Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори беш аз 400 маҳбус аз зиндон


Зиндони Ғазнӣ

Зиндони Ғазнӣ

Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни Толибон беш аз 400 маҳбус аз зиндони шаҳри Ғазнии Афғонистон фирор кардаанд.

Ҷангиёни Толибон дар натиҷаи ҳамла ба зиндони шаҳри Ғазнии Афғонистон афсарони пулисро кушта, садҳо маҳбусро раҳо кардаанд.

Муовини волии Ғазнӣ Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ гуфт, ҳамлаи субҳи 14 сентябр бо ҳамлаи маргталабона бо мошини бомбгузоришуда оғоз ёфта, таркиши мошин имкон дод, ки ҷангиёни дигар вориди зиндон шаванд. Аҳмадӣ гуфт, беш аз 400 маҳбус фирор кардаанд. Ҳудуди 80 нафари онҳоро алакай дастгир кардаанд, вале 352 нафар, аз ҷумла тақрибан 150 ҷангии Толибон, ҳанӯз дар ҳоли фирор боқӣ мемонанд.

Аҳмадӣ гуфт, 7 ҷангии Толибон ва 4 тан аз нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Ӯ афзуд, роҳҳои атрофи зиндон минакорӣ шуда буд ва як омшини нирӯҳои артиш, ки ба кумаки зиндонбонҳо меомад, дар роҳ ба бомб бархӯрда, мунфаҷир шудааст.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ кард, ки ҳамла ба зиндони Ғазниро ҷангиёни он анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамла афроди мусаллаҳ ва се бомбгузори маргталаб ширкат доштанд.

Толибон то соли 2001 тайи 5 сол бар Афғонистон ҳукумат ронда, дар ин кишвар меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ карда буданд. Режими Толибон дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар поёни соли 2001 сарнагун карда шуд. Аммо бо гузашти 14 сол ва бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар поёни соли 2014 ин ҷунбиши тундрав дигарбора фаъол шудааст ва ҳар сари чанд вақт бо ҳамлаҳои маргталабона, бомбгузориҳо ва шабехунҳо алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон аз худ дарак медиҳад.

XS
SM
MD
LG