанд, муроҷиат мекарданд, аммо мақомот худи онҳоро гунаҳкор мекарданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сару кор доранд. Вай мегӯяд, ки аспу гов ва садҳо сар гӯсфанди сокинону давлат ба он тараф рабуда шуда буданд, вале ҳеҷ кадоми онҳо то кунун баргардонида нашуданд. Сокинон ҳам чун диданд, ки молашонро талаб кунанд, гунаҳкорашон мекунанд, аз баҳраш гузаштанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, сокинони ҷамоати Моғиён ва сокинони Шӯрообод чорпоёни худро суғурта накарда буданд, вагарна дар сурати гум шудан, ин идора имкони пардохти пули чорпоёнро дорад. Абдулло Абдуллоев, муовини аввали директори генералии ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, сокинон майли зиёде ба суғурта кардани чорпоёнашон надоранд.

Ӯ гуфт, барои шахсони воқеӣ суғуртаи чорпоён ҳатмӣ нест. Агар онҳо муроҷиат кунанд ва бо арзиши аслии чорпо суғурта кунанд, дар сурати гум шудан ва ё нобуд шудан, онҳо пурра давоми як соле, ки масъулият доранд, маблағро пардохт мекунанд.

Аммо Намозалӣ Қурбоналиев, сарчӯпоне, ки масъулияти нигаҳбонии гӯсфандони сокинонро дошт, мегӯяд, ҳоло ҳатто наметавонад ба кӯча барояд ва аллакай чаҳор соҳиби гӯсфандҳо аз деҳаи Моғиён бемор шуда, бистарӣ ҳастанд, ки ҳар нафари онҳо аз 50 то 70 гӯсфандонашон дар ҳамин рама будааст.

Ба гуфтаи сарчӯпони Моғиён, онҳо дар таърихи 5 октябри соли гузашта аз Норов Д.А.иҷрокунандаи вазифаи Додситони вилояти Қашқадарё дар мавриди парвандаи сарнавишти нома дарёфт карда буданд, ки дар он дар бораи оғоз ва баррасии парванда дар нисбати сарнавишти рамаи сокинони ин деҳа маълумот ироа шуда буд.

Ба гуфтаи Намозалӣ Қурбоналиев, дар ин нома, ки ба забони русӣ навишта шуда буд, аз ин парванда ҳамчун парвандаи «Безхозного скота» ёдоварӣ шудаааст. Дар нома гуфта мешуд, ки додситонии Қашқадарё дар рӯзҳои наздик парвандаи 1862 сар гову гӯсфанди "бесоҳиб"-ро, ки вориди чарогоҳҳои Узбакистон шудаанд, ба додситонии кулли он кишвар ирсол мекунад.

Панҷ чӯпоне, ки моҳи июни соли 2013 дар чарогоҳи марзии Узбакистон боздошт шуданд, пас аз як моҳи боздошт дар санадҳо ҳамчун муҳоҷири корӣ баррасӣ шуданд ва аз боздошгоҳ раҳо гардиданд. Дар сурати иттиҳоми дигар, онҳо мурофиа ва зиндонӣ мешуданд.

Рӯзи 14 июни соли 2013 марзбонони Узбакистон 5 сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Пас аз як моҳ мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале инак ду сол мегузарад аз рамаи гӯсфандони онҳо дараке нест.

XS
SM
MD
LG