Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони сиёсӣ дар Узбакистон: Аз латту кӯб то таҳдид ба таҷовуз


Мурофиа аз рӯи шӯриши ноком дар Андиҷон, 2005

Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, нисбат ба маҳбусони сиёсӣ дар Узбакистон аз навъҳои гуногуни шиканҷа, аз ҷумла латту кӯбу таҳдид ба таҷовуз ба номус кор мегиранд.

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар гузориши наваш таҳти унвони "То ба охир" мегӯяд, маҳсубони сиёсӣ дар зиндонҳои Узбакистон таҳти шиканҷа қарор доранд ва дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ мешаванд. Ин гузориши ҳомиёни ҳуқуқ, ки 26 сентябр нашр шуд, бар асоси ҳуҷҷатҳо ва сӯҳбат бо даҳ зиндоние, ки тоза аз маҳбас раҳо шудаанд, таҳия гардидааст.

Бино ба ин гузориш, нисбат ба маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Узбакистон аз навъҳои гуногуни шиканҷа, аз ҷумла - латту кӯб, азият бо элекрошок, буғӣ кардан, таҳдид ба таҷовуз ба номус кор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, ин афрод дар бисёр маврид бо далелҳои сохтаву бофта ва парвандаҳои исботнашуда ба зиндон рафтаанд.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари Ҳюман Райтс Вотч дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо аз 44 ҳодиса 14-тои онро тавонистем ҳуҷҷатгузорӣ кунем. Ҳукми ин афрод тамдид карда шудааст. Тамдид шудани муҳлати зиндони ин афрод бо сабаби нодуруст тоза кардани пӯсти сабзӣ дар ошхонаи маҳбас, худдорӣ аз кашидани пойафзол, намозгузорӣ ва бидуни иҷоза рафтан ба халоҷо (ҳоҷатхона) сурат гирифтааст.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG