Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи Амрико бо Вич/СПИД дар Тоҷикистон


Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Амрико иҷрои тарҳеро дар Тоҷикистон шурӯъ кард, ки коҳиши мубтало шудани сокинон ба бемории вируси норасоии масунияти бадан ё Вич/СПИД-ро дар назар дорад. Масъулони дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳида рӯзи 26 сентябр гуфтанд, ки маросими оғози лоиҳа бо иштироки Элизабет Миллард, сафири Амрико ва Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Душанбе сурат гирифтааст. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ ҷилавгирӣ аз афзоиши Вич/СПИД, нигоҳубин ва табобати сироятшудагон пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан дар соли 2015 дар Тоҷикистон 7 ҳазору 709 гирифторони ин вирус расман сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG