Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи тарҳи Омбудсман ."Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!"


Аксаран дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки "Омбудсман", ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар тарҳи муваффақ набуд ванатавонист виҷдони ҷомеа бошад.

Гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз вазъи 39 маҳбуси тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки дар он аз набуди шиканҷа дар маҳбаси Русия изҳори қаноатмандӣ мешуд, суолҳоеро дар робита ба шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ва бархӯрди Омбудсмен ба онро халқ кард.

Зариф Ализода ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи сентябри соли гузашта аз маҳбусони тоҷик дар зиндони рақами 2-и шаҳри Екатеринбурги Русия дидан кард ва аз вазъи онҳо қаноатманд шуд. Бисёриҳо бо шунидани ин изҳорот ба ёди баёнияи дигари Омбудсман афтоданд, ки гуфта буд, маҳбусон дар Тоҷикистон шиканҷа нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамеша сархатти расонаҳои хабарӣ мешавад ва аз муносибати кормандони муассисаҳои ислоҳи даст ба гуруснанишиниву худкушӣ задани маҳбусон ва эътирози волидони онҳо паси дари мақомоти зидахл бештар мушоҳида мешавад. Ҳарчанд масъулони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯянд, ин як ниҳоди мустақил ва ҳадафаш ҳимояти ҳуқуқи инсонҳо аз амалкардаҳои ғайриқонунии ниҳодҳои давлатӣ будааст, аммо таҳлилгарон ба ин боваранд, ки Омбудсмани тоҷик бо гузашти панҷ сол аз таъсисаш фаъолияти чашмрасе надорад.

Файзинисо Воҳидова ҳуқуқшиноси тоҷик фаъолияти ин ниҳодро дар роҳи ҳимоя аз ҳуқуқхои ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриқаноатбахш медонад. Ба гуфтаи ӯ, Ваколатдор аз он салоҳияте, ки қонун ба ӯ додааст, натавонист дуруст истифода кунад.
Хонум Воҳидова мегӯяд, Омбудсман дар ҳоле аз мушкилиҳо чашм мепӯшад, ки ҷомеъа онро алакай онҳоро дарк кардааст. Ӯ гуфт, чигуна ин ниҳод аз набудани шиканча дар зиндонҳои кишвар ва ҳимоя шудани ҳуқуқҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ омор пешниҳод мекунад, ки моҳи марти соли равон ин идора ҳангоми ҳисоботи худ дар шахри Женева чой доштани шиканча дар маҳбасхонаҳои кишварро эътироф карда буд.

Ин далел, ки Омбудсмани тоҷик ба гузоришҳо дар мавриди ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон, шиканҷаи ноболиғон ва қазияхои додгоҳии шахрвандон вокуниш намекунад шубҳаеро ба миён меорад, ки бунёди ин ниҳод танҳо талаби созмонҳои байналмилалӣ буд, ё мақомот воқеан мехоҳанд аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд?

Нигора Расулова раҳбари лоиҳаи «Дастраси ба адолат» аз Лигаи занҳои ҳуқуқшинос дар Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуҳуқи инсон дар қонуни «Пешгири аз зӯроварӣ нисбати занон» нақши муҳим дорад. Ӯ гуфт дар ҳоле ки бештари занон дар расидаги ба ҳалли мушкилоти худ ночоранд, будани чунин ниҳод амри зарурист: «Дар холи хозир бештар ҳуқуқҳои занон поймол мешавад ва нафароне ки ба мо муроҷиат мекунанд аксаран занонон ҳастанд. Вакте ки мо ба онхо мегӯем ки бояд ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мурочиат кунанд. Дар мавриди гирифтани алимент ва халномахои суди ин ниход ба онхо кумак мекунад.»

Аз таъсиси Омбудсман дар Тоҷикистон ба унвони ваколатдори дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон 4 сол мегузарад, амма ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон фаъолияти он ҳамчунон номуассир боқӣ мондааст. Ба қавли ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, ниҳоди ваколатдор ҳоло ба як “машваратхонаи ҳуқуқӣ” табдил шудааст.

Аммо дафтари Омбудсман мегӯяд, ин ниҳод барои расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон таъсис ёфтааст, ва нисбати ягон ходиса ва казия бетараф нест. Онҳо аз гузориши ахири худ намуна меоранд, ки дар он ҳодисаи марги ду зиндонӣ -Ҳамза Икромзода ва Ачик Каюмов дар пайи шиканҷа, дарҷ шудааст. Ваколатдор ин ду қазияро нигаронкунанда унвон кардааст. Зариф Ализода мегӯяд, Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар якчояги бо макомотхои марбута барои қонунӣ барраси шудани ин мушкилиҳо ҳамкорӣ кардаанд ва дар оянда низ чунин ҳамкориҳоро зиедтар ба роҳ хоҳанд монд. «Баҳогузориҳо гуногун буданд ва бояд чунин хам бошад. Дар баъзе ВАО нисбат ба фаъолияту маърӯзаи мо фикру андешахо иброз шуданд. Аксарияти ин андешаҳо ба нафъи кори мо ҳам буд. Баҳои воқеъи ҳам шояд буданд. Ин корхое ки мо анҷом додем як заминае муҳиме мегузорад барои корҳои ояндаи мо».

Аммо он чӣ оғои Ализода ҳамчун беҳбуди кори ниҳоди зери назараш муаррифӣ мекунад, дар назари мардум боризу чашмрас нест. Шаҳрвандон аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон каломи қотеъ, сарсупурдагӣ ва кор, расидагӣ ба қазияҳои пурсарусадо ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар ҷомеаро инизор доранд.

Абдукаюм Юсуфов муовини раҳбари «Колегияи адвокатҳои Сипар» дар Тоҷикистон мегӯяд, "умеде, ки ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилали барои таъсиси чунин як ниҳод дошт, барбод рафт. Омбудсмен дар Точикистон наметавонад, ҳатто санадеро бо ягон дархост ба макомоти судӣ пешниҳод кунад. Имруз чунин менамояд ки ин ниҳод танҳо барои ҳисобот додан дар сатҳи байналхалқӣ фаъолият дорад ва бештар аз ин нақшеро дар ҷомеа иҷро намекунад."

​Юсуфов мегуяд, созмонҳои байнлмилалӣ оид ба хуқуқи инсон, ки дар Точикистон фаъолият доранд барои ҳамкорӣ дар бахши коҳиш додани мизони нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кӯмакҳои фанниву маънавии худро ба ин ниҳод ироа мекунанд. Манзур аз талошхои созмонхои байналмилалӣ низ ин буд ки Омбудсмен дар Точикистон тавонад болотар аз ниҳодҳои давлатӣ қарор гирад ва ҳуқуқ шаҳрвандонро ҳимоят кунад, аммо ин тавр нашуд. - мегӯяд оғои Юсуфов:

Хулосаи аксари ҳамсӯҳбатҳои мо ин аст, ки бо вуҷуди заминаҳои қавии ҳуқуқӣ ва пуштибонии созмонҳои байнулмилалӣ Омбудсмен дар Тоҷикистон то ҳол натавонистааст, ба эътибори баланд ва истиқлолияти комиле даст ёбад, ки баҳо ва дастураш барои ниҳодҳои интизомӣ ва адлия аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад. Аксаран бар инанд, ки агар кор ба ин шева бошад, будану набудани Омбудсман барои ҷомеа аҳамият надорад, чун мақоли тоҷикиро мемонад, ки "Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!"
XS
SM
MD
LG