Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 258 нафар аз як "шаҳрак"-и муҳоҷирон дар Новая Москва


Мақомоти Русия мегӯянд, дар як амалиёт дар минтақаи Новая Москва як “шаҳрак”-и муҳоҷиронро ошкор ва 258 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Туркияро дастгир кардаанд.

Наталя Сафонова, сухангӯи идораи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии пулиси Маскав гуфтааст, ин амалиёт рӯзи ҷумъа дар қаламрави ҳавзаҳои Троитский ва Новая Москва доир шуд. Дар ин амалиёти мақомоти Хадамоти зидди маводу мухаддир, Хадамоти муҳоҷират, вазорати ҳолоти изтирорӣ ва ҳам нирӯҳои ваижаи пулиси Маскав ширкат кардаанд.

Хонум Сафонова гуфтааст, дар ҷараёни тафтиши бозори “Славянский дворик” дар километри 41-уми МКАД(шоҳроҳи давраии Маскав) дар як ҷангалзор як шаҳраки муҳоҷирон ошкор карда шуд. Ба гуфтаи сухангӯи пулис, муҳоҷирон дар ин ҷангалзор ҷои хоби худро ба шакли гамакҳое дуруст карда буданд, ки байни дарахтҳо кашида шудаанд. Ҳамин тавр, дар ин минтақа садҳо вагончаро пайдо кардаанд, ки низ ба ҳайси хобгоҳи муҳоҷирон истифода мешуд.

Наталия Сафонова гуфтааст, ин “шаҳрак” ҳатто “кӯча”-ҳои худро дошт ва тартиботро дар қаламраваш посбонони вижа таъмин мекарданд.

Пулиси Маскав мегӯяд, алайҳи 258 хориҷие, ки дар ҷараёни ин амалиёт боздошт шуд, алакай 210 протокол тартиб додаанд. Онҳо ба нақзи тартиби вуруд ба Русия ва қоидаҳои кору иқомат дар ин кишвар айбдор мешаванд. Мақомоти Русия мегӯянд, “шаҳрак”-и кашфшуда дар ҷангалзори атрофи бозори “Славянский дворик”-ро ба зудӣ тахриб хоҳанд кард.

Бино ба омори мақомоти расмии Русия, соли гузашта тақрибан 16 миллион муҳоҷири хориҷӣ вориди ин кишвар шуда, аз ин миён танҳо 1,4 миллион нафараш муҷаввизи кор гирифтааст. Ҳамин тавр, ҳамасола то 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ барои мардикорӣ ба Русия меравад.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар пул омадааст, ки бахши аъзамаш музди бо азоб ба даст овардаи муҳоҷирони тоҷик аст. Ин маблағ, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст, як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ дониста мешавад.

Дар моҳи феврали соли равон байни Тоҷикистону Русия қарордоде имзо шуд, ки замони ҳузури бидуни сабти номи шаҳрвандони тоҷик дар Русияро аз 3 рӯзи феълӣ то 15 рӯз боло мебарад. Вале ин қарордод то ҳол ба иҷро надаромадааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи ҷамъиятҳои тоҷикони Русия, имсол мавридҳои таъқибу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар баръакс рӯ ба афзоиш овардааст. Дар маҳофил бар ин боваранд, ки Маскав дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст, моҳи ноябр доир шавад, аз муҳоҷирон ба ҳайси як фишанги фишор ба Душанбе барои таҳмили хостаҳояш истифода мекунад.

Дар пасманзари ин мавридҳои боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик садоҳое ҳам баландтар мешаванд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ҷиддан рӯи сохтани ҷойҳои муносиби корӣ бо маоши шоиста дар худи ин кишвар фикр бикунад ва вобастагии суботи иҷтимоияш аз пулеро, ки муҳоҷиронаш феълан бо азобу машаққати зиёд дар Русия ба даст меоранд, коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG