Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон, то ҳанӯз дар Тоҷикистон як низоми хуби дифоъ аз қурбониҳои хариду фурӯши инсон мавҷуд нест.

Аммо мақомоти Тоҷикистон муборизаи худро зидди қочоқи одам дар чанд соли oхир муассир арзёбӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши нави вазорати умури хориҷии Амрико низ ба мавҷудияти ҳолатҳои зиёди қочоқи инсон дар кишвар бо ҳадафи меҳнат ва фаҳшои маҷбурӣ ишора мегарадад. Дар ин арзёбии солонаи Амрико, аз ҷумла омадааст, ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки кӯдакону занону тоҷик ба ивази қарз дар Афғонистон ба корҳои фаҳш ҷалб ва баъзан ғайриихтиёрӣ ба ақди никоҳи мардони афғон дароварда шудаанд.




Ҳамчунин ба навиштаи гузоришгарон теъдоде аз кӯдакони тоҷик дар Русия Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва Афғонистон, ба танфурӯшӣ ҷалб мегарданд ва мардону занон бошанд дар хоҷагии қишлоқу сохтмонҳои ин кишварҳо ба кори маҷбурӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ин хотир ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон такмил намудани қонунгузориҳоро дар ин замина тавсия додааст.


Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов - вакили парлумони Тоҷикистон дар вокуниш ба арзёбии ахири ҳукумати Амрико мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар кишвар то ҳанӯз масъалаи харидфурӯши инсон доғ боқӣ мемонад, аммо Тоҷикистон дар алоҳидагӣ наметавонад барои рафъи ин мушкил муваффақ шавад: «Агар бархӯрд ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ, дар сатҳи СММ ва ҳуқуқи башар сурат нагирад ва бо роҳҳои иқтисодӣ, иттилоотӣ ва маблағузорӣ ҳал нашавад, бо як арзёбии хушку холӣ намешавад коре кард. На ин ки як кишвари фақиру ғарибро барои таҳлил бигиранд, ки дар дар он ҷо рабудану фурӯхтани одамон осонтар аст. Ҳамаи мо медонем, дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо ба таври фаровон мушоҳида мешавад, вале қочоқи инсон худ мушкили байналмилалист ва бояд тамоми давлатҳо бо он масруф шаванд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Шабдолов, бо вуҷуди талошҳои Тоҷикистон, то ҳол занону кӯдакони тоҷик қурбонии одамфурӯшон мешаванд. Бино ба омори вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар се моҳи соли равон 11 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қочоқи занон ва духтарон боз шудааст. Шумори чунин парвандаҳо дар соли ҷорӣ бештар унвон мешавад, зеро дар тӯли соли 2012 пулис фақат ҳафт парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҷурми қочоқи инсонро таҳқиқ карда буд.

Аммо ба гуфтаи Ҷӯрахон Зоиров, сардори раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат, дар ин авохир пулиси кишвар муваффақ шуд, аз чанд мавриди қочоқи инсон ҷилавгирӣ кунанд. Вай мегӯяд, «дар соли 2004 ҳангоме ки Тоҷикистон ба қонуни ҷиноӣ банди алоҳидаро ворид кард, дар масъалаи хариду фурӯши инсон бино ба гузоришҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ кишвари мо дар ҷойи охирон қарор дошт. Тайи чанд соли ахир вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо фаъолияти худро пурзӯр намудааст. ”

Дар ҳамин ҳол, Дилбар Бобокалонова, раҳбари созмони "Зан ва Замин", ки низ талошҳои худро барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон дар Тоҷикистон равона мекунанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд, як корманди милисаро,ки бо роҳи фиреб ду духтарро ба Арабистони Саудӣ фурӯхтааст, 7 ним сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо дар маҷмӯъ Дилбар Бобокалонова ҳолатҳои қочоқи инсонро нисбат ба чанд соли пеш камтар арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, «чун аллакай корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва ба вижа занонону духтарон бештар шудаву ҳукумат дар ин росто кори худро пурзӯр кардааст, рух додани чунин ҳолатҳо нисбатан кам шудааст. Ва ҳоло бештар ба омӯзиши духтарон аҳамият дода мешавад, ки ин низ таъсири худро гузоштааст.»


Тилав Расулзода

Тилав Расулзода

Вале ба фарқ аз Дилбар Бобокалонова, Тилав Расулзода, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, дар 10 соли ахир мушкили қочоқи одамон дар кишвар беҳбуд наёфтааст. Иллати онро ҷаноби Расулзода дар даст доштани афроди баландмақом ба ин навъи тиҷорат медонад, ки барои расидан ба муваффақият дар ин росторо мушкил эҷод мекунад. Вай ҳамчунин гуфт, «тавре дар солҳои 90-ум буд, ҳамонгуна интиқоли духтарон идома дорад.Дар ин чанд соли охир парвандаҳои гуногун низ буданд ва таҳлили воқеаҳо баёнгари онанд, ки нафарони фармоишгар пушти парда монда, онҳое, ки шахсони миёнараванд, бештар ба доми мақомоти қудратӣ меафтанд. Мутаносибан нафарони аввал дар ин занҷира бидуни муҷозот мемонанд ва ин амалро идома медиҳанд.»

Дар Тоҷикистон истифодаи иҷбории ҷинсӣ ва кори иҷбории инсонро бар пояи бахши аввали моддаи 130-уми қонуни ҷиноӣ муҷозот мекунанд, ки маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 5 то 15 солро дар назар дорад. Моддаи 167-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон хариду фурӯши кӯдаконро манъ намуда, масъулони ин ҷиноятро ба муддати аз 5 то 12 сол аз озодӣ маҳрум месозад. Бо ин ҳама дар гузориши ҳукумати Амрико омадааст, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон танҳо се фарди масъул дар қочоқи инсон ва кори иҷборӣ муҷозот шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG