Пайвандҳои дастрасӣ

Ангела Меркел дар садри феҳристи қудратмандтарин занони ҷаҳон


Бар асоси феҳристи маҷаллаи иқтисодии Форбес, Ангела Меркел, нахуствазири Олмон дар соли 2015 низ барои панҷумин соли пайдарпай дар садри феҳристи қудратмандтарин занони ҷаҳон қарор гирифт. Ҳиллари Клинтон дар рутбаи дувум аст.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон аз сӯи маҷаллаи иқтисодии Форбес қудратмандтарин зани ҷаҳон дар соли 2015 эълон шуд. Собиқ вазири умури хориҷии Амрико ва номзади интихобти раёсати ҷумҳури он кишвар Ҳиллари Клинтон дар ҷои дувум қарор дорад.

Дар феҳристи имсоли маҷаллаи Форбес Мелинда Гейтс, ҳамсари Билл Гейтс, ки ҳамроҳ бо шавҳараш раёсати бунёди хайрияи Билл ва Мелинда Гейтсро ба ӯҳда дорад, дар мақоми савум ва Ҷанет Йеллен, раиси Бонки марказии Амрико ва Мери Барра, мудири иҷроии ширкати Ҷенерал Моторз дар мақомҳои чаҳорум ва панҷуми феҳрист ҳастанд.

Кристин Лагард, раиси Сандуқи байналмилалии пул дар мақоми шашум ва Дилма Руссефф, раиси ҷумҳури Бразилия дар мақоми ҳафтум ва Шерил Сандберг, аз мудирони ширкати Фейсбук дар мақоми ҳаштум, Сюзан Войжитский, мудири иҷроияи ширкати Ютюб дар мақоми нуҳум ва Мишел Обама, бонуи аввали Амрико дар мақоми даҳум қарор доранд.

Феҳристи 100 зани қудратманди ҷаҳон, ки ҳар сол аз сӯи маҷаллаи иқтисодии Форбес мунташир мешавад, раҳбарон ва чеҳраҳои барҷастаро аз ҳашт арса -- фановарӣ, сиёсат, тиҷорат, молӣ, расонаҳо, санъат, ҳунар, фаъолиятҳои хайрия ва миллиардерҳо интихоб мекунад.

Ҳиллари Клинтон, ки дар моҳи апрели имсол барои бори дувум номзадии худро барои мақоми раёсати ҷумҳури Амрико эълон кард, соли гузашта дар ин феҳрист дар рутбаи шашум қарор дошт. Вале дар солҳои 2011 ва 2012 низ, ки вазири умури хориҷии Амрико буд, пас аз Ангела Меркел дар рутбаи дувуми ин феҳрист қарор гирифта буд.

Маҷаллаи Форбес дар мавриди хонум Клинтон навишт, "соли оянда, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико баргузор мешавад, хонум Меркел мумкин аст пас аз панҷ соли паёпай, мақоми худ дар садри ин феҳристро ба зане бибозад, ки барои раҳбарии ҷаҳон шонси фаровон дорад."

Ин гузориш мегӯяд, ки ҳатто агар хонум Клинтон дар поёни рақобат дар Ҳизби демократ ба унвони номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳури баргузида шавад, интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябри соли 2016 баргузор мешавад ва то қабл аз он таърих, маҷаллаи Форбес феҳристи соли ояндаи худро мунташир хоҳад кард.

Ангела Меркел тайи 12 соли гузашта 10 бор дар феҳристи маҷаллаи Форбес буда ва дар 9 маврид дар садри феҳристи занони пурқудрати ҷаҳон қарор гирифтааст. Хонум Меркел аввалин бор дар соли 2005 ба нахуствазирии Олмон интихоб шуд ва дар соли 2013 барои савумин бор ба ин мақом расид, ки як дастоварди таърихӣ аст.

XS
SM
MD
LG