Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иддаъои HRW ё Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар мавриди интихоботи ноозод ва таъқибу боздоштҳо дар Тоҷикистон дар соли 2013-ро носаҳеҳ номид.

Сайфулло Сафаров рӯзи сешанбеи 21-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гузориши Ҳуф Вилёмсон, пажуҳишгари Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар бораи Тоҷикистон "дур аз воқеият аст." Ӯ мегӯяд, барои аввалин бор дар соли 2013 дар Тоҷикистон интихобот дар шароити суботу оромӣ ва бидуни тарсу ҳарос ва низоъ сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин маърака, ҳатто рақобати интихоботӣ вуҷуд дошт ва мардум низ тавонистанд ба таври озодона ширкат ва номзади маврид назари худро интихоб кунанд.



Ҳамчунин муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар бораи маҷбуран хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзад ягонаи мухолифон аз интихобот гуфт, ки "муаттассифона, хонум Бобоназарова ба сабаби пешниҳод накардани имзоҳои тарафдоронаш ба Кумиссиюни интихобот натавонист дар корзори интихоботӣ ширкат кунад ва алайҳи ӯ таҳдиде сурат нагирифтааст."


Сайфулло Сафаров дар иртибот ба даъвои дигари HRW, ки мегӯяд, "зидди Зайд Саидов, ки мехост ҳизби сиёсӣ таъсис диҳа,д парванда боз карда ва ӯро боздошт карданд", гуфт, ки "Зайд Саидовро на барои ташкили ҳизби сисёӣ, балки барои ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт карданд ва ҳоло муовинони вай дар талоши таъсиси ин ҳизб ҳастанд."

Ҷаноби Сафаров, дар посух ба даъвои дигари HRW, ки мегӯяд, "талошҳои нокоме сурат гирифта, ки сарвазири пешин Абдулмалик Абдуллоҷонов ва соҳибкору сиёсатмадор Умаралӣ Қувватов бо Тоҷикистон истирдод шаванд", гуфт, ки "аслан Абдуллоҷонов дар Украина боздошт шуд ва Қувватов - дар Дубай ва намешавад ҳамаи инҳоро бар дӯши Тоҷикистон бор кард."

Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба баҳогузории Дидбони ҳуқуқи башар розӣ буда, мегӯяд, онҳо ҳам чанд маротиба аз фишору маҳдудиятҳо садо баланд кардаанд. Саидумар Ҳусайнӣ, ки дар роҳ ба шаҳри Исфара барои дидори наздикони Умедҷон Тоҷиев, як узви ин ҳизб, ки дар беморхонаи маҳбас аз олам гузаштанд, мерафт ба Озодӣ гуфт, ки «ҳарчанд сабаби марги мармузи Умедҷон Тоҷиев расман гуфта нашудааст, вале дар маҳбас аз олам даргузашт ва худи ин далели фишорҳо нисбати аъзоёни ҳизб аст». Ҷаноби Ҳусайнӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз авали соли 2014 фишорҳо болои аъзои ҳизби наҳзати исломӣ боз ҳам афзоиш ёфт.


Дар мавриди интихобот ҷаноби Ҳусайнӣ гуфт, ки "шароитро чунон карданд, ки дигар имкони сабтиноми номзадии мухолифон боқӣ намонд."

HRW дар бораи Тоҷикистон: Интихобот озод набуд, саркӯб идома дошт ...

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) дар гузориши солонааш, ки рӯзи 21 январ нашр шуд, мегӯяд, соли 2013 дар Тоҷикистон соли таъқибу боздоштҳо ва интихоботи ноозод буд. Дар расми муаррифии ин гузориш пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар Ҳуф Вилёмсон дар бораи Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: "Тоҷикистон низ ҳамоно банди мушкилот аст. Интихобот озод ва одилона набуд, гурӯҳҳои динӣ саркӯб мешаванд ва наметавонанд фаъолиятҳои динии худро берун аз назорати хеле сахти давлат анҷом диҳанд.”

Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши солонаи худ гуфтааст, мақомоти давлат номзади ягонаи мухолифон Ойниҳол Бобоназароваро маҷбур карданд, ки аз сабқат хориҷ шавад ва наздикону тарафдоронашро ҳадафи таҳдид қарор доданд. Онҳо ҳамчунин зидди соҳибкор Зайд Саидов, ки мехост, ҳизби сиёсӣ таъсис диҳад, парванда боз намуданд ва ӯро боздошт карданд. Раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ дар Бадахшон Шерик Карамхудоев бо иттиҳоми ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ба 14 соли ҳасб маҳкум шуд ва талошҳои нокоме сурат гирифт, ки сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов ва соҳибкору сиёсатмадор Умаралӣ Қувватов бо Тоҷикистон истирдод шаванд. Ба ҳайси кушишҳои мусбат аз парвандаҳои зидди шиканҷа ва ду гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ёд шудааст.

Дар гузориш зикр шудааст, ки моҳи апрел муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммадалӣ Ҳайитов дар назди манзилаш латукӯб шуда, қабл аз ин раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов бенишон гашта буд. Ва ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз татбиқи қонуни баҳсбарангези масъулияти волидайн ва ҳам қонуни нави дин изҳори нигаронӣ карданд. Гуфта шудааст, бо баҳонаи пешгирӣ аз тундгароӣ фаъолияти чанд гуруҳи осоиштаи мусулмонон ва “Шоҳидони Яҳво” манъ шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар меафзояд, ҳарчанд ҳамҷинсгароӣ сар аз соли 1998 дар Тоҷикистон ҷиноят шумурда намешавад, гейҳо, лесбианҳо, хуносоҳо ва афроди монанди онҳо зери фишор ва бадбинӣ буда, чанд мавриди хушунати полис зидди онҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамҷинсгароён шадидан осебпазиранд, зеро аз фош шудани майли ҷинсии худ барои аҳли оила ва кордиҳандагон меҳаросанд.

Вазъ дар тамоми дунё бадтар шудааст...

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) мегӯяд, саркӯби дигарандешӣ ва мухолифони сиёсӣ дар ҷаҳон дар соли 2013 шадидтар шуд.

Дар гузориши солонаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар -- Human Rights Watch (HRW) гуфта мешавад, ки дар бисёре аз кишварҳо ғалатфаҳмии он ки демократия маънои таъкид ба хостаҳои билфарзи аксарият ва саркӯби дидгоҳ ва гуруҳҳои ақаллияти норозиро дорад, ҳолати бунбастиеро ба миён оварда, сабаби муноқиша ва даргириҳо шудааст. Ин муодилаи хато ҳамчунин бархе аз ҳукуматҳоро водор кардааст, то бо ҳимоят аз зовияи танги назокатҳои фарҳангӣ занон ва ҳамҷинсгароёнро зери фишору таъқиб гузоранд.

Фошгӯиҳои паймонкори пешини хадамоти махфии Амрико Эдвард Сноуден нишон дод, ки наззораи оммавии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хилвати афроди зиёдеро дар ҷаҳон халалдор кард, аммо роҳеро барои тағйири вазъ боз намуд.

Ба ақидаи коршиносони Дидбони ҳуқуқи башар, дар соли 2013 сохторҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ба пешрафти нисбие даст ёфтанд. Аз ҷумла таъсири Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон поймол мешавад, афзудааст. Дар ин самт аз қабули қатъномаҳои нави зидди Кореяи Шимолӣ ва Шри-Ланка ёд шудааст.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо мушкили афзояндаи таҳаммулнопазирӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои узв дар соли гузашта эътироф карданд, аммо натавонистанд, дар ин ҷода иқдоми ҳамоҳанг нишон диҳанд. Дидбони ҳуқуқи башар камбудиҳои Иттиҳоди Аврупоро дар сиёсати муҳоҷират, паноҳандагӣ, табъиз, таҳаммулнопазирӣ ва амалиёти зидди терроризм мустанад кардааст.

Бино бар гузориши солонаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар, вазъ дар кишварҳои пасошӯравӣ нигаронкунанда боқӣ мондааст. Русия саркӯби мухолифонро, ки соли 2012 сар шуда буд, қувват дод ва авфу озодии соҳибкор Михаил Ходорковский ва аъзои гуруҳи феминистии “Пуссӣ Райот” дар моҳи декабри соли 2013 вазъро беҳтар накард.

Рейчел Денбер

Рейчел Денбер

HRW Рейчел Денбер мегӯяд, дар ҳоле ки ҳукумати Русия талош дорад, дар арафаи Бозиҳои олимпии Сочӣ баъзе аз номҳоро аз сархатти хабарҳо барканор кунад, ҳамоно мунаққидони худ, ҳамҷинсгароён ва муҳоҷиронро зери фишор нигоҳ медорад: "Раванди савум, ки солҳо ба ин сӯ нерӯ мегирад, афзоиши зӯровариҳои зидди муҳоҷирон ва ҳамчунин шиору хитобҳои нажодпарастона ва зидди муҳоҷирати мақомти давлатист, ки зоҳиран, нодида гирифта мешавад.”

Дар Осиёи Марказӣ Туркманистон ва Узбакистон ба ҳайси мояи нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи инсон боқӣ мондаанд ва Қазоқистон пас аз рӯйдодҳои хунини Жанаузен дар соли 2011 озодиҳои сиёсиро маҳдуд кардааст. Пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар Ҳуф Вилёмсон ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаҳоии Қирғизистон омехтаанд. Ҳукумат аз як сӯ талош дорад, дар бархе аз риштаҳо, аз ҷумла чораҳои зидди шиканҷа пешрафт кунад, аммо дар бахшҳои дигари марбут ба хушунатҳои соли 2010 дар Уш, мушкилот ҳамоно боқист.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон, Чин ва Эронро нигаронкунанда номидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG