Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикор"-и кӯдакони кӯчагард бо дурбинҳои "Шаҳри бехатар" (ВИДЕО)


Дурбинҳои "Шаҳри бехатар" дар як соли охир дар шаҳри Душанбе 405 мавриди поймол шудани “Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро ошкор кардаанд.

Дар як соли ахир дурбинҳои назоратӣ дар хиёбонҳои Душанбе 8950 далели вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро ошкор кардаанд. Аз ҷумла дар 405 ҳолат “Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” риоя нашудааст.

Самад Гадоев, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе яке аз даҳҳо волидонест, ки барои оворагардии Сорбон - писари 15-солааш дар хиёбонҳои пойтахт ҷарима шудааст. Вай мегӯяд, то замоне ки кормандони милиса сабти видеоиеро, ки оворагардии Сорбонро сабт кардааст, нишон надоданд, ба ҳеҷ ваҷҳ бовараш намеомад, ки фарзандаш ба чунин кирдорҳои бад даст задааст. Вай афзуд: “Ман тамоми рӯз дар бозор савдо мекунам, то фарзандонам шароити хуб дошта бошанду аз таҳсил дур намонанд. Аммо писари дуюмам, ки дар синфи 9 таҳсил мекунад, пас аз дарс назди ҷӯраҳояш рафта, бо онҳо ба оворагардӣ машғул шудааст. Ҳатто камераҳо сабт кардаанд, ки вай чандин маротиба роҳгузаронро бо рафтори ноҷояш нороҳат кардаасту назди ду писари аз худаш калонтар рафта, бо онҳо картабозӣ кардааст.”

Ҳамин тавр, дар қатори Самад Гадоев даҳҳо волидони дигар ҳам ба далели сабти қонуншиканиҳои фарзандонашон бо дурбинҳои “Шаҳри бехатар ҷарима шудаанд. Масъулони Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар» мегӯянд, ин қоидавайронкуниҳо бештар дар боғу марказҳои фарҳангӣ ва хиёбонҳои пойтахт ошкор шудааст.

Бобоҷон Муродов, як масъули маркази “Шаҳри бехатар” рӯзи 26 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин ноболиғон, ки волидонашон барои беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима шуданд, кӯдакони оворагарданд ва гурӯҳе аз онҳо ба савдои кӯчагӣ низ машғул будаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Муродов, онҳо мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шудаанд: “Байни онҳо духтарон ҳам буданд. Ҳамчунин 29 камераи даврзанандаи “Шаҳри бехатар”дар як сол 128 ҳазор қоидавайронкунии ҳаракати роҳ , 6378 далели савдои кӯчагӣ ва 12 далели майдаавбоширо ошкор карданд. 129 нафарро дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхона ва 882 оворагардро ба қабулгоҳи тақсимоти гадоён ва оворагардони раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе супурдем.”

Бо ин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон мавҷи нави маъракаи зидди ноболиғони беҳудагард оғоз мешавад. Ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш дастур дод, “ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президент воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад.” Ӯ ҳамчунин хостори таъсиси ниҳоди вижаи омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шуд.

Аммо худи кӯдакону наврасон мегӯянд, шароити зиндагӣ маҷбурашон кардааст, баъзан дар соатҳои дарсӣ ҳам дар кӯчаву бозорҳо кор кунанд. Яке аз онҳо - Ҷовид, як ҳамсӯҳбати 11-солаи мост, ки пас аз ҷудо шудани падару модараш дар тарбияи бобову бибии пираш мондааст. Вай мегӯяд, на якбору дубор балки борҳо ба дасти кормандони милиса афтодааст, аммо илоҷи дигар надорад. Чун бояд ӯ ба бобову бибии солхӯрдааш кӯмак кунад.

Ҳамин тавр, ғайр аз 405 ҳолати қонуншикании наврасон ва риоя нашудани қонуни масъулияти падару модар, дар соли 2014 дар пайи рейдҳои пай дар пай дар шаҳри Душанбе 1 112 мавориди кори кӯдак ошкор шуда ва волидайни онҳоро ҷарима бастаанд.

XS
SM
MD
LG