Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо сокини Челябинск аз шиҳоб осеб дидаанд


Макони афтодани пораҳои шиҳоб дар вилояти Челябинск

Макони афтодани пораҳои шиҳоб дар вилояти Челябинск

Аз инфиҷори шиҳоб ё метеорит, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар вилояти Челябински Русия ба замин афтод, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст.

Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод. Ӯ гуфт, ки сафорат бо ҷамъияти тоҷикони муқими Челябинск ва мақомоти он вилоят дар тамос аст.

Сергей Смирнов, нуҷумшинос ва сухангӯи расадхонаи Пулковскии Русия гуфтааст, шаҳоб ё санги осмонӣ, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар вилояти Челябинск ба замин афтодааст, бузург буда аз чандин тонна иборат аст. Смирнов гуфтааст, ки санги осмонӣ хеле дурахшон ва мисли оташ будааст, ки ҳангоми бархӯрд ба замин пора шудааст. Ин нуҷумшиноси Русия гуфтааст, ки дастгоҳҳои зиёд дар расадхонаҳо ҷараёни парвоз ё афтиши ин метеоритро сабт кардаанд ва аз ин наворҳо метавон ба зудӣ масири парвози онро муайян кард ва гуфт, ки он аз куҷо ба ҳаракат даромадааст.

Пештар аз Смирнов донишманди дигар Николай Железнов аз пажӯҳишгоҳи нуҷумшиносии Фарҳангистони улуми Русия изҳор дошт, ки андозаи санги осмонӣ ё метеорити Челябинск аз якчанд метр иборат аст.

Донишмандон аз гуфтани андозаи дақиқи ин санг худдорӣ кардаанд, зеро он пора шудааст ва шояд баъд аз тамошои наворҳо ва ҷамъ овардани пораҳои метеорит андозаҳои он низ дақиқ шавад. Таъбири Железнов ин аст, ки ҳар ҷурми осмонӣ, ки андозааш аз 50 метр камтар бошад, ба эҳтимоли зиёд дар ҳаво пора мешавад ва ин пораҳо месӯзанд ва то ба замин танҳо порачаҳои хурди сӯхташуда мерасанд.

Ин ҷурми осмонӣ рӯзи ҷумъа, 15 феврал соати 07:23 субҳ ба вақти Маскав ба замин бархӯрдааст.




Баъд аз бархӯрдани метеорит ба замин аз пораҳои он одамон осеб дидаанд. Дар бораи шумораи ононе, ки барои кӯмак ба табибон муроҷиат кардаанд, маълумотҳо аз ҳам фарқ дорад. Масалан, замоне, ки ин гузориш таҳия мешуд, дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Русия хабар дод, ки 474 нафар дар маҳаллоти аҳолинишини вилояти Челябинск аз табибон кӯмак хостаанд. 14 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар шаҳрҳо ва маҳаллоти аҳолинишини атроф сохтмонҳо осеб дидаанд, шишаи терезаҳои хонаҳо пора шудааст. Таълим дар мактабҳо ва кӯдакистонҳоро мавқуф гузоштаанд. Тибқи маълумоти мақомоти зидахли Русия, биноҳо дар 10 маҳали аҳолинишини минтақа зарар дидаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъд аз афтодани метеорит дар Маскав гуфт, “бояд ҳар коре кард, то ба хисороти ворида бетарафона расидагӣ анҷом бигирад. Ман ним соат пеш бо раҳбарони вилояти Челябинск гуфтугӯ кардам. Мардум кор карда истодаанд. Шукри худо, моддаҳои бузург болои маҳаллоти аҳолинишин наафтодаанд. Бо вуҷуди ин дар байни мардум одамони осебдида ҳастанд. Мо бояд фикр кунем, ки ба мардум чӣ тарз кӯмак кунем. Фақат фикр накунем, балки ба таври фаврӣ ба онҳо кӯмак расонем”.

Соли 1947 низ дар минтақаи Приморйеи Русия ё Приморский Край метеорите ба замин афтода буд. Профессор Виктор Тейфел, раиси пажуҳишгоҳи физикаи нуҷумшиносии мавсум ба “Луна”-и Қазоқистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, андозаи метеорите, ки рӯзи ҷумъа дар фазои болои вилояти Челябинск таркидааст, хурдтар аз метеорите будааст, ки соли 1947 дар Приморйе афтода буд. Он вақт донишмандон гуфта буданд, ки метеорити Сихотэ-Алиня тақрибан 60 тон вазн дошт. Ин метеорит 12 феврали соли 1947 дар маҳале бо номи Сихотэ-Алиня ба замин афтода буд. Метеорити кунунӣ низ дар ҳамин моҳи феврал, вале фақат дар таърихи 15 ин моҳ, дақиқ баъд аз 66 сол ба замин афтод.

Лидия Рихлова-мудири бахши нуҷумшиносии пажуҳишгоҳи нуҷумшиносии Фарҳангистони улуми Русия гуфтааст, ки метеорити Челябинск аз ҷурми осмонии ситорамонанд ё астероид, ки ба сайёраи Замин наздик мешавад, ҷудо нашудааст ва ба астероид иртиботе надорад. Ин суханонро вай барои он мегӯяд, ки маъмулан ҷурмҳои ситорамонанде, ки ба сайёраи Замин наздик мешаванд, аз онҳо зери фишор пораҳо ҷудо мешаванд ва ба замин меафтанд.

Вале ситорашиносони Русия мегӯянд, ин шиҳобсанге, ки дар Челябинск ба замин афтодааст, “санги озоди кайҳонӣ” будааст ва аз ҷурмҳои ситорамонанд, яъне аз астероид ҷудо нашудааст.

Ба ақидаи Лидия Рихлова, афтодани сангҳои осмонӣ ба замин падидаи маъмулист ва ҳар сол ҳазорҳо тон резаҳо ё гарди чунин сангҳо дар шакли гарди кайҳонӣ ба замин мерезанд.

Соли 1947 вақти афтиш ба замин метеорит бо суръати хеле зиёд, яъне бо суръати кайҳонӣ ба сӯи замин парвоз мекард ва дар ҳаво таркида ба ҳазорон пора мубаддал шуд ва дар меҳвари бештар аз 3 километри мураббаъ ба замин борони пораҳои метеорит рехта буд. Пеш аз таркиш метеорит ё шиҳоби Сихоте-Алиня ба оташе шабоҳат дошт, ки парвоз мекард ва онро аз масофаи 400 километр низ мушоҳида мекарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter низ шоҳидон мушоҳидаҳои худро навиштаанд. Баъд аз ба замин бархӯрдани метеорити Челябинск дар Twitter сафҳаи вижае пайдо шудааст ва калимаи "метеорит" дар баҳсҳои Twitter дар муддати кӯтоҳ аз серистеъмолтарин калимаҳо шинохта шудааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG