Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳероини ҳуҷраи роҳбалад ба кӣ тааллуқ дорад?


Мақомоти сарҳадбонии Русия гуфтанд, аз вагони мусофирбари қатори «Кӯлоб-Маскав» ба миқдори 15 килограм ҳероин дарёфт ва мусодира кардаанд.

Мақомоти марзбонии Русия гуфтанд, шоми 26 сентябр дар гузаргоҳи Аштархон аз вагони мусофирбари қатори «Кӯлоб-Маскав» ба миқдори 15 килограм ҳероин дарёфт ва мусодира кардаанд. Роҳи Оҳани Тоҷикистон мавқеи худро дар робита бо ин хабар ҳанӯз шарҳ надодааст.

Як манбаъ аз ниҳоди сарҳадбонии ин минтақа ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки «дар шафати болоии ҳуҷраи истироҳатии роҳбалад махфигоҳи махсус ошкор шудааст. Дар он ҷо 12 зарфи 1,5-литраи пластикӣ, ки скотчи зард печонида шуда буд, дарёфт шудааст». Ба гуфти манбаъ, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки дар дохили ин зарфҳо маводи мухаддир будааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти вилояти Аштархон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале то ҳол шахсияти роҳбаладон ва ба кӣ таалуқ доштани ин миқдор маводи мухаддиру соҳибони гумонбари ин бор гуфта нашудааст.

Ин дар ҳолест ки чанд вақти охир дар ВАО-и Русия мавҷи интиқодҳо дар мавриди интиқоли маводи нашъадор ба воситаи қаторҳо аз Тоҷикистон дубора доман зада шуд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки аз аввали сол аз гузаргоҳи Оқсарои шаҳри Аштархон 127 кило ҳероин мусодира шудааст. Аз ҷумла дар моҳи январи ҳамин сол мақомоти сарҳадбонони ин нуқта аз махфигоҳе 27 кило ҳероин, дар моҳи май зиёда аз 80 кило ва дар моҳи август ба миқдори 9 кило ҳероинро аз қатори "Кӯлоб-Маскав" дарёфт кардаанд.

Талошҳои радиои Озодӣ барои гирифтани вокуниши мақомоти Роҳи Оҳани Тоҷикистон натиҷа надод. Нафаре аз ин ниҳод омода нест, ки иттиҳомоти нави воридаро рад ё тасдиқ кунад.

Ҳанӯз 4-уми апрели ҳамин сол дар қатори роҳи оҳани Тоҷикистон 4 килограмм ҳероин ёфт шуда буд. Мақомоти Русия хабар дода буданд, ҳамроҳ бо ин миқдори ҳероин роҳбалади ин қатор, ки зоҳиран муътоди маводи мухаддир аст, боздошт шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, танҳо дар семоҳи авали соли равон ҳудуди 900 кило ҳероини истеҳсоли Афғонистонро дар ҳудуди ин кишвар мусодира кардаанд.


Бино ба иттилои расмӣ, соли 2012 дар Русия 106 тон маводи мухаддир боздошт ва мусодира шудааст, ки истеҳсоли Афғонистон аст. Қаблан Хадамоти федеролии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нигаронӣ карда буд, ки солона аз нашъамандӣ дар ин кишвар 100 ҳазор нафар мефавтанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG