Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъват ба таҳқиқи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Афғонистон


Ҷеремӣ Морлок ва ҳамхидмати ӯ, Эндрю Ҳолмс ба куштори афроди осоишта айбдор мешаванд. Акс аз Хабаргузории Франс Пресс.

Ҷеремӣ Морлок ва ҳамхидмати ӯ, Эндрю Ҳолмс ба куштори афроди осоишта айбдор мешаванд. Акс аз Хабаргузории Франс Пресс.

Ба дунболи ҳукми сарбози амрикоӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ба пажӯҳиши густардаи қатлҳо даъват кардаанд.

Сарбози амрикоӣ, Ҷеремӣ Морлоки 22-сола, аввалин низомии Амрико, аз як гурӯҳи панҷнафарист, ки барои саҳнасозии ҳолати ҷангӣ ва куштори мардуми осоишта ба 24 соли зиндон маҳкум гашт.

Рӯзи чаҳоршанбе Морлок дар ибтидои мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки барномаи онҳо аз оғоз “куштани одамон” буд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд бидуни таъхир дар тамоми бахшҳои низомӣ бозҷӯии густарда ба роҳ монад ва итминон диҳад, ки “дастаи қотилон” дар бахшҳои дигар вуҷуд надорад...
Додгоҳи низомӣ Марлокро дар се куштори барқасдона гунаҳкор донист ва барои 24 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Морлок аз нафарони калидии мурофиаи ҷиноятҳои ҷангист ва парвандаи ӯ аз ҷиддитарин қазияҳои ҷиноист, ки аз ҷанги Афғонистон рӯ задааст. Ӯ дар куштори се марди афғон дар моҳҳои январу феврал ва майи соли 2010 дар вилояти Қандаҳор нақши умда доштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин ҳукм истиқбол намуданд, вале ба таҳқиқи ҷиддитар ва амиқи ҷиноятҳои Ҷангӣ дар Афғонистон даъват карданд.

Акс аз маҷаллаи олмонии "Шпигел"
Маҷаллаи олмонии “Шпигел” дар робита ба қатлҳои Қандаҳор ин ҳафта чанд аксро нашр кард, ки дар яке аз онҳо Морлок бо лабханд ба мӯйсари яке аз ҷасадҳои хуншор чанг зада, чеҳраи ӯро ба дурбин наздик оварда буд. Интизор меравад, ки интишори ҳазорон акси монанд ба ин шӯреро дар Афғонистон бапо кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаи талафоти ҷонии мардуми осоишта дар Афғонистон ба мавзӯъи доғи баҳсҳо дар ҷомеаи ин кишвар табдил шудааст.

Бозҷӯии қазия ва нашри аксҳо ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба даъват барои пажӯҳиши амиқтари хушунатҳои ҳамранги ин водор кардааст. “Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд бидуни таъхир дар тамоми бахшҳои низомӣ: нирӯҳои вижа, ходимони қарордодӣ, аскарони кироя ва бахшҳои номуназзами низомӣ бозҷӯии густарда ба роҳ монад ва итминон диҳад, ки “дастаи қотилон” дар бахшҳои дигар вуҷуд надорад,” -- омадааст дар даъвати гурӯҳи мустақили нозирони ҳуқуқи башари Афғонистон, ки ҳафтаи равон садо дод.

Аҷмал Самадӣ, раҳбари ин гурӯҳ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ҳукми зиндони Морлокро аломати хуб арзёбӣ кард, вале Вошингтонро ба пажӯҳиши қазияҳои ҳамсанг ва хотима гузоштан ба “масунияти сарбозон аз таҳқиқи ҷиноӣ” даъват кард, ки ба гуфтаи ӯ ба таври фаровон дар нирӯҳои байналмилалӣ ва низомиёни қарордодӣ ҷорӣ аст.

Вай мегӯяд: “Нисбат додани ҷиноятҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, ба гурӯҳи дақиқи низомӣ бисёр мушкил аст. Ин яке аз печидагиҳои умда аст. Агар шумо ба минтақаҳои Афғонистон сафар кунед, махсусан ба ҷойҳое, ки низоъ он ҷо тезутунд аст, мардум аз ҳодисаҳои мухталиф қисса мекунанд. Аз ҷиноятҳое, ки аскарони хориҷӣ, аскарони афғон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ содир кардаанд. Яъне ба назари мо, муҳит дар Афғонистон хеле ҷиноист. Ҳама гуна ҷиноят содир мешавад ва ҷанг барои шаҳрвандони мулкӣ бо қимати гарон анҷом мешавад.”

Ҳукми додгоҳи ҳарбии Амрико дар маврди Морлок умедвории нозирони афғонро тақвият додааст, ки даъвати масъулиятшиносии ҳамаи гурӯҳҳои низомӣ дар Афғонистон бепосух нахоҳад монд.

Куаси Ҳавкс, додгустари мурофиа қарор кард, ки Морлок метавонад, баъд аз ҳафт сол аз маҳбас шартан озод шавад. Аммо шармандавор аз артиш ихроҷ мегардад. Қаблан Морлок зимни қироати изҳороти худ аз хонаводаи қурбониҳо узр хост ва гуфт, ки вақти зиёдеро дар андеша сарф кардааст ва фаҳмидаст, “роҳнамои ахлоқияш”-ро гум кардааст. Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки дар бораи аъмоли шариконаш дар қатли афроди осоишта иттилоъ хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG