Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор нуқтаи ҷамъоварии кӯмакҳо ба осебдидагони Шуғнон


Сели харобиовар дар Шуғнони Бадахшон, ки 72 хонаводаро бесарпаноҳ кард, тоҷикони дохил ва берун аз ватанро муттаҳид намудааст.

Шиму курта, ҷемпиру либосҳои кӯдакона ва бозичаҳо аз ҷумлаи кӯмакҳои аввалинест, ки дар яке аз чаҳор нуқтаи ҷамъоварии ёрии башардӯстона дар Душанбе аз сӯи сокинони хайрхоҳ барои мардуми аз селоб зарардидаи Шуғнон ҷамъоварӣ шудааст.

Фирӯз Шогунбеков, як сокини пойтахт, пас аз дидани эълон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба бозор рафтаву барои кӯдакон либос ва бозича харидорӣ кардааст. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин шабу рӯз барои мардуми ин минтақа, ки дар як они воҳид беманзил шудаанд, дуогӯ аст ва ба қадри имкон хостааст, то кӯмаки худро ба онҳо бирасонад. "Чунин рӯз метавонад бар сари ҳар яки мо биёяд, аз ин хотир ҳар касе ки илоҷ дорад, бояд дар ин рӯз дасти ёрии худро дароз кунад. Албатта ин либосвори ва ашёҳо ночизанд, аммо бо ин васила мо метавонем ҳамраъйии худро бо ин мардум нишон бидиҳем”, – мегӯяд Фирӯз Шогунбеков.

Дар пайи омадани сел дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон, ҳоло гурӯҳ-гурӯҳ мардум аз минтақаҳои мухталифи кишвар дар фикри ҷамъоварии кӯмак ба сокинони осебдидаи ин ноҳия ҳастанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аслан сӯҳбатҳову пешниҳодҳо гирди ҳамин мавзӯъ мечархад.

Дар рӯзи сеюми ин ҳодиса фаъолони Фейсбук бо пахши эълоне аз тасмими худ барои кӯмак ба мардуми осебдидаи ин ноҳия хабар доданд ва субҳи имрӯз дар чаҳор минтақаи Душанбе бо ташаббуси афроди алоҳида, нуқтаҳои ҷамъоварии кӯмакҳои башардӯстона таъсис ёфт.

Ин нуқтаҳо дар меҳмонсарои “Grand Hotel”, ”Hotel Tajikistan”, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Корхонаи мебелбарорӣ- “Интермебел” ҷойгиранд ва аз хоҳишмандон даъват мешавад, ки ба ин нуқтаҳо ашёи рӯзгор, хӯрок, либосу доруворӣ ва ё маблағ биёранд ва дар ин иқдоми хайр саҳмгузор бошанд.

Рамазон Абдуллоев, сардори шӯъбаи хоҷагидории “Интермебел” ва масъули қабули кӯмакҳо дар яке аз ин нуқтаҳо гуфт, ҳанӯз дар соатҳои аввали пахши ин эълон тариқи интернет, чанд нафар ба осебдидагон аллакай кӯмак расондаву теъдоде ҳам занг зада, барои овардани ашёи муҳими рӯзгор ва сару либос ба мардуми осебдида изҳори омодагӣ кардаанд.

Вай гуфт, “мардум занг зада суроғаро мепурсанд, ки чӣ гуна метавонанд ёрии худро расонанд ва ин кӯмакҳо то кай қабул карда ва расонда мешавад. Мо низ ба онҳо мегӯем, ки тасмим дорем то рӯзи ҷумъа кӯмакҳоро ҷамъоварӣ намуда, пасон ба зарардидаҳо бирасонем. Ҳар он чизе, ки оварда мешавад, мо онро як-як навишта мекунем. Асосан сару либос барои бузургсолон ва ҳам кӯдакон оварда истодаанд ва нафароне низ ҳастанд, ки як миқдор маблағ ҳам хайр мекунанд”, гуфт ӯ.

Дар баробари таъсиси нуқтаҳои ҷамъоварии кӯмак ба мардуми осебдидаи Бадахшон, дар як Бонки молиявии хурд низ суртаҳисоби махсус барои кӯмак ба селзадагони ноҳияи Шуғнон боз шудааст.

Дар Душанбе барои офатзадагони Бадахшон кумак ҷамъ мекунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Зимнан, аз ин пештар як гурӯҳ ҷавонони Хатлон низ барои кӯмак ба мардуми зарардидаи Бадахшон иқдом намуда ва ҳукумати кишвар низ имрӯз ҳафт тонна маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду биринҷ ва қанду равған ба осебдидагон фиристодааст.

Дар гузашта дар пайи хисороти ҳаводиси табиӣ умдатан ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳамин тавр ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кӯмак мекарданд, аммо аввалин бор аст, ки гурӯҳҳои алоҳида ибтикор нишон дода ва нуқтаҳои кӯмак ба зарардидагони сели Шуғнонро ташкил кардаанд.

16-уми июл дар паи сели харобиовар 72 хонавода дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон зиён диданд. Ҳоло мақомот бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, назири Бунёди Оғохон ва Созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар деҳаи Манем барои афроди бесарпаноҳмонда як шаҳраки хаймаҳо ташкил кардаанд. Мақомот мегӯянд, зарардидагон ҳоло дар ин хаймаҳо ба сар мебаранд ва дар як рӯз бо се вақт ғизо таъмин ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ширкатҳои роҳсозии Чин, Туркия ва Эрон талош доранд қитъаи роҳи алтернативии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро, ки қисмате аз он бар асари обхезиҳои ахир тахриб шуд, боз намояд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки бо Радиои Озодӣ аз маҳали Бердибекободи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон сӯҳбат мекард, гуфт, “як қисмати таҷҳизоти роҳсозӣ ба маҳал оварда шудааст ва қисмати дигар аз Душанбе дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Бадахшон мебошанд. Дар ҳоли ҳозир дар авлавияти кор боз кардани роҳ мебошад ва баъдан ба таври стандартӣ ба сохтмони ин роҳ идома хоҳанд дод”, гуфт вазири нақлиёт.

Мақомоти ҳукумати вилояти Бадахшон низ мегӯянд, баъд аз даҳ рӯз бояд ҳаракати мошинҳо тавассути ин шоҳроҳ пурра таъмин карда шавад. Дар ҳамин ҳол, нахустин корвони бору колое, ки бар асари тахриб шудани роҳ дар ин минтақа дармонда буд, тавассути роҳи Ишкошим-Хоруғ-Душанбе ба пойтахт ҳаракат кард.

Сел дар ноҳияи Шуғнон, бар иловаи манзили сокинон, як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуюним километр роҳи байналмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқро хароб кард. Бино ба ҳисоби пешакӣ, ҳаҷми хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион долларро ташкил додааст.

Дар паи ин офтаи табиӣ, нахуствазир, вазирони корҳои дохилӣ, нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва масъулони дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ба Бадахшон рафта, аз маҳалҳои селзада боздид намуданд. Ҳамчунин дар назар аст, президент Эмомалӣ Раҳмон, барои боздид аз макони офатзадаи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ва вилояти Бадахшон сафар ва бо сокинони аз ин обхезӣ зарардида, мулоқот намояд.

XS
SM
MD
LG